Рубрики Хабарҳо

Анҷом: Муҳити зист ё ҷаҳони Тоҷик

Меҳмоншо Шарифов

Поёни мақолаи «Уқдаҳои ҷаҳонсозӣ ва истеҳсоли забони сиёсӣ«

Барои дидани бахшҳои дигари мақола инҷо нохун занед: бахши, бахши, бахши бахши, бахши, бахши, бахши, бахши ва бахши

Хулоса,  метавон гуфт, ки имрӯз дар ин қарина  он маънии калидӣ, ки  ҳануз дуруст шинохта нашудааст ва ё шояд мардони донишманди ин қавм шинохтаанд вале дар ин фазои буҳронӣ ва хушунати сиёси – фалсафии имрӯз аз тарс ё аз тамаъ хомӯширо пеша кардаанд ин аст, ки мардум дар ҳар қарина ҷаҳоне доранд, ки онро бо истифода аз ақлу илм худ месозанд. Ба истилоҳи дигар ин будан ва ё ҳастии ҳамин мардум аст.  Ин пеш аз ҳама ҳастии сиёсии онҳост.  

Ин маъниест, ки зарурати онро баъди шикасти Шӯравӣ бояд мутаффакирони (зиёӣ, файласуфҳо) ин мардум дарк мекарданд. Дар  ин маврид як гуфтаи Ҳегел, ки  дар соли 1806 дар  рӯзгори тантанаи назарияҳои инқилоби бузурги Фаронса ва  давраи шикасти сиёсии дунёи куҳан ва шаклгирии ҷаҳони нав,  гуфта буд омӯзанда аст, “Ҷавонмардо! Мо худро дар яке аз давраҳои муҳим, дар ҷӯшишу кӯшиш,  дарёфтаем,  дар ҳоле ки Рӯҳ  ҷаҳише ба пеш кардааст, ҷаҳише он сӯи чорчубаҳои пешинаи худ ва фазои  нав талаб дорад. Ҳама  идеяҳо ва назарияҳо, ки то имруз замонавӣ буданд, ҳама устухонҳои ҷаҳони куҳан заиф ва ба ҳам бархурда шикаста шуданд ва чун бинише дар хоб аз байн рафтаанд. Рӯҳи нав дорад зуҳур мекунад,  вақте  дигарон номардона мегурезанд, фалсафа бояд аввалин шуда ин падидаро шиносад ва табрик кунад…”. Албатта, пас аз Ҳегел ин таълимоти Моркс буд, ки тавонист  масъалаи ҷаҳонсозиро илмӣ ва воқеитар намудан.

Он чи Маркс дар “Тезисҳо дар бораи Фейербaх” қайд мекунад, ки “файлсуфон то ин вақт ҷаҳонро ба тарзи гуногун шарҳ додаанд, вале мақсад  дигаргун кардани ҷаҳон аст, на шарҳи  зиёди он’, воқеан  барои онҳое, ки дар пайи сохтани ҷаҳони мардум буданд, фикри калидӣ буд. Вале марксистҳо, ба хусус марксистҳои  шӯравӣ, бо бунёди ҳама чиз донистани итеҳсол ва иқтисод ва ба ҳошия рондани  дигар унсурҳои зарурии ҳаёти мардум, зери  шиорҳои инқилобӣ ҳаёти миллионҳо мардумро хароб карданд ва бо ҷарроҳии сиёсӣ ҷомеа ва фарҳанги нав ва беоқибатеро шакл доданд.

Он чи ба гуфтумони мо рабт дорад ва бояд зикр карда шавад ин аст, ки дар ин қисмати дунё, ки барои Тоҷикон давлати ‘мустақилеро’ ташкил карда буданд мардум раванди ҷаҳонсозии марксистиро хуб таҷриба карда буданд. Зистан дар Шӯравии собиқ барои мардуми огоҳ таҷрибаи пурқиматест, ки раванди ба илм такя карда сохтани бунёди иқтисоди — иҷтимоии ҳаёти мардумро набояд аз ёд бурда бошанд. Вале, мутассифона, дар Шӯравии собиқ мардуми огоҳро нест карданд ва боз ҳамон “аҳли қалам” — и таърихии дур аз ҳастӣ ва воқеияти худ, ки сулолаҳои туркии минтақа муаян карда буданд дар шароити нав шакл гирифт. Ҷавонони соҳибфикри Тоҷик, ки имкони сохтани ҷаҳони мардумро доштанд зери фишори ҳаракатҳо ва ҷангҳои мансабталабӣ пароканда, заиф ва ноумед гаштанд. 

Воқеан Тоҷикон агар зиёии огоҳ медоштанд чунон ки дар ин матлаб қайд намудем бояст, ки бо ба чолиш кашидани  назарияи субъект (худӣ), таърих, маъниҳои ҳукумрон ва фалсафаи худ ба таври таҳлили – танқидӣ,  фикри пасо — истеъмории Тоҷикро шакл медоданд. Будани ин гуна фикр имкони доштани сиёсати созанда ва мустақилро медод. Ин маъниро, яъне раванди ҷаҳонсозиро,  файласуфони сиёсат ҳамчун ‘фазо’, ‘ҷаҳон’ (the world)  ва ‘шакли ҳаёт’ (form of life)  ёд кардаанд. Ба хусус дар осори Ҳанна Арендт ва Ҷиорҷио Агамбен равшан тасвир шудааст ва  касоне, ки ба сиёсат машғуланд барои мардуми худ ин фазоро метавонанд ташкил кардан ё ба истилоҳи Агамбен файласуфи вақти Итолиёӣ   “ҳаёти луч” -и мардумро бо ягон ‘шакли ҳаёт’ мепӯшонанд.

Албатта, хонандаи муҳтарам ин маънии наздик ба воқеъияти мардуми моро дар ин сарзамин, ки муносибатҳои ҳаётии моро ташкил медиҳанд ва ‘ҷаҳони Тоҷиконаш’ меномем, аз мафҳуми умумии “ҷаҳон”, ки будан ва ҳастии иснониятро дар назар доранд фарқ мекунад. Ин бояд ҷаҳоне бошад, ки бунёдаш болои арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои худӣ ё дониш ва таҷрибаҳое, ки  дар ҳастӣ, ҳақиқат ва воқеияти мо реша доранд бунёд ёфта бошад. Акнун бубинед  имрӯз мо тоҷикон чи ҷаҳоне дорем, таркибҳои ҷомеа ва фарҳанг ки харобанд ва мардум ҳазорҳо кӯшиши берун шудан аз ин сарзамини ба истилоҳи сиёсатмардони мо “биҳиштосо” — ро доранд ва мехоҳанд ҳаёти худро дар мамлакатҳое, ки ҷомеа ва фарҳанги  солим доранд ташкил карда бошанд. 

Ин давлатмардон, ки дорем бо арзишҳо ва идеяҳои худӣ инчунин бо арзишҳо,  назарияҳо ва ормонҳои оварда ва аз дигарон қарз гирифта натавонистанд ҳаёти лучи мардумро бо шакли солиме пӯшонидан.  Мутассифона, чунон ки дар боло қайд кардем ончунон ки “қувва”- ро аз “қудрат” фарқ намекунанд,  фазо (space) – ро аз ҷой (place) фарқ накардаанд. Барои ин қавм, яъне давлатмардон ва зиёиҳои ба онҳо наздик,  ҳар чиз, ки  камтар ранги абстракти — ақлонӣ мегирад  ба устура ва ба шиор табдил меёбад.  Масалан  то ҳанӯз дарк накардаанд, ки ‘ваҳдат’, ‘субот’ ва  ‘истиқлол’ танҳо ҳарф нестанд балки воқеияте ҳастанд,  ки бояд сохта шаванд.  Ва  ҳамчунин чи будани ‘ҷаҳони мустақил’  ва сохтани онро барои  мардуми дар дохил ва берун пароканда дарк накардаанд.

Ҳар бино, ки дар пойтахт аз пули мардум барои худ ва фарзандони худ сохтаанд ва ҳар чи ки давлатҳои хориҷ, сармоядор ё  шайхе сохта ин мардум пешравӣ ва тарақӣ пиндоштаанд, ки сахт хато мекунанд. Сохтмони  давлат, ҷомеа ва инсон дар ин сарзамин ҳама ҷузъҳои ягонаи як ҳаракат буданд, ки бояд ба ташкили  фазои ягонаи модди иҷтисодӣ, фазои ягонаи иҷтимоӣ ва фазои ягонаи равонӣ (Лафевебре)  оварда мерасонид. Ба ҳарфи дигар ин шаклгирии ҷаҳони мустақили Тоҷикон мебуд, ки  ҳама Тоҷикистониёнро фаро мегирифт. Акнун дар ин буҳрони давомдор  дар ин ҷаҳони парокандаи худ он чи аз фасод ва дуруғ дорем аз  табиати мо ва фарҳанги паст ва номуваффақи мост  ва он чи дар шиорҳо дорем бештараш аз дигарон аст. 

Мафҳумҳои  калидии ин гуфтумон ‘ҳаёт’, ‘сиёсат’ вa ‘ҷаҳон’   ҳастанд ва  набудани ин ҳар се ва ё набудани  дигаргуни дар ин ҳар се мафҳум (фазо) нишони буҳрон ва харобии ҷомеа ҳаст. Ҳалқаи тиллоии ин занҷира ҳаёти мардум аст. Будани истиқлол ва қудрати ҳама гуна давлат ҳам ба солим будани ҳамин ҳалқа вобастаги дорад.  Бубинед мардуме, ки ин солҳо ин сарзаминро доранд маҷбуран тарк мекунанд на ба хотири дидани Майдони Сурх ва бурҷи Эйфел аст, балки ба хотири ин аст, ки дар ин мамлакат  имкони ташкили фазои мувофиқ барои зистан надоштанд ва ҳанӯз ҳам надоранд.

Чиро дар ин сарзамин забони порсӣ (тоҷикӣ) дар иерархияи забонии имрӯз мақоме надорад? Вақте мардум забонҳои дигар ба хусус инглисӣ, чинӣ ё забонҳои дигари аврупоиро интихоб мекунанд онҳо на забонро балки  сифати ҳаётро интихоб мекунанд. Аслан забони порси (тоҷикӣ, дарӣ) шояд равонтарин, ширинтарин ва зеботарин забонҳои дунё бошад ва имрӯз ҳам имкони зиёде барои офаридани маъниҳои нав дошта бошад ва мардуми порсизбони дар шароитҳои озод зист дошта инро доранд исбот ҳам кардаанд, вале дар ин қарина ин забон ҳанӯз ҳам дар ҳабси  парт (ҳарфи беҳуда)  аст.

Зеро ҳаёти соҳибзабон дар ҳабси воқеияти гап, дар ҳабси камзарфиятии сиёсӣ ва бесалоҳияти мондааст. Таркибҳои фарҳанг ва ҷомеа чунон харобанд, ки ҳатто мардуме, ки дар мансабҳои калидӣ ҳастанд ва лофи давлатдорӣ, миллат ва ватандорӣ мезананд худ дар орзуи дар ҷомеаҳои аврупоӣ зистан ҳастанд ва бештари онҳо берун аз ин сарзамин шояд кайҳо пинҳони манзили ояндаи худро ва наздикони худро  дар хориҷ ташкил карда бошанд ё ташкил карданианд. Чиро ки дар ин муҳити зист ё ҷангал ояндаи фарзандони худро дидан намехоҳанд.

Фарҳанги истеъморӣ ба ин мардум имкон надод чи будани сиёсатро, ки роҳи аслии пӯшонидани ҳаёти лучи (Агамбен) мардум бо як шакли солими будан аст, дарк карда бошанд. Ин  аст, ки давоми фалсафаи “сиёсат ифлос” дар ин сарзамин, чунон ки дар  ин матлаб зикр кардем,  ин  куштани сиёсати воқеӣ зери инкишофи шабакаи рамзҳои холӣ сиёсати зидди сиёсат  ва сиёсати устура буд ва ҳаст. Воқеан ин сарзамин муҳити зисти гурӯҳе гашта, ки  сармояи иқтисолии мардум дар дасти онҳо ҷамъ шудааст ва сармояи фарҳангӣ надоранд,  фарҳанги ба қонун итоат кардан (номус) надоранд, ба истеъфо рафтан ва бо дигарон тақсим карданро ёд нагирифтаанд. …

Баъди  пош хӯрдани Шуравии собиқ, ба хусус дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ  мардум набудани ҷаҳони солими муносибатҳоро ҳис мекарданд. Мутассифона он ҷаҳони солими муносибатҳо, ки фарогири ҳаёти мардум бошад баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҳам сохта нашуд, зеро давлатмардон ва сиёсатмадорон ва зиёиҳои ба онҳо наздик он маҳдудаҳо ва он чек — постҳои дар солҳои ҷанг дар роҳҳо дар муқобили якдигар ташкил кардаро акнун дар мағзҳо доштанд, ки ин корро мушкилтар ва печидатар мекард.

Вақте дар ин қарина мардум зикр мекарданд ва мекунанд, ки ‘вақт ҳаракат намекунад балки парвоз мекунад дуруст аст’ ва инро ҳам ки мегӯянд ‘дунёи онҳо бемаънӣ шудааст, шах шуда аст ва дигаргуни нест’ боз ҳам дуруст аст. Воқеан ҳисси вақту замон дигар шудааст. Ин ҳам як таноқузи ҳаётии Тоҷик баъди пош хӯрдани имперотурии Шӯравӣ аст.  Аз  як тараф, мардум баъди аз байн рафтани пардаи оҳанини Шӯравӣ ҷаҳони  навигариҳо, дигаргуниҳо, арзишҳо,  назарияҳо, ормонҳо ва ихтироотро, ба хусус дар илм ва технология,  рӯ ба рӯ шуданд, аз тарафи дигар, он фазо ва муҳити зист, ки доштанд бе тағйир монда ва мардумро бо фишор  дар фазое партофтаанд, ки ба истилоҳи сиёсатмадорони нави ин сарзамин ‘чарх сварка шудааст’ ва мардум таҷрибаи сангинеро доранд аз сар мегузаронанд. 

Яъне давлатмардони аз сохтмони давлат  дур монда бо маҳдудаҳои музофотӣ ва сарҳадҳои эпистемологии Шӯравӣ буда натавонистанд кори созандаи  маъниҳо ё ба истилоҳи дигар  арзишҳо, назарияҳои навро дар вуҷуди инсонҳо, ҷомеа ва давлат ташкил намудан. Гузашта аз ин фарҳанги шинохти ҷаҳони нави бо онҳо рӯ ба рӯ шударо надоштанд. Вале аз  як чиз, аз шабакаи рамзҳои мавҷуда чун парда истифода кардан ва паси ин парда вобаста ба хоҳишҳои маҳдуди (нафси) худ амал карданро, хуб одат кардаанд. Аслан ин корро дар Шӯравии собиқ, ба хусус дар давраи рукуд,  одат карда буданд ва ҳоло ин одат ё ба ҳарфи мардум ин ‘гундумнамои ва ҷавфурӯшӣ’,  табиати онҳо гашта аст. Яъне ин одатест, ки низом, қонун, арзишҳо, назарияҳо ва ормонҳои гузашта  ва нави як мардум ва як ҷумҳуриро танҳо дар ниқоби ҳарфҳо мондан ва аз онҳо шиор сохтан вале дар воқеият бо чек — постҳо дар мағз дар пайи хоҳишҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ будан.

Чи гунае ки дар матлаб зикр кардем ин давлатмардон се масъали  бунёдии ҷомеа — ҳукумронии қонун, барқарор кардани иқтисод ва  технологияи истеҳсол ва истифодаи рамзҳо ва инчунин тарбияи субъектҳоро, роҳ андози мекарданд, ки накарданд ё дурусттараш зарфият, шоистагӣ ва салоҳияти ин корро надоштанд ва надоранд.

Давлат  бояд, ба фикри муҳаққиқи шинохта  Ҳенри Лефебвре (Henri Lefebvre),  фазои ягонаи моддӣ, фазои ягонаи иҷтимоӣ ва фазои ягонаи равониро дар ин сарзамин ба вуҷуд меовард. Ин раванд бояст дар сатҳи миллат ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мегузашт, вале мутассифона ин раванд имрӯз дар сатҳи миллат ҳам нест. Ин  аст, ки мардум дар ин ҷомеаи таркибҳояш харобшуда ки амнияти вуҷудӣ ва иҷтимоии худро ҳис намекунанд ва дар ватани худ имкони фазосози надоранд.

Мардум дар бораи ‘ҷомаеи бемаънӣ’ ҳарф мезананд ва ҳақанд, зеро маъниҳо дар ҳаёти мардум дигар дар кор нестанд ва танҳо дар шиорҳо метавонанд онҳоро хондан. Ин сиёсат аст, ки ба маъниҳо дар ҳаёти мардум имкони будан медиҳад ва тақдири сиёсатро дар ин сарзамин дидем ки чи гуна аст. Акнун ба ҷои сиёсат лофҳо ва дуруғҳо доранд мардумро идора мекунанд ё дар ‘ҳолати ороми ё тинҷӣ’ нигоҳ медоранд. …  

То солҳои 2010 — 11 мардум бар ин бовар буданд, ки воқеан дар ‘боло’ дар фикри сохтани ҷaҳони мардум ҳастанд. Ин боварии ва умедҳо оҳиста — оҳиста аз байн рафтанд. То ҷое мардум ин ҳолати иваз нашавандаро дарк мекард ва дар пайи ёфтани сабабҳои он буд ва пеш аз ҳама зиёӣ ва нухбагони Тоҷикро гунаҳгор медонистанд. Ба таври равшан сӯҳбатҳо дар бораи заифии зиёӣ ё интеллегентсияи   Тоҷик (Hojiev 2010:5), ки сабаби истеҳсоли Равшану Ҷумшудҳо шуда ва инчунин заифии нухбагони сиёсии Тоҷикистон (Sharipov 2010)  дар воситаҳои ахбори ома нашр шуда буданд.

Инчунин  Суҳроб Шарипов собиқ роҳбари Маркази Таҳқиқоти Стратегии Тоҷикистон дар яке аз  суҳбатҳои дигари худ сентябри 2011 зуҳури режими авторитариро худкомаро зикр карда буд, ки “имруз дар ҷумҳурии мо фазои монологи сиёсӣ вуҷуд дорад… фазои гуфтугӯ ва муносибат ин ҷо вуҷуд надорад…ва инчунин механизме ки давлат,  ва мардум наздик кунад вуҷуд надорад набудани фазои сиёсии гуфтугӯ ва муносибат байни ҳукумат, мардум, ҳизбҳои сиёсӣ  ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ ба мустаҳкамшавии режими худкома оварда мерасонад… ”.  

Ҳамон шуд, ки ӯ гуфта буд ва  вазъият аз ин бадтар ҳам шуда ва  он чи дар ибтидои асри нав мардуми Тоҷикистон  дар бораи “гузариш” суҳбат мекарданд акнун ба охир расида. Акнун ҳама  бар ин боваранд, ки ба ҳамон нуқтаи даркори расидем, ки ҳар кас бояд худ дар пайи ‘ёфтани зиндагии худ’ бошад. Воқеан ҳам расидаем, чиро ки ин сиёсатмадорон ва зиёиҳои ба онҳо наздик исбот карданд, ки аз ӯҳдаи сохтани ҷаҳони Тоҷикон ва ё шакли ҳаёти солим  барои ҳаёти лучи ин мардум намебарояд.

Ин қавм шояд қувва доранд вале қударт надоранд ва қувва ҳам, ки доранд барои тарсонидани мардуми худ ва барои дар чорчӯбаи афсонаҳо ва ‘демократияи тоҷикӣ’ нигоҳ доштани мардум аст.  Ин ҳолатест, ки Тоҷикон бо мафҳуми “қопи холӣ дар қопи холиаш” сикка задаанд.  Ин  аст ки бештар мардум аз ноумедӣ ва аз беғайрати ва бе номусии худ акунан танҳо ба сиёсатмадорони фасодзада эътимод доранд ва ба системаи фасод мечаспанд ва худро ба он наздиктар мегиранд.  Ба  ҷои муқовимат бо фасод, ҷаҳл ва бесалоҳиятӣ ин маризиҳоро  хомӯшона дастгирӣ ва пурқувваттар мекунанд.  Ба фикрам аз он ҳолати лиминалӣ ё барзахӣ, ки дар хаёлу фикри мардум буд, ки дар нуқтае ҳастем ва давлат ҳамчун бозингари асоси  дорад шакли муносибатҳои  хубе барои ҳаёти лучи мо сохта истода ва моро ояндаи хубе интизор аст, нишоне намондааст.

Акнун  дар ҳошияи ҷаҳони ботамаддуни имрӯзем  ва  боз дар ин куҳнадиёр падидаҳо, рӯйдодҳо ва воқеаҳоеро метавон мушоҳида кард.  Вале  акунан чизҳое мегузаранд, ки ба ҳарфи мардум онҳоро бо ақл ва мантиқ дарк кардан номумкин аст ва ҳатто калимае намёбаанд,  ки ин рӯйдодҳои ғарибро тавсиф карда бошанд.

Виттгенштейн, файласуфи маъруф,  зикр карда буд ‘инсон хоҳиши сахт дорад аз маҳдудиятҳои забонии худ берун шуда бошад…” (Wittgenstein 1979 [1967]:68)) ва ин падидашиносии мардуми ё феноменологияи мардумии Тоҷик бар он аст ки ашёро он чунон ки ҳастанд шинохта бошанд. 

Дар ин сарзамин мушкили на ин аст, ки Шуравӣ аз байн рафт, балки мушкили  он аст, ки ҷаҳони зарури ё шакли ҳаёти зарурии ин  мардум  ҳануз сохта нашуда, ки ин амал асли сиёсат буд ва ҳаст. …

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *