Мақомоти Тоҷикистон барои поин бурдани таъсири манфии пандемияи нави коронавирус чораҳои дастгирии соҳибкорон ва мардуми камбизоатро эълон карда буданд. Аммо, ин тадбирҳо ё тамоман иҷро нашудаанд ва ё иҷрои онҳо ҳамоно нокофӣ ва ғайри қаноатбахш боқӣ мондаанд.
Дар охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон нақшаи амалро барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи корнавирус ба иқтисодиёти кишвар омода кард.
Тибқи нақша ҳукумат тасмим дошт бо ба бозорҳои истеъмолӣ фаровон кардани молҳои зарурӣ, афзоиши истеҳсол ва захираҳои онҳо, пешгирии болоравии нархҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ба роҳ монад.
Инчунин таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва таътилҳои андозситонӣ ба соҳибкорони хурду миёна ва таъхир дар санҷишҳои андозиро ҳукумат пешбинӣ кард.
Чунин нақшаҳои соҳавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳо таҳия шуданд. Аммо, дар ин даъвоҳои ҳукумат мушаххас гуфта нашудааст, ки ҳама ин тадбирҳоро чигуна меандешад.
Масалан, Нақшаи амалии Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташкилотҳои қарзӣ барои зиёд намудани қарздиҳӣ ба соҳибкорони истеҳсолгар, инчунин зиёд кардани муҳлати қарзҳо ва пешниҳоди мӯҳлатҳои имтиёзнок ба қарзгироне, ки мушкилоти молиявӣ доранд, тавсияҳои дахлдор доданд.
Аммо, Бонки миллӣ дар бораи мушаххасоти чорабиниҳои ба нақшагирифта чизе нагуфтааст. Бонки миллӣ нагуфтааст, ки магар бо тавсияи дахлдор, кисаи холишудаи соҳибкор мешавад ва ё бозорҳо пур аз маҳсулот мешаванд.
Илова бар ин бисёр тадбирҳои андешидаи ҳукумат низ иҷро нашуданд.
Масалан, банди пур кардани бозор бо молҳои зарурӣ иҷро нашуд, аммо норасоии аксари онҳо ба сатҳи рекордии таваррум ба 5,4 дар сад дар давраи аз моҳи январ то май оварда расониданд. Ҳол он ки дар соли 2019, таваррум дар тӯли сол 8 дар сад буд.
Инчунин чораҳои ҳукумат оид ба дастгирии молиявии гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро на дастгирӣ балки метавон таҳқири миллат номид..
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ҳаҷми ҷудошудаи кумаки пулӣ ба қишри осебпазирии ҷомеа хеле ночиз аст. Ба ҳар як оилаи камбизоат дар ҳар семоҳа танҳо 116 сомонӣ ҷудо кардани ҳукумат, ки тақрибан 12 доллар аст ва ба ҳар моҳ ба 4 долларӣ ва ба ҳар рӯз 13 сентӣ рост меояд, ниҳоят кам ва таҳқиркунанда мебошад. Ин муносибати мақомот мисли ба тоқии гадо партофтани танга аст. Ба 13 сент, тақрибан 1 сомониву 40 дирам, як оила дар Тоҷикистон барои давоми рӯз аз гуруснагӣ намурданаш чи харидорӣ мекунад? Ин пул қимати як дона нон ҳам нест.
Чизи дигар, ҳамин кумаки ночизро ҳам аз 1-уми июн то имрӯз ҳукумат тавонистааст аз 63 шаҳру ноҳияҳои кишвар, танҳо дар 28 ноҳия кумакро ба камбизоатон дастрас кунад. Ҳатто 50 дар сади камбизоатон ҳам не. Бо баъзе сабабҳо, тамоми ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз қарори ҳукумат дар бораи механизми таъмин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ бебаҳра мондаанд. Ин дар ҳолест, ки ин минтақа камбизоаттарин минтақа дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҳамчунин фармони раисҷумҳур ба имзо расид, ки таътили андоз ба соҳибкорон ҷорӣ шавад. Ҳамчунин тибқи ин фармон ситонидани андоз аз агентиҳои туристӣ, муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯрокворӣ, марказҳои саломатӣ ва варзишӣ, санаторияҳо, мусофиркашони байналмилалӣ ва аэронавигатсия, инчунин соҳибкории хурду миёна, ки фаъолияти онҳо ба хотири коронавирус пурра қатъ шудааст ба мавқуф гузошта шуд. Барои нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020, меъёри андоз аз даромад аз фоизи амонатҳои шахсони воқеӣ аз 12 то 6 фоиз кам карда шуд.
Аммо, ҳамоно дар минтақаҳо ба таври иҷборӣ ситонидани андоз, ситонидани иҷора, ҷаримабандиҳои пай дар пай ба қайд гирифта шуданд. Соҳибкорон ба дод омада, ҳазорҳо нафар тарки фаолият карданд.
Фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи июн дар бораи ба танзим даровардани нархи молҳои истеъмолӣ, аз ҷумла доруҳо, лавозимоти тиббӣ, ниқобҳо, антисептикҳо, инчунин орд ва маҳсулоти орд, шакар, равғани растанӣ, лӯбиёгиҳо, картошка ва собун, сӯзишворӣ ва ғайра фақат дар рӯи қоғаз монданд. Дар бозору фурӯшгоҳҳо рӯз ба рӯз қимматшавии маҳсулот ва молу хурока мушоҳида мешавад. Мардумро қимматшавии маҳсулоти талаботи ҳарӯза ба дод овардааст.
Инчунин, дар Фармони раисҷумҳур дастур дода шуда буд, ки то охири соли равон нархҳои хизматрасонии коммуналиро баланд накунанд.
Ин дастур низ ба назари мо ноқис аст. Ҳукумат мебоист ақалан як семоҳа мардумро аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои комуналӣ озод мекард, то сатҳи осебпазирии мардум коҳиш дода шавад. Аммо ҳукумат ин корро накард. Балки даҳҳо далел вуҷуд дорад, ки ширкати барқи тоҷик ба хотири супорида натавонистани ҳаққи интиқоли қувваи барқ симми истифодабарандагонашро буридааст ва онҳоро ҷарима кардааст. Садҳо шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст, ки ба хотири супорида натавонистани пули об, сокинон беоб мондаанд.
Дар идораи ҷамоати деҳот ба муроҷиаткунандагон бинобар супорида натавонистани андози замин маълумотнома надодаанд.
Вазъ дар кишварҳои ҳамсоя
Дар кишварҳои ҳамсоя барои кӯмак ба аҳолӣ, дастгирии соҳаҳои аз ҳама осебпазир, андозсупорандагон ва ғайра чораҳои нисбатан қаноатбахш андешида шудаанд.
Масалан, дар Ӯзбекистон дар аввали моҳи апрел президент Шавкат Мирзиёев фармонеро дар бораи дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорӣ дар давраи карантин имзо кард. Тибқи инн санад, ки беш аз 20 банди мухталифро дар бар мегирад, тиҷорати хурд ва як қатор дигар ширкатҳои тиҷоратӣ аз 1 июн то 1 сентябри соли 2020 аз пардохти андоз аз амвол ва замин озод шуданд.
Корхонаҳои хурд аз андозҳои амвол ва аз андози замин барои моҳҳои апрел ва май озод шуданд. Ҳамчунин корхонаҳо аз пардохти ҷаримаҳое, ки дар давоми аз 1 январ то 15 майи соли 2020 ҷамъ шудаанд, озод шуданд.
Ҳамчунин соҳибкорони Узбекистон ҳуқуқи бо таъхир пардохтани андоз аз арзиши иловашударо ҳангоми воридоти мол (кор, хизматрасонӣ) то ба 120 рӯз ба даст оварда буданд.
Дар маҷмӯъ, мақомоти кишвари ҳамсояи Узбекистон барои дастгирии сокинони кишвар беш аз 80 тадбирҳои мушаххас андешидаанд, ки ҳама тадбирҳо ё амалӣ шудаанд ва ё дар ҳоли амалӣ шудан қарор доранд.
Тӯли чанд моҳ дар Қазоқистон ва Қирғизистон чорабиниҳо оид ба дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон амал мекунанд.
Масалан, дар Қирғизистон ҳамаи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, бидуни истисно, аз аввали апрел кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ мегиранд.
Акнун бо муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя метавон гуфт, ки чораҳои дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон пешбинишуда барои дастгирии соҳибкорӣ баҳри бартараф намудани осебпазирии аҳолӣ аз таъсири буҳрони коронавирус нокофӣ мебошанд. Ҳол он ки ҳатто ҳамин фармонҳои ноқис аксаран дар рӯи қоғаз мондаанд.
Масалан дар айёми авҷи паҳншавии коронавирус мақомоти андоз аз соҳибкорон талаб карданд, ки андозҳоро пешакӣ супоранд.
Бо ба назар гирифтани ин ки масъулин дар тоҷикистон бе иҷозати роҳбарияти кишвар як қадам ҳам намемонанд, дониста мешавад, фармонҳои раисҷумҳури тоҷикистон ду паҳлу дорад. Яке фармони расмии дастгирии мардум барои худширинкунӣ ва якеи дигар фармони ммахсус ба масъулин,ки фармонро ҷиддӣ нагиранду аз паи корҳои қадимаи худ шаванд.