Рубрики Хабарҳо

Писари Муроди “телех” ҳам вориди сиёсат мешавад

Бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт номзадии Саидзода Дилшод Муродро чун номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст. 

Саидзода Дилшод Мурод писари муҳофизи раисҷумҳур Мурод Саидов аст. 

Ӯ сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молия мебошад. Ин идора сифати металҳои гаронбаҳоро назорат мекунад. 

Яъне барои гирифтани иҷозатномаи коркарди металҳои гаронбаҳо – тилло, нуқра, платинум ва ғайра имзои Дилшод Саидзода зарур аст. 

Инчунин вай ба мақомот ки онҳо мардуми маҳаллӣ, бахусус аҳли он масҷиди тахрибкардаашро маҷбур кунанд, то бо нашри як раддияи дурӯғин аз Мурод Саидов, муҳофизи раисҷумҳур таърифу тавсиф ва ҳимоят кунанд. Мақомоти маҳаллӣ пас аз ин амри Муроди “телех” чанд нафарро, аз ҷумла сокини деҳаи Хоҷа Қайнар Умаралӣ Файзовро даъват ва бозпурсӣ кардаанд.

Ҳамзамон кормандони мақомоти қудратӣ ба он деҳа рафта, баъзе мӯсафедону калонсолҳои намозхонро ба хотири нашри ин хабар беасос таҳқиру тавҳин карда,  гуфтаанд, ки набояд ин хабар расонаӣ ва номи муҳофизи раисҷумҳур доғдор мегардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *