Categories Хабарҳо

Вазорати маориф аз камбуди омӯзгорон шикоят кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз камбуди кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар хабар дода маълумот дод, ки имрӯз дар кишвар 3 ҳазору 400 омӯзгор намерасад.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ  тамоюли тарки омӯзгорон аз мактабҳоро як мушкили ҷаҳонӣ номид. Саидзода гуфт,  «кадрҳо мераванду меоянд ва дар тамоми ҷаҳон ҳамин тавр аст».

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 128827 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ Маҳмадюсуф Имомзода, вазири пешини маориф ва илми кишвар  аз рӯзноманигорон даъват карда буд, ки дар бораи барканории омӯзгорон аз мактабҳо саҳна нагузоранд.

Имомзода ҳамчунин аз омори камбуди омӯзгорон дар он замон ном бурда, таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 1124 омӯзгор намерасад. Ҳоло дар давоми шаш моҳ дониста мешавад, норасоии омӯзгорон дар кишвар зиёда аз ду баробар афзудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *