Рубрики Хабарҳо

Туркия ба Асад барои ақибнишинӣ аз Идлиб 10 рӯз мӯҳлат дод

Намояндаи доими Туркия дар Созмони милали муттаҳид бар азми ин кишвар барои идомаи ҳузури низомии худ дар Идлиб таъкид карда ва ба режими Асад барои ақибнишинӣ аз мавозеъи феълии худ дар ин минтақа то поёни моҳи ҷорӣ мӯҳлат дод. 

Фаридун Синирлиоғлу, намояндаи доими Туркия дар Созмони милали муттаҳид тайи суханоне дар Шӯрои амнияти ин ниҳод гуфт: Туркия тамоми аҳдофи таҳдидомез дар Идлибро ҳадаф қарор хоҳад дод. Сарбозонамон дар Идлибро ба кишвар фаро нахонда ва аз постҳои дидабонии худ ақибнишинӣ нахоҳем кард. Ин режими Асад аст, ки бояд то поёни моҳи ҷорӣ аз мавозеъи феълии худ ақибнишинӣ кунад. 

Вай изҳор дошт: режими Башор Асад ба баҳонаи “мубориза бо терроризм” ба ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ дар Сурия бидуни таваққуф идома медиҳад ва вазъияти инсонӣ дар ин кишвар ба сатҳи ҳушдордиҳандае расидааст. Ҳудуди як миллион нафар зарфи 2 моҳи ахир водор ба кӯч шудаанд. 

Синирлиоғлу идома дод: режими наслкуш дар Димишқ аз таърихи май 2019 то кунун беш аз 1700 нафарро ба қатл расонда, ки ин иқдомот ҷароими ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият ба шумор меравад. 

Вай бар адами вуҷуди урдугоҳи кофӣ барои оворагони сурӣ дар Идлиб ва ниёзи изтирорӣ ба роҳандозии урдугоҳҳои ҷадид барои онҳо таъкид карда ва гуфт: Туркия ба манзури таъмини ин ниёзҳо дар ҳоли ҳамкорӣ бо Созмони милали муттаҳид ва Олмон буда ва барои ҳимоят ва тазмини ниёзҳои аслии беш аз 9 миллион шаҳрванди Сурия талош мекунад. 

Фаридун Синирлиоғлу ба идомаи ҳамалоти нерӯҳои Асад ба сарбозони турк дар Идлиб ишора ва эълом кард, ки Туркия ба ин ҳамалот дар чорчӯби ҳаққи машрӯъи дифоъ аз худ билофосила посух медиҳад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *