Рубрики Хабарҳо

Гузаргоҳи сарҳадии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Андархони Бешариқ боз шуд (навор)

Дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар марз бо ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон  гузаргоҳи сарҳадии «Андархон» боз шуд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии “Ӯзбекистон” хабар додааст.

Гузаргоҳи “Aндархон-Патар”, ки солҳост баста шуда буд,  фаъолияти худро 10-уми феврали соли ҷорӣ аз нав барқарор намуд. Кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии “Андархон” яке аз қадамҳои амалии татбиқи созишномаҳои байни давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дониста мешавад.

Айни замон, миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гуфтушунидҳо дар бораи бекор намудани низоми раводид ва аз байн бурдани монеаҳои савдо, тахфифи таррофаҳо барои интиқоли молу коло, барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди байнидавлатӣ ва  ғайра идома дорад.

Гуфтанист, ки моҳи марти соли ҷорӣ  бо сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев  ба Тоҷикистон меояд. Умед меравад дар ин сафар ба бисёре аз масъалаҳои баҳсбарангези миёни  ду кишвар нуқта гузошта шавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *