Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (ICJ) бо нашри баёния аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хост, парвандаи интизомиро нисбат ба Рустам Саидаҳмадзода, додрасе, ки «ҳукми сафед» содир карда буд, қатъ кунанд.
Ба иттилои радиои Озодӣ, ки баёнияи Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносонро дастрас кардааст, дар баёния гуфта шудааст, ки додрасҳо дар қабули қарор бояд озод бошанд ва ҳуқуқ доранд, «дар асоси қонун ва арзёбии инфиродии далелҳо» ҳукм содир кунанд.
Даъвати ин созмони байналмилалии ҳуқуқшиносон дар ҳолест, ки Додгоҳи олӣ рӯзи 1-уми июл алайҳи Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки як сокини вилояти Суғдро «сафед» карда буд, парвандаи интизомӣ кушод. Коллегияи тахассусии Додгоҳи олӣ рӯзи 9-уми июл кирдори Саидаҳамадзодаро баррасӣ карда, ба ӯ огоҳӣ додааст.
Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон дар баёнияи худ гуфтааст, бо тақозои Додситонии кул боз шудани парвандаи интизомӣ нисбат ба додрас, «дахолати мустақим ба кори додрас» мебошад ва дар умум мустақилии додгоҳҳоро дар Тоҷикистон ба ҳам мезанад.
Дар баёния омадааст, «низоми мустақили адлия, ки бар пояи волоияти қонун амал мекунад, бояд як ҳисса ҳукмҳои сафед дошта бошад.»
Аммо дар Тоҷикистон ба гуфтаи ин комиссиюн, аз додрасҳо интизор доранд, ки аз фикри айбдоркунӣ ҷонибдорӣ кунанд ва муҳокимаи парвандаҳои ҷиноӣ амалан ба як раванди «формалӣ» табдил ёфтааст. Ин созмон таъкид кардааст, ки бекор шудани қарорҳои содиркардаи додрас, набояд боис ба боз шудани парвандаҳои интизомӣ нисбат ба ӯ шавад.
Додгоҳи олӣ Рустам Саидаҳмадзодаро ба он гунаҳкор медонад, ки дар соли 2020 ва 5 моҳи соли 2021 панҷ қарори додрас аз сӯи зинаҳои дигар бекор шудаанд, ки ба даъвои додгоҳи олӣ аз «бемасъулиятии мунтазам ва ба вайронкунии дағалонаи талаботи қонунгузорӣ роҳ додани ӯ ҳангоми қабули қарорҳои судӣ шаҳодат медиҳад».
Дар панҷ қароре, ки Додгоҳи олӣ аз он ёдовар шудааст, додрас Саидаҳмадзода парвандаҳоро ба тафтишоти иловагӣ бозгардонида дар нисбати айбдоршавандаҳо ҳукме содир накардаст. Аммо тавре аз парвандаи бозкардаи Додгоҳи олӣ дар нисбати Саидаҳмадзода бармеояд, баъдан додситонҳо ба ин қарорҳои Саидаҳамадзода эътироз оварданд ва додрасҳои дигар ва ё додгоҳи зинаи болоӣ онро бекор карда аст.
Дар Тоҷикистон хеле кам иттифоқ меафтад, ки додгоҳҳо ҳукми сафед содир кунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон феврали соли 2020 гуфта буд, дар соли гузашта танҳо 10 нафарро бегуноҳ эълон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар додгоҳҳои кишвар наздики 11 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст.