Хадамоти алоқа сойтҳои Озодӣ, Азия Плюс, шабакаи иҷтимоии фейсбук, паёмакрасонҳои Ватсап-веб (шакли компютерии Ватсап) ва Вайберро масдуд кардааст. Ҳанӯз маълумоти расмии дар ин маврид садо надодааст.
Хадамоти Бег Сабурӣ сабаби масдудкунии ин сойтҳоро шарҳ намедиҳад, вале коршиносон мегӯянд ин тасими метавонад бо ду сабаб гирифта шуда бошад:
1. Дар масъалаи ҳамла ба сайёҳон фарзияи ҳукуматро, ки гӯё ин корро ҲНИТ анҷом додааст, касе ҷузъ Ховару ду се сойти дигари ҳукуматӣ қабул накард ва аксар онро кори ДОИШ медонанд. Ҳатто сойтҳое, ки ҳукумат пайваста болояшон фишор меораду гоҳ-гоҳ маҷбур мешаванд фарзияи ҳукуматро нашр кунанд, дар ин масъала ба қавле “қафокашӣ” карданд.
Сойти Радиои Озодӣ ҳам, ки чанд соли охир дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ муттаҳам мешавад, дар ин масъала маҷбур ба зикри фарзияи мухолифин ва коршиносон шуд. Чун масъала, ки байналмиллалӣ аст, наметавонад хилофи мавқеъеро гирад, ки маблағгузораш гирифтааст. Сойтҳои дигар ҳам, аз ҷумла Азия Плюс намехоҳанд бо нашри дурӯғҳои опдарҳавои ҳукумат ҷойгоҳи худро аз даст диҳанд.
2. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ кампанияҳое роҳ уфтодааст, ки давлати Тоҷикистонро дар тангно қарор додааст. Қазияи Ҳамза Тиллозода, ки ҷаҳонӣ гашту бо пирӯзии мардум тамом шуд, фаъолонро ба роҳандозии кампанияҳои нав рӯҳбаланд кард. Фаъолон дар садади роҳандозии кампанияи “Озодӣ барои Хайрулло Мирсаидов” буданд, ки қазияи духтари Шабнам Худойдодова пайдо шуд. Бо гумони ғолиб ин қазия ҳам ҷаҳонӣ хоҳад шуд, чун Худойдодова таҳдид кардааст худро дар Хабаргузориҳои матраҳе чун Озодӣ ва АП наметавонанд ҳатто агар давлат болояшон фишор овард, аз ин кампанияҳо чашм пӯшанд.
Дар ин сурат барои давлати Тоҷикистон ду роҳ мавҷуд аст: ё ба фишори фаъолон тан медиҳад ва маҷбур ба гузашт мешавад ва ё коре барои пешгирии ин кампанияҳо мекунад. Ба назар мерасад, дар ҳоли ҳозир роҳи ягонаи пешгирӣ аз кампанияҳои навро ҳукумат дар бастани сойтҳо дидааст.
Аммо коршиносон мегӯянд бастани сойтҳо вазъи ҳукуматро бадтар хоҳад кард. Дар гумон аст ин кор пеши роҳи роҳандозии кампанияҳои нав аз тарафи фаъолонро гирад, аммо силоҳи нави фишор бар ҳукумат аз тарафи мухолифини созмонҳои байналмилал мегардад.