Интиқоли пул аз русия ба Тоҷикистон 19,4% кам шудааст
Байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама кам аз Русия ба Қазоқистону Тоҷикистон маблағ интиқол шудааст.
Тибқи Бонки марказии Русия, дар муқоиса бо 3 моҳи аввали соли гузашта семоҳаи аввали имсол ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қазоқистон 42,3 дар сад — то 60 млн доллар кам ва ба Тоҷикистон 19,4 дар сад камтар шудааст.
Дар муқоиса бо 3 моҳи аввали соли гузашта семоҳаи аввали имсол шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 453 млн доллар пул фиристодаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2019 ба миқдори 19,4 дар сад камтар мебошад.
Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали имсол ба сурати умум 8 дар сад- то 2 миллиарду 690 миллион доллар коҳиш ёфт.
Дар сегонаи аввали кишварҳо Арманистон қарор дошта, давоми се моҳи имсол аз Русия ба ин давлат 16,2 дар сад — то 181 млн доллар камтар маблағ ирсол шудааст.
Тӯли ин муддат интиқоли пул аз Русия ба Молдова ба миқдори 14,7 дар сад то 110 млн доллар, Қирғизистон — 9,2 дар сад то 494 млн доллар ва Беларус — 5,4 дар сад то 122 млн доллар интиқоли маблағ аз Русия коҳиш ёфтааст.
Ин нишондиҳанда барои чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзудааст. Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Озарбойҷон 6 дар сад — то 247 млн доллар, ба Украина 4 дар сад — то 262 млн доллар, ба Ӯзбекистон 0,4 дар сад то 756 млн доолар зиёд шуда, ба Туркманистон низ аз сатҳи сифри соли пешин то 1 млн доллар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия баръакс, ба андозаи 4,6 дар сад то 497 млн доллар афзудааст. Коҳиши ҳаҷми интиқол аз ҷониби шахсони воқеӣ танҳо аз Тоҷикистон 66,7 дар сад ва Қирғизистон ба қайд гирифта шуда, афзоиши интиқоли аз ҳама бештар аз Украина 38,4 дар сад ва Туркманистон 33,3 дар сад амалӣ шудааст.