Пагоҳ, 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қарамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Бозӣ соати 21:00 шурӯъ мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24, қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахти Тоҷикистон дар гурӯҳ “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.
Имрӯз, 18 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) нишасти хабарӣ баргузор мешавад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ва яке аз бозигарони бошгоҳи қатарӣ, аз ҷониби «Истиқлол» сармураббии даста Игор Черевченко ва сарбони даста Алишер Ҷалилов ҷавоб медиҳанд.