Рубрики Хабарҳо

Боз ДОИШ аз худ дарак дод

Мақомоти низомии кишвари африқоии Мозамбик аз забт шудани як бандари муҳим дар шимоли ин кишвар аз ҷониби ҷанҷӯёни вобаста ба ДОИШ хабар доданд.

Як мақоми низомии Мазамбик ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, бандари Мукимбуа До Прая рӯзи чоршанбе ба ишғоли ҷанҷӯёни вобаста ба ДОИШ даромад.

Ин шаҳри бандарӣ  аз  нимҷазираи Афунгӣ маҳали таъсисоти гази мойеи 60 миллиард долларии Мазамбик 80 километр фосила дорад.

Шимоли Мазамбик аз соли 2017 ба ин су ҳадафи ҳамлаи ҷанҷӯёни вобаста ба ДОИШ қарор гирифта ,ки то кунун беш аз ҳазор нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.

Мазамбик кишваре дар ҷануби Африқо аст ва ҳудуди 32 миллион нафар ҷамъият дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *