Ба назар мерасад бо вуҷуди сару садоҳои зиёд дар ҷаҳон баъди қазияи Ҳамза, давлати Тоҷикистон аз асир гирифтани кӯдакон даст кашиданӣ нест. Субҳи имрӯз модар ва духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова аз тайёраи Душанбе — Алма-Ато пас гардонида шуд.
Модару духтарчаи Шабнам Худойдодоваро бародари ӯ ҳамроҳӣ мекард, ки ӯ ҳам аз парвоз манъ карда шуд. Модари 65-солаи Шабнам — Худойдодова Гулиҷамиламо ба идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурда шуда, то ҳол раҳо нашудааст.
Шабнам Худойдодова дар ҳоле, ки беист гиря мекард, дар сӯҳбат бо Паём гуфт, ки модараш чанд соли охир бинобар фишорҳои зиёди мақомоти Тоҷикистон аз фишори баланди хун ранҷ мебарад ва имкон дорад ин қазия барояш гарон тамом шавад.
Худойдодова гуфт, вақте хабар ёфт модару духтарашро аз тайёра поин кардаанд, ба онҳо занг зада хоҳиш кардааст телефонро ба дасти ҳамон нафаре диҳанд, ки онҳоро аз парвоз манъ намудааст. Он нафар худро масъули КДАМ дар фурӯдгоҳи Душанбе Қадамов Азимҷон муаррифӣ карда, ба суоли саббаи манъи парвоз посух додааст “модари шумо бо супориши калон зери назорати КДАМ қарор дорад”.
Шабнам Худойдодова мегӯяд ба он масъули КДАМ гуфтааст, “шармандагие, ки дирӯз бо қазияи набераи Муҳиддин Кабирӣ ба саратон омад кам набуд, ки боз ба кӯдакрабоӣ сар кардед?”
Худойдодова ба Азимҷон Қадамов ваъда додааст ба зудӣ намояндагони созмонҳои байналмилал ва рӯзноманигоронро дар назди сафорати ҷумҳурии Тоҷикитсон дар Берлин ҷамъ оварда, худро оташ хоҳад зад. Ӯ мегӯяд 7 сол аст духтару модарашро надидааст ва дигар тоқати ҷудоӣ аз онҳоро надорад.