Тибқи Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсия (ITU), дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон арзонтарин алоқаи мобилиро доштааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 хароҷот барои алоқаи мобилӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамагӣ 1,04% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии ин кишварро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон, ки суръати интернети мобилӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон каме пасттар аст, арзиши алоқаи мобилӣ 3,11%-и маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолиро ташкил додааст.
Сатҳи хароҷот барои алоқаи мобилӣ дар Узбакистон 1,14% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ будааст. Дар Туркманистон бошад, сатҳи хароҷот барои алоқаи мобилӣ 1,17% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, аммо дар Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон суръати интернети мобилӣ нисбат ба Қазоқистон хеле пасттар аст.
Дар Тоҷикистон бошад, ҳарчанд пасттарин суръати интернет ва ба таври назаррас бадтарин хидматрасонии алоқаи мобилӣ байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст, қимматтарин ҳам дар ин кишвар будааст. Арзиши алоқаи мобилӣ дар соли 2021 3,02% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, агар дар кишварҳои ҳамсоя суръати интернет сол аз сол дар ҳоли афзоиш бошад, дар Тоҷикистон ру ба коҳиш будааст.