Рубрики Хабарҳо

Эътирози бесобиқа дар Минск

Дар шаҳри Минск пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои ин кишвар дирӯз 16 август, даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, ҷамъ омаданд.

Мушоҳидон мегӯянд, гирдиҳамоии азиме, ки дар Минск дирӯз буд, дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар Минск сурат нагирифтааст.

Александр Лукашенко, рӯзи 16-уми август дар як раҳпаймоии тарафдоронаш дар Майдони Истиқлол гуфт, ки тонку ҳавопаймоҳои НАТО,  Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ дар 15-километрии сарҳади кишвараш ҷойгир шудаанд ва кишварҳои ҳамсоя ба ӯ амр медиҳанд, ки Беларус интихоботи нав баргузор кунад. Дастуре, ки ба қавли худаш, Лукашенко онро рад кардааст.

Аммо ин даъвои Лукашенко аз ҷониби НАТО  рад шуд. 

Ҳамчунин  Лукашенко зимни суханронияш гуфт, президенти Русия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ ба у гуфтааст, бар тибқи муоҳидаи низомӣ, Русия омода аст, дар ҳолати зарурӣ ба Беларус кумак расонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Лукашенко дар маъракаи интихоботӣ даъво дошт, ки Русия ба интихоботи президентии Белорусия мудохила мекунад ва мехоҳад ӯро барканор кунад. Казобати ин даъвои Лукашенко замоне бармало шуд, ки аввалин шуда, Путин ӯро ба ғалабааш дар интихобот табрик кард. 

Александр Лукашенкоро дар интихоботи рӯзи 9-уми август пирӯз эълон карданд, ҳарчанд номзади мухолифин Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар тарафдори зиёде ба худ ҷалб кард. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Беларус дар аҳди Лукашенко бино ба арзёбиҳои нозирони ғарбӣ озоду демократӣ сурат нагирифтаанд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ, ки баъди интихобот оғоз ёфт, маъмурони амниятӣ 7 000 нафарро дастгир кардаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз тирҳои резинӣ, норинҷакҳои гиҷкунанда ва як дафъа аслиҳаи оташфишон истифода мебурд. Дар натиҷа садҳо нафар маҷруҳ ва ду нафар кушта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *