Рубрики Хабарҳо

«Тавофуқи таърихии сулҳ»-и Исроил ва Амороти муттаҳида

Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Исроил бо миёнҷигарии давлати Амрико ва шахси Дунолд Тромп, дар бораи сулҳ ва ҳамкорӣ бо якдигар ба тавофуқ расиданд. Тромп барои интихоботи риёсатҷумҳурии пешорӯи Амрико ниёз ба муваффақият дар арсаи сиёсати хориҷӣ дошт. 

Пас аз тавофуқ сулҳи Исроил бо ду кишвари Миср ва Урдун, акнун хабар аз тавофуқи ин кишвар бо Амороти муттаҳидаи арабӣ мунташир шудааст. 

Давлати Исроил, тавофуқи сулҳ ва ҳамкорӣ бо Амороти муттаҳидаи арабиро «рӯзи бузург барои сулҳ» эълом кард. Гуфта мешавад, ки Бинёмин Нитонёҳу, нахуствазири Исроил дар иртибот бо ин тавофуқ ва баргузории як конфронси матбуотӣ, ҷаласаи кобинаи Исроил барои муқобила бо коруноро ниматамом раҳо кардааст. 

Хабаргузории Рейтерз, рӯзи панҷшанбе, 13 август бо интишори гузорише аз Байтулмуқаддас хабар аз тавофуқи сулҳ байни ду кишвари Исроил ва Амороти муттаҳидаи арабӣ додааст. 

Ҳамин хабаргузорӣ дар идома навиштааст, ки Бинёмин Нитонёҳу нишасти кобинаи ин кишвар бар сари муқобила бо буҳрони коруноро ба таври ногаҳонӣ қатъ карда ва гуфтааст, ки бояд ба мавзӯъи муҳимме бипардозад, ки ба манофеъи миллии Исроил бозмегардад. 

Ҳудуди як соат пеш аз он, Дунолд Тромп хабар аз тавофуқи нозир бар оддисозии муносиботи ду кишвари Исроил ва Амороти муттаҳидаи арабӣ дода буд. 

Рон Драмр, сафири Исроил дар Вашингтон низ аз ин рӯз ба унвони «рӯзи бузург барои сулҳ» ёд кардааст. Ў гуфтааст, ки пас аз касби тавофуқи сулҳ бо Миср дар соли 1979 ва бо Урдун дар соли 1994, акнун Исроил бо Амороти муттаҳидаи арабӣ низ ба тавофуқи сулҳ даст ёфтааст. 

Сафири Исроил дар Вашингтон таъкид кардааст, ки чунин амре танҳо ба иллати миёнҷигарӣ ва талоши Дунолд Тромп мумкин ва муяссар шудааст. 

Чашмпӯшӣ аз илҳоқи Карона Бохтарӣ 

Хабаргузори Франса низ бо интишори гузорише аз Дубай, хабари тавофуқ байни ду кишвари Исроил ва Амороти муттаҳидаи арабиро мунташир кардааст. 

Дар гузориши ин хабаргузорӣ ба нақл аз мақомоти давлати Амороти муттаҳидаи арабӣ дар Абудабӣ, Исроил аз сиёсати илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарии рӯди Урдун чашмпӯшӣ кардааст. 

Сафири Абудабӣ дар Амрико низ аз тавофуқи сулҳ байни ду кишвар ба унвони муваффақияте дипломатик барои кулли Ховари миёна ёд кардааст. 

Дунолд Тромп, раисҷумҳури Амрико ва Бинёмин Нитонёҳу низ тавофуқи ҳосила байни ду кишварро «тавофуқи таърихӣ» хондаанд. 

Тромп ва муваффақияти дипломатик 

Хабаргузории Рейтерз дар гузориши дигаре аз тавофуқи байни Исроил ва Амороти муттаҳидаи арабӣ ба унвони муваффақияте барои давлати Тромп ёд карда ва навиштааст, ки Тромп барои интихоботи рӯзи севвуми ноябри соли ҷорӣ ниёз ба як муваффақияти дипломатик доштааст. 

Кохи сафед эълом кардааст, ки тавофуқи ҳосила натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва амиқ байни се кишвари Амрико, Исроил ва Аморот муттаҳидаи арабӣ будааст. 

Рейтерз низ ба чашмпушии Исроил аз илҳоқи манотиқи мутасаррифшудаи худ дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ишора кардааст. Дар ин гузориш омадааст: 

“Тавофуқи сулҳ дар як тамоси телефонии рӯзи панҷшанбе байни Тромп, Бинёмин Нитонёҳу ва Шайх Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Абудабӣ касб шудааст.” 

Қарор аст, ки мақомоти ду кишвари Исроил ва Аморот зарфи чанд ҳафтаи оянда барои баҳс ва имзои қарордодҳои нозир бар ҳамкориҳои густурда бо якдигар дидор ва гуфтугӯ кунанд.

Бари асоси изҳороти Кох Сафед, тавофуқи сулҳ ва ҳамкории ду кишвари Исроил ва Амороти муттаҳидаи арабӣ, маҳсули гуфтугӯ ва музокироти тӯлонӣ байни Ҷорд Кӯшнер, мушовири аршади Тромп, Девид Фридман, сафири Америко дар Исроил ва Ови Биркуитз, мушовири давлати Амрико дар умури Ховари миёна будааст. 

Афзун бар он Роберт Авбройн, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва ҳамчунин Моик Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико низ дар таҳияи тарҳи тавофуқи Исроил ва Аморот мушорикат доштаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *