Бонки Ҷамолиддин Нуралиев барои интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 12% комиссия мегирад. 1%-и дигар Сбербонки Русия. Ин ҳам дар аввалин рӯзҳои интиқоли маблағ тавассути системаи нави “Маркази миллии протсессингӣ”.
Дар ин бора ду муштарии Спитаменбонк ба Паём хабар доданд. Яке аз онҳо бо номи Саидмурод ба ивази 5000 рубл 676 сомонӣ ва дигаре, хонум Рамиза ба ивази 8000 рубл 1082 сомонӣ дарёфт кардаанд. Рамиза гуфт хост ин пулҳоро аз банкомати Спитаменбонк нақд кунад, аммо танҳо 600 сомонии онро гирифта тавонистааст.
Барои интиқоли 10 000 рубли русӣ ба “Корти миллӣ”-аш Спитаменбонки Ҷамолиддин Нуралиев аз муштарӣ 187 сомонӣ гирифтааст, ки беш аз 12% аз ҳачми маблағро ташкил медиҳад. Дар ин бора корбари фейсбук Робия Холмирзо хабар додааст. Ӯ навиштааст “1353 сомони доданд, аз 10 хазор рубли руси дар хамон чо 100 рубл гирифтанд, дар ин чо ягон фоиз нагирифтанд”.
Қурби рублро Бонки Миллӣ 0,154 муайян кардааст, яъне хонум Холмирзо бояд ба ивази 10 000 рублаш 1540 сомонӣ мегирифт, аммо 1353 сомонӣ гирифтааст. Бо 100 рубл комиссияе, ки Сбербонки Русия гирифтааст, муштари барои интиқоли маблағ дар умум беш аз 13% пардохт намудааст.
Аз чунин мушкил бо системаи SalamPay як хонандаи Паём низ хабар медиҳад. Тибқи акс аз ин система ва маъулмоте, ки ӯ аз гуфтугӯ бо оператори ин система ба Паём фиристодааст, ин система бо вуҷуди ин ки эълон кардааст пулро бидуни комиссия интиқол медиҳад, беш аз 3% комиссия мегирад. Ба зуди мо дар ин бора маъълумот нашр хоҳем кард.