Пешниҳоди руасои маҷлисҳои кишварҳои арабӣ дар мавриди Қудс
Раисони маҷолиси кишварҳои узви Иттиҳодия араб пешниҳоди қатъи робитаро бо кишварҳое, ки Қудсро ба унвони пойтахти Исроил мешиносанд ва сафорат худро ба ин шаҳр мунтақил мекунанд ироа доданд.
Руасои маҷлисҳои кишварҳои узви Иттиҳодия араб дар поёни нишасти худ дар Қоҳира, пойтахти Миср пешниҳод карданд, ки аъзои Иттиҳодия араб бо кишварҳое, ки Қудсро ба унвони пойтахти Исроил шиносоӣ карда ва сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил мекунанд, қатъи робита кунанд. Дар ин бора хабаргузории “Анадолу”-и Туркия иттило медиҳад.
Дар баёнияи поёнии ин нишаст омадааст: «боисти дастуруламали қатъи робита бо кишварҳое, ки Қудсро ба унвони пойтахти Исроил мешиносанд ва сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил мекунанд, дар нишасти сарони Иттиҳодияи араб, ки қарор аст моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шавад, дар дастури кор қарор бигирад».
Ин севумин конфронси руасои маҷолиси кишварҳои узв Иттиҳодия араб аз замони таъсиси ин иттиҳодия аст. Дар ин конфронс намояндагони расмии 19 кишвар ҳузур доштанд, аммо Сурия, Ироқ ва Лубнон ширкат накарданд.
Гуфтанӣ аст, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шашуми декабри соли 2017 эълом кард, ки кишвараш Қудсро ба унвони «пойтахти Исроил» ба расмият мешиносад ва дастури интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳрро содир кард.