Тибқи охирин хабарҳо, «Кохи Сафед»-и Бишкек, ки шаби гузашта ба контроли мардуми норозӣ ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон даромада буд, оташ гирифтааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. Дар онҷо дафтари президент ва порлумони Қирғизистон ҷойгир аст.
Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, оташсӯзӣ аз табақаи савуми бино оғоз шуда ва дуди сиёҳ аз тирезаҳо берун мешавад. Манбаъ мегӯяд, ду мошини оташнишонӣ дар маҳал машғули кор ҳастанд ва талош доранд оташро хомӯш кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Толгонай Стаматалиева, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон изҳор доштааст, ки президент Сооронбой Ҷеенбеков вазъро зери назар дорад ва ибрози итминон кардааст, ки «ҳама нерӯҳои сиёсӣ манфиатҳои кишварро болотар аз манфиатҳои худ медонанд ва парокандагии ҷомеа иҷозат намедиҳанд».
Ба гуфтаи сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон, президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҳоли ҳозир дар Бишкек қарор дорад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ субҳи 6-уми октябр иттилоъ дод, ки раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ нигоҳ дошта мешуд, раҳо шудааст. Эътирозгарон шаби гузашта бинои Кумитаи Давлатии Амниятии Миллии Қирғизистонро низ «гирифтаанд». Бар асоси гузоришҳо, нирӯҳои вижа ҳамраъйии худро бо мардуми норозӣ баён доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби «Бутун Қирғизистон» Омурбек Суваналиев гуфт, дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард.
Ӯ дар суҳбат бо «Азаттик» гуфт, симати муовинии котиби Шӯрои амнияти Қирғизистонро дубора бар зимма гирифта, барои назорати тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ аллакай чора меандешад.
«Дар бораи маҳалли будубоши кунунии президент хабар надорам. Аммо ҳоло ба ҳайси муовини котиби Шӯрои амният дар доираи қонун корҳои ин ниҳодро пеш мебарам. Дар ҳоли ҳозир бахши тартибот ва амниятро ҳамоҳанг мекунам. Мелис Турганбоев (номзади дигар ба мақоми вакилӣ аз Ҳизби «Замондош») ба вазифаи худ дар мақоми Хадамоти иҷрои ҷазо баргашт. Вазифаҳои коменданти Бишкекро муваққатан бар зиммаи Курсан Асанов гузоштем», — изҳор дошт Суваналиев.
Асанов ҳамроҳи Суваналиев аз сӯи Ҳизби «Бутун Қирғизистон» ба мақоми ваклии порлумони ин кишвар пешниҳод шуда буданд. Курсан Асанов соли 2019 бо айби «хиёнат ба манфиатҳои милитсия» аз мақоми муовинии вазири умури дохилии Қирғизистон озод ва зиддаш се парванда боз шуда буд, ки ҳоло онҳоро додгоҳ баррасӣ дорад.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад, ки иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов, номзад ба мақоми вакилии порлумон аз Ҳизби «Бир Бол» таъйин шудааст.
Дар майдони марказии «Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкек 5 октябр зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр тазоҳуроти бидуни муҳлат оғоз шуд. Эътирозгарон бекор кардани натиҷаҳо ва баргузории интихоботи навро талаб карданд. Дертар, шаби 5 ба 6 октябр тазоҳургарон бинои порлумон, дафтари президент ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро тасарруф карданд.