Рубрики Хабарҳо

“Дарси сулҳ”-и Раҳмон дар бинои мутааллиқ ба Кабирӣ

Рӯзи душанбе, 17 август соли нави хониш дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Тибқи анъана раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз мактабҳо Тоҷикистон “дарси сулҳ” мегузарад. Имсол ин дарс дар биное хоҳад гузашт, ки ба раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ таъаллуқ дорад. Дар ҳамсоягии хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода. 

Баъди баста ва террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ва бо иттиҳомоти зиёде дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор гирифтани раиси он Муҳиддин Кабирӣ, тамоми дороиҳои ӯ аз ҷониби режими Раҳмон мусодира шуд. Қисмате аз он фурӯхта шуда, қисмати дигар дар ихтиёри давлат қарор гирифт.

Дар қатори амволи дигари раиси ҲНИТ бинои нимасохте дар ҳамсоягии раисони қаблии ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки имзояш дар радифи Эмомалӣ Раҳмонов зери Созишномаи сулҳи тоҷикон гузошта шудааст, мусодира шуда буд. Бо такмили ин бинои  нимасохт, мақомот онро ба мактаби миёна табдил доданд. Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, қарор аст ин мактаб бо шурӯъи соли нави таҳсил ба истифода дода шавад ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар он “дарси сулҳ” гузарад.

Дар ин дарс Раҳмон одатан дар бораи сулҳи тоҷикон қисса мекунад. Бо дарназардошти ин ки дарси имсола дар бинои раиси ҳозира ва ҳамсоягии раиси қаблии ҳизбе, ки тарафи дигари сулҳ буд дарси имсода рамзӣ хоҳад буд. Ба назар мерасад интихоби ин бино ҳам тасодуфӣ нест. 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони милллӣ ва раиси ҲНИТ аммо мегӯяд “намедонам ин бино барои “дарси сулҳ”-и Раҳмон тасодуфӣ ё огоҳона интихоб шудааст, аммо масъала ин аст, ки оё ӯ, ки як тарафи ҷанг аст, биноро ғасб кард ва дар бинои ғасбшуда дарси сулҳ бигзаронад. Ҳол он ки ӯ дорад бо соҳибони ин бино меҷангад. Ва ин худ як намуд туф кардан ба рӯи худи идея ва фалсафаи сулҳ аст. Ваҷте одам вориди ҷанг шуду меҷангад ва ғамсб мекунад, баргузор кардани “дарси сулҳ” дар бинои ғасбшуда хеле кори аҷиб аст. Ҳадди ақал аз нигоҳи маънавӣ набояд ин корро мекард, чун ҳатто дар шариат ҳам як  қоидаи умумӣ аст, ки дар замини ғасбшуда ҳатто масҷид сохтан ҷоиз нест”.

Ӯ хабари ба мактаб табдил шудани бинои хусусиашро бо хушҳолӣ истиқбол кард ва гуфт “хуб шудааст ки он ба мактаб табдил шудааст, на ба ягон бинои маъмурӣ, мисли идораи ҲНИТ, ки мегӯянд ба шӯъбаи пулис додаанд. Аммо агар онро бо як тарзи маъмулӣ ифтитоҳ мекарданд, на бо баргузории дарси сулҳ дар он, табиитар мешуд, чун ин корашон истеҳзо ба сулҳ аст”. 

Кабирӣ дар бораи собиқаи ин бино гуфт, қарор буд онҷо як марказе бино гардад, ки бештар дар хидмати созмонҳои ҷамъиятӣ қарор гирад. “Қарор буд дар ошёнаи аввали онро як ширкати таъмири нақлиёт кор кунад ва ошёнаҳои дигар ба созмонҳои ҷамъиятӣ дода шаванд. Даромади ширкати таъмири нақлиёт ҳам дар ихтиёри созмонҳои ҷамъиятӣ дода мешуд, то хароҷоташон пӯшонида шавад. Яъне ин як пружаи ҷамъиятӣ буд, на тиҷоратӣ” — гуфт ӯ ба Паём.

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ ин бино ягона тарҳи иҷтимоии ӯ нест, ки аз тарафи давлат мусодира ва монеъи иҷрояш шудаст. “Тарҳи дигар ва ба маротиб бузургтари ҷамъиятӣ ифтитоҳи як донишгоҳи байналмиллалӣ бо ширкати яке аз донишгоҳҳои Малайзия буд. Дар  минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе як бинои дорои 112 хона, ки 70 дарсадаш сохта шуда буд, тибқи шартнома бояд 30 дарсади дигарашро донишгоҳи мазкур месохт ва дар аввал он филиали донишгоҳи байналмиллалии Малайзия мешуд. Ва баъди 10 сол он чун як донишгоҳи мустақили байналмиллалӣ фаъолият мекард. Агар ҳаводиси маълум рух намедоданд, мо соли 2016 марҳалаи аввали фаъолияти донишгоҳро шурӯъ мекардем. Ҳоло намедонаи ин бино дар чӣ ҳол аст, ҳукумат бо он чӣ кор кард. Умед дорам ки ин бино ҳам бо ҳамон таъиноти аввали истифода хоҳад шуд. Яъне донишгоҳе, бемористоне ё ягон марказе, ки ба мардум хидмат кунад, хоҳад буд” — шарҳ дод раҳбари Паймони Миллӣ.  

Имкон дорад баъди нашри ин матлаб “дарси сулҳ” ба мактаби дигаре гузаронида шавад. Аммо воқеъан дарки мантиқи Эмомалӣ Раҳмон дар ин тасмимаш душвор аст. Шояд ӯ мехоҳад ба рақибони сиёсиаш нишон диҳад, ки дар ҷанги 30 сола пирӯзии комил ва қатъиро ба даст овардааст ва акнун молики ягонаи кишвар ва раҳбари берақиб аст. 

Ӯ дарси сулҳеро, ки худаш ба он хиёнат кард, дар бинои мутааллиқ ба раҳбари феълии ҳизби як ҷониби сулҳ ва ҳамсоягии ду раҳбари қаблии он мегузаронад. Ду раҳбаре, ки баъдан худаш онҳоро кушт. 

Дар он Созишнома ҳамчунон омадааст: «Мо ҳамаи ононеро, ки дар замони ҷанг ва муқовимати сиёсӣ силоҳ ба даст гирифтанд ва муқобили ҳамдигар ҷангиданд, авф мекунем… Ғазаби Худо ва лаънати халқ ба ононе бод, ки паи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоанд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *