Вақте Паёмбар (с) аз дасти Қурайш ба он озору шиканҷае, ки гуфтем, дучор мешаванд, ба шаҳри Тоиф мераванд, то аз қабилаи Сақиф мадад пурсанд ва умед мекунанд, ки чизеро, ки аз назди Худо овардаанд, онҳо қабул менамоянд.
Он ҳазрат (с) чун ба Тоиф мерасанд, назди иддае аз сарони Сақиф рафта, наздашон менишинанд ва онҳоро ба сӯйи Худо даъват намуда, ҳадаф аз омаданашонро барояшон маълум мекунанд. Онҳо бошанд, бо дуруштӣ ин таклифи Паёмбар (с)-ро рад намуда бо эшон тавре муносибат мекунанд, ки ҳатто дар гумонаш набуданд.
Сипас, Паёмбар (с) аз назди онҳо бархоста, илтимос мекунанд, ки модоме ки даъваташонро намепазиранд, хабари ба назди онҳо омаданашонро аз Қурайш пинҳон доранд. Онҳо бошанд ба ин ҳам розӣ нашуда, баръакс чанде аз безорӣ ва ғуломонашонро бар зидди Паёмбар (с) мешӯронанд, то Он ҳазрат (с)-ро ҳақорату дашном намоянд. Он нафарон Паёмбар (с)-ро бо сангҳо мезананд, ки ҳатто ду пояшон хуншор мешавад. Зайд ибни Ҳориса, ки ҳамроҳашон буданд, мехоҳанд, он касро аз ҳимоя кунанд. Вале худи Зайд низ аз чанд ҷойи сарашон захм мегиранд. Ниҳоят Паёмбар (с) ба боғе, ки аз они Утба ибни Рабиа буда, мерасанд ва аз он безориҳои Сақиф, ки аз пасашон меомаданд, халос мешаванд. Он ҳазрат (с), ки дар натиҷаи хастагиву ҷароҳат абгор шуда буданд, зери сояи дарахте мешинишанд. Фарзандони Рабиа ин ҳамаро аз дур назора мекарданд. Он ҳазрат (с) чун каме ором мегиранд, сарашонро боло бардошта, чунин дуо мекунанд:
“اللهم إليك أشكو ضعف قوتي، وقلة حيلتي، وهواني على الناس، يا أرحم الراحمين أنت رب المستضعفين وأنت ربي، إلى من تكلني؟ إلى بعيد يتجهمني، أم إلى عدو ملكته أمري؟ إن لم يكن بك عليّ غضب فلا أبالي، ولكن عافيتك أوسع لي أعوذ بنور وجهك الذي أشرقت له الظلمات، وصلح عليه أمر الدنيا والآخرة، من أن تنزل بي غضبك أو يحلّ عليّ سخطك، لك العتبى حتى ترضى ولا حول ولا قوة إلا بك”
“Худоё, ман ба ту аз нотавонии худ, аз бечорагии худ, аз хории худ назди дигарон гила мекунам. Эй меҳрубонтарини меҳрубонон, ту парвардигори мустамандон астӣ, ту парвардигори ман астӣ. Маро ба кӣ месупорӣ? Ба шахси бегонае, ки ба ман бо дуруштӣ менигарад, ё ба душмане, ки кори маро ба дасти ӯ додаӣ? Агар ба ман хашми ту набошад, парвое надорам. Вале офияти ту баҳри ман фарохтар аст. Худоё, ба нури чеҳраат, ки торикиҳоро равшан намудаасту кори дунёву охират бо он ба салоҳ омада, паноҳ мегирам, ки хашми ту бар ман фарояд ва ё ғазаби ту маро фаро гирад. Худоё, ман таслимам, то ту розӣ шавӣ. Худоё, бидуни дастгирии ту ҳеҷ қувва ва ҳеҷ дигаргуние нест.”.
Сипас, он ду писари Рабиа, соҳибони боғ, ба дилашон раҳм меояду ғуломашонро ҷеғ зада, дар табақе барои Паёмбар (с) ангур мефиристанд. Он ғулом насронӣ ва номаш Удос буд. Вақте Удос табақи ангурро пеши Паёмбар (с) мегузорад, Он ҳазрат (с) дасташонро “Бисмиллоҳ” гуфта, ба табақ дароз мекунанд. Удос ин суханони Паёмбар (с)-ро шунида, дар ҳайрат мегӯяд: Ба Худо, ин суханонро аҳли ин диёр намегӯянд. Паёмбар (с) аз ӯ мепурсанд: Ту аз кадом диёр астӣ? Динат чист? Ӯ мегӯяд: Ман насрониаму аз аҳли Найнаво (деҳае дар Мавсил) мебошам. Он ҳазрат (с) мегӯянд: “Аз диёри марди солеҳ Юнус ибни Матто?”. Удос мегӯяд: Шумо Юнус ибни Матторо аз куҷо медонед? Паёмбар (с) мегӯянд: Ӯ бародари ман аст. Ӯ паёмбар буду ман низ паёмбар ҳастам”. Бо шунидани ин суханон Удос ба бӯсидани сару рӯйи Паёмбар (с) медарояд.
Ибни Исҳоқ нақл мекунанд, ки “Бо ҳамин Паёмбар (с) аз Тоиф ба Макка бармегарданд. Вақте дар роҳ нимашабӣ миёни хурмозоре намоз мехонданд, аз наздашон гурӯҳе аз ҷинҳо мегузаранд, ки зикрашон дар Қуръон омадааст. Онҳо ба қироати Паёмбар (с) гӯш медиҳанд ва чун аз намоз фориғ мешаванд, зуд назди қавми хеш баргашта, онҳоро огоҳ мекунанд, ки ба чизи шунидаашон имон биёранду онро қабул намоянд”. Хабари қиссаи онҳо дар оятҳое аз сураҳои Аҳқоф ва Ҷин омадааст.
Сипас, Паёмбар (с) ҳамроҳ бо Зайд ибни Ҳориса ба Макка бармегарданд. Вақте ба Макка даромаданӣ мешаванд, Зайд мегӯянд: Эй Расули Худо, онҳо-ку шуморо бароварданд. Акнун боз чӣ хел медароед? Паёмбар (с) дар ҷавоб чунин мегӯянд: “Эй Зайд, бешак, Худо ба ҳолате, ки мо дрем, кушоиш хоҳад дод ва динашро пирӯз хоҳад карду паёмбарашро даст боло”. Баъд марде аз қабилаи Хузоаро назди Мутъам ибни Адӣ мефиристанд, то барояш маълум кунанд, ки бо ҳимояи ӯ ба Макка даромаданӣ ҳастанд. Ӯ ин таклифро қабул мекунад. Паёмбар (с) ҳамин тавр ба Макка бозмегарданд.
Панду андарзҳо:
Аз ҳодисаи ба Тоиф ҳиҷрат кардани Паёмбар (с) ва воқеаҳои дигари муталлиқ ба он метавон чунин хулосаҳо бардошт:
- Он ашколи гуногуни ранҷу азобе, ки Паёмбар (с) дучор мешуданд, хусусан, он азобе, ки дар Тоиф кашиданд, бешак, аз ҷумлаи корҳои таблиғии Он ҳазрат (с) ба мардум буд. Яъне, чунон ки Паёмбар (с) ба мардум дар бораи мавҷудоту офаридгори он ақидаи дуруст, аҳкоми ибодоту ахлоқ ва муомилотро мерасонанд, инчунин ба онҳо пешаи сабрро, ки Худо онҳоро ба он амр намудааст, таълим мекунанд. Он ҳазрат (с) ба мусулмонон роҳҳои татбиқи сабр ва мусобараро, ки Худо дар ояти каримаи “يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اصْبِرُوا وَصابِرُوا وَرابِطُوا ” ба он амр кардааст, нишон медиҳанд.
Бешак, Паёмбар (с) барои мо иҷрои ибодатҳоро бо роҳҳои татбиқӣ таълим доданд. Масалан, гуфтанд: “Чи хел намозхонии маро мебинед, ҳамон хел намоз хонед”. Боз гуфтанд: “Маносики ҳаҷҷатонро аз ман омӯзед”. Бар асоси ҳамин принсип, вазнинтарин навъҳои ранҷу азоб дар роҳи давъатро аз сар гузаронида, гӯё бо забони ҳол ба ҳамаи даъватгарони баъдӣ гуфтанианд: “Чи хел сабр кардани маро мебинед, ҳамин хел сабр кунед”. Бо ин кор нишон доданианд, ки сабру бардошт бар сахтиҳо аз ҷумлаи муҳимтарин принсипҳои Ислом ба шумор меравад, ки Худованд бо он бандагонро маврили имтиҳону санҷиш қарор додааст.
Шояд нафаре, ки аз зоҳири таърихи ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Тоиф огоҳ мешавад, гумон кунад, ки Он ҳазрат (с) дар онҷо шикаст хӯрданд, сахт ба танг омаданд ва шояд он ранҷу машаққате, ки дучор шуданд, бузург шумориданд, ки баъди дар бӯстони Рабиа ором гирифтан ба Худо бо ин дуо муроҷиат намуданд.
Вале ҳақиқат ин аст, ки Паёмбар (с) он ранҷу азобро бо хушнудӣ пазируфта ба он сахтиҳо ба умеди аҷру савоб таҳаммул мекарданд. Вагарна агар хоҳанд, метавонистанд аз он безориҳо, ки озорашон доданд ва он сарон, ки ин безориҳоро ба муқобилашон шӯрониданду бо эшон бо дуруштӣ муносибат карданд, интиқом гиранд. Вале Паёмбар (с) инро нахостанд.
Далели ин гуфтаҳо ҳадисе аст, ки Имом Бухорӣ ва Муслим нақл кардаанд. Дар он омадааст, ки Оиша (раз.) аз Паёмбар (с) пурсиданд: Эй Расули Худо, оё рӯзе сахттар аз рӯзи Уҳуд дидаед? Гуфтанд: “Аз ин қавмат дидаам. Аз ҳама сахттарин чизе, ки аз онҳо дидам, рӯзи Ақаба буд. Ман ба қабилаи Ибни Абдуёлайл ибни Килол худамро пешкаш кардам. Вале дархости маро напазируфтанд. Баъд ман андӯҳгину ғамзада ба роҳ шудам. Ба Қарнуссаолиб расиданамро ҳам нафаҳмида мондам. Ногоҳ сарамро боло кардам, ки абре маро соя мекунад. Ба он нигаристам. Ногоҳ онҷо Ҷабраилро дидам. Ӯ гуфт: Худо гуфтаҳои қавматро ба ту ва ҷавоби онҳоро шунида назди ту фариштаи кӯҳҳоро фиристод, то хостаат аз ӯ талаб намоӣ. Баъд фариштаи кӯҳҳо ба ман хитоб карда, салом дод ва гуфт: Эй Муҳаммад, Худо гуфтаҳои қавматро ба ту шунид. Ман фариштаи кӯҳҳоам. Маро Худоят назди ту фиристод, то кори хостаатро аз ман талаб намоӣ. Чӣ мехоҳӣ? Агар хоҳӣ, ин ду кӯҳро болояшон мепӯшонам”. Паёмбар (с) гуфтанд: “Балки ман умед дорам, ки Худованд аз домони онҳо касонеро хоҳад баровард, ки Ӯро ба ягонагӣ ибодат мекунанду чизеро ба Ӯ шарик намеоранд”.
Аз ин мебарояд, ки Паёмбар (с) ба саҳобагону уммати баъди худ бо ин ҳама сахтиву гирифториҳо сабрро меомӯзонидаанд. Инчунин ба тамоми сахтиву нохушиҳо, ки дар роҳи Худо дучор меоянд, ҳунари сабр карданро таълим додаанд.
Шояд нафаре гӯяд, ки ин тавр бошад, барои чӣ бо гилаву шикоят овоз баланд карданд? Он дуояшон, ки алфозу ибораҳояш ба тангиву малол аз тӯли талошҳои бебарор далолат мекунад, чӣ маъно дорад? Посух ба ин савол чунин аст, ки “Шикояти банда ба Худо ибодат аст. Илтиҷову зорӣ ба даргоҳӣ Ӯ қурбату тоат аст. Гирифториву мусибатҳо бошанд, ҳикматҳое доранд, ки муҳимтаринаш ин аст, ки он мусибат бандаро ба дари Худо меорад, барояш ҷомаи хориву зорӣ мепӯшонад”. Барои ҳамин миёни сабр бар нохушиҳову шикоят ба Худо зиддияте нест. Балки ҳақиқат ин аст, ки Паёмбар (с) дар ҳаёти худ ба мо ин ҳардуро таълим медоданд. Бо сабри худ ба сахтиҳо ба мо нишон медоданд, ки ин вазифаи ҳамаи мусулмонон ва хусусан, даъватгарон аст. Бо тӯли илтиҷову зориашон ба Худо бошад, ба мо вазифаи бандагӣ ва талаботи онро таълим мекарданд.
Бинобар он, ки нафси башарӣ, бо вуҷуди ҳар қадар боло рафтан аз доираи инсонӣ берун шуда наметавонад ва инсон дар асли фитрати худ бар эҳсосу идрок сохта шудааст, эҳсоси лаззати неъмат ва идроки алами азоб. Ӯ чунин офарида шуда, ки ба неъмат ором мегираду дар азоб даступо мехӯрад.
Яъне, ҳатто Паёмбар (с), ки нафси худро барои пазируфтани ҳама анвои ранҷу сахтиҳо дар роҳи Худо одат кунонидаанд, бо вуҷуди ин инсон ҳастанд, ки аз зиён дард мекашанду ба неъмат роҳат мебинанд.
Вале Он ҳазрат (с) ба хотири ризои Худо ва баҳри адо кардани ҳаққи бандагӣ зиёнро, сарфи назар аз дарду аламҳои он, бар неъмат, новобаста аз лаззатҳояш, бартар медонанд. Шубҳае нест, ки омили ба даст овардани савоб ва изҳори маънои таклиф бар инсон низ маҳз ҳамин аст.
- Вақте сари ҳодисаҳои таърихи Паёмбар (с) андеша мекунед, мебинед, ки он озоре, ки дучор мешуданд, гоҳо хеле сахт буд. Вале баробари ин дар муқобил ҳар яки он шомили чизҳое мебошанд, ки метавон онҳоро ба масобаи иваз аз он озорҳо шуморид. Ин ҳама баҳри он буд, ки ба Паёмбар (с) таскин шаваду омилҳои аламу дард ва тангӣ дар вуҷудашон тӯда нашаванд, ки боиси ноумедӣ гарданд.
Масалан, дар ҳодисаи ҳиҷрати Паёмбар (с) ба Тоиф ва азоби озору ранҷи ноумедӣ, ки дар аҳмақии шахсоне, ки Он ҳазрат (с)-ро озор доданд ва беақливу дуруштӣ кардан, низ чунин як ивазро ёфтан мумкин аст. Ин иваз ва ин таскин дар шахсияти марди насронӣ Удос инъикос меёбад. Вақте ӯ табақи ангурро меораду бо шунидани он, ки Муҳаммад паёмбари Худо мебошанд, ба бӯсидани сару рӯяшон мепардозад.
Бисёр бамаврид аст, ки барои тасвири манзараи таскин аз озори ин безориҳо суханони Мустафо Содиқ Рофеиро дар ин бора нақл кунем. Ӯ баъди баёни қисса мегӯяд: “Кас аз дидани дасти ниҳони тақдир дар ин қисса хеле ба шигифт меояд.
Аз пайи он бадиву бадахлоқӣ ва ҷаҳолату разолат дарҳол некиву каромат ва гиромидошту таъзим меояд, гӯё аз он носазоиҳо бахшиш пурсидан мехоҳад. Баъди он суханони душманона лутфу навозиши ошиқона меояд.
Фарзандони Рабеа аз сахттарин душманони Ислом буданд. Онҳо буданд, ки назди Абутолиб рафтанд, то аз вай талаб намоянд, ки ҷиянашро аз онҳо боздорад ва ё ӯро ба онҳо супорад, то кори хостаашонро бо вай кунанд. Ҳоло бошад, он ғаризаи ҳайвонӣ ба табиати аслии инсонӣ, ки ҳадафи асосии дин мебошад, мубаддал гаштааст. Зеро ояндаи динӣ бар фикр аст на бар ғариза.
Насроният омада Исломро ба оғӯш гирифт ва онро тақвият намуд. Зеро як дини саҳеҳ нисбат ба дигар дини саҳеҳ мисли бародар ба дигар бародар аст. Вале агар насаби бародари хун аст, пас насаби дин ақл аст.
Дар охир тақдир кори худро дар ин қисса бо хӯшаи ангури ширину ҳаловатбахш баркамол намуд. Ба номи Худо хӯшаи ангур рамзе буд ба ин хӯшаи исломии бузург, ки пур аз дона асту ҳар донаи он як мамлакат мебошад.
- Дар он ки Зайд ибни Ҳориса аз Паёмбар (с) ҳимоя мекарданд, то санги безориҳо ба он кас нарасад, ҳатто чанд ҷойи сарашон захмин шуд, намунаест, бар он ки шахси мусулмон роҳбари даъватро чи гуна бояд ҳимоя намояд ва агар зарурат пеш ояд, ҳаёташро низ нисор созад. Саҳобагон бо Паёмбар (с) чунин муносибат мекарданд. Агарчи имрӯз Паёмбар (с) миёни мо нестанду ҳамон тавре, ки саҳобагон аз он кас дифоъ мекарданд, имкони ҳимоя кардан вуҷуд надорад, вале ин кор бо дигар роҳ карда мешавад. Он роҳи дигар ин аст, ки худамонро аз таҳаммули он ранҷу азобе, ки дар роҳи даъват пеш меояд, дареғ надорем ва андаке аз машаққату сахтиро, ки Паёмбар (с) мебардоштанд, бо ҳам бинем.
Бо он ки дар ҳар давру замон бояд даъвати исломӣ раҳбаре дошта бошад, ки сарварии даъватро аз Паёмбар (с) ба навбат мегирад, ба мусулмонон зарур аст, ки дар атрофи ӯ чун сарбози вафодор ҷамъ шаванд, баҳраш молу ҷонашонро фидо намоянд. Чи тавре ки саҳобагон бо Паёмбар (с) мекарданд.
- Он чи Ибни Исҳоқ аз қиссаи ҷинҳо, ки Паёмбар (с) ҳангоми баргашт дар нимашаб вохӯрданд, нақл кардаанд, нахуст ба будани ҷин ва сониян, ба мукаллаф будани онҳо далолат мекунад. Боз ин қисса дарак аз он медиҳад, ки қисме аз онҳо ба Худо ва Паёмбар имон оварданду қисми дигар бовар накарда кофир шуданд. Ин далолат, ки аз нақли Ибни Исҳоқ гирифта мешавад, бо ахбори Қуръон дар ин бора ба дараҷаи қатъу ҷазм мерасад. Мисли оятҳои аввалии сураи Ҷин ва оятҳои 29-31 сураи Аҳқоф.
Бояд донист, ки қиссаеро, ки Ибни Исҳоқ овардаанду Ибни Ҳишом дар таърихи худ нақл кардаанд, наздик ба онро Имом Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ ба таври муфассалтар ривоят кардаанд.
Лафзе, ки Имом Бухорӣ бо санади хеш аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, чунин аст: Паёмбар (с) ҳамроҳ бо гурӯҳе аз асҳобашон ба мақсади бозори Укоз равон шуданд. Он замон шайтонҳо аз хабари осмон маҳрум шуда буданду сӯяшон шаҳобчаҳо паронда мешуд. Шайтонҳо баргашта гуфтанд: Чӣ шудааст, ки дигар ба хабари осмон даст надорем? Барои чӣ сӯйи мо шаҳоб андохта мешавад? Нафаре аз онҳо гуфт: Он ки шумо ба хабарии осмон дигар дастрасӣ надоред, дарак медиҳад, ки ҳодисае шудааст. Машриқу мағриби оламро гардеду бинед, ки чи ҳодиса рух додааст. Ҷинҳо ин тарафу он тарафи оламро давр заданду донистан мехостанд, ки барои чӣ онҳо дигар ба хабари осмон дастрасӣ надоранд? Он нафароне, ки сӯйи Тиҳома рафта буданд, ба Паёмбар (с) дучор шуданд, ки ба нияти бозори Укоз баромада буданд. Он ҳазрат (с) вақте бо асҳоб дар хурмозор намози бомдод мехонданд, қироаташонро ҷинҳо шунида, ба он гӯш доданд. Сипас, гуфтанд: Ин аст, ки моро аз хабари осмон маҳрум намуд. Баъд дарҳол назди қавми худ баргаштанд ва гуфтанд: Эй қавм, мо қироати аҷибе шунидем, ки ба роҳи рост раҳнамоӣ мекунад. Мо ба он имон овардему дигар ҳаргиз ба Худоямон касеро шарик намекунем. Баъд Худованд ба Паёмбар (с) ояти аввали сураи Ҷинро нозил кард.
Лафзе, ки Имом Муслим ва Тирмизӣ нақл кардаанд, бо ин ривоят мувофиқат мекунад. Вале дар ривояти онҳо андаке иловагӣ дар оғози он ҳаст: “Паёмбар (с) ба ҷинҳо на чизе хондаанд ва на онҳоро дидаанд. Бо гурӯҳе аз асҳоб ……”. Дар “Фатҳулборӣ” зимни шарҳи ин ҳадис омадааст: Гӯё Имом Бухорӣ ин ҷумларо қасдан зикр накардаанд. Зеро Ибни Масъуд собит мекунанд, ки Паёмбар (с) ба ҷинҳо хонда дода буданд. Ин исботи Ибни Масъуд бар инкори Ибни Аббос муқаддам аст. Имом Муслим ба он ишора намудаанд, ки баъди нақли ин ҳадиси Ибни Аббос ҳадиси Ибни Масъудро аз Паёмбар (с) овардаанд, ки дар он чунин омадааст: “Намояндаи ҷинҳо назди ман омад. Ман ҳамроҳаш рафтаму барояш Қуръон хонда додам”. Метавон ин ду ривояти мухталифро ба таъвили гуногун будани ҳодисаҳо шарҳ намуд.
Боз он чӣ Имом Муслим, Бухорӣ ва Тирмизӣ ривоят кардаанд, аз нақли Ибни Исҳоқ аз ду ҷиҳат фарқ мекунад: 1) Ривояти Ибни Исҳоқ ба он, ки Паёмбар (с) дар он асно бо асҳоб намоз мехонданд, ишора намекунад. Балки аз ривояти ӯ фаҳмида мешавад, ки Он ҳазрат (с) танҳо намоз мегузоштанд. Вале ривоятҳои дигар бошад, ҳокӣ аз он аст, ки Паёмбар (с) ҳамроҳ бо асҳоб намоз мехонданд. 2) Дар ривояти Ибни Исҳоқ намози бомдод ба таъйин наомадааст. Тибқи ривоятҳои дигар бошад, Он ҳазрат (с) дар он асно намози бомдод мехонданд.
Боз ривояти Ибни Исҳоқ аз ишкол холӣ буда, дар ҳоле ки ривоятҳои дигар аз ду ҷиҳат ишкол доранд: 1) Ҳамроҳи Паёмбар (с) вақти ба Тоиф рафтан ва аз он ҷо баргаштанашон танҳо Зайд ибни Ҳориса буд. Аз ин рӯ, чи тавр мешудааст, ки Он ҳазрат (с) дар он асно ҳамроҳ бо гурӯҳе аз асҳоб намоз мехондаанд? 2) Намозҳои панвақта танҳо шаби Исро ва Меъроҷ фарз шудааст. Ҳодисаи Меъроҷ бошад, тибқи андешаи аксари муҳаққиқон, баъди аз Тоиф баргаштани Он ҳазрат (с) ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар ин, чи хел мешудааст, ки Он ҳазрат (с) дар он асно намози бомдод мехондаанд?
Ба ишколи аввал чунин посух додан мумкин аст: Шояд Паёмбар (с) вақте ба минтақаи хурмозор, ки наздики Макка воқеъ буд, расиданд, бо баъзе аз асҳоб вохӯрданд ва ҳамон ҷо ҳамроҳашон намози бомдод хондаанд.
Ҷавоби ишколи дуюм бошад, чунин аст: Мегӯянд, ки ҳодисаи ҷинҳо ва Қуръонро аз Паёмбар (с) шунидани онҳо чанд бор рух додааст. Ҳамин тавр як ҳодиса аз Ибни Иббос нақл шудаасту ҳодисаи дигар аз Ибни Масъуд ва ҳар ду низ дурусту саҳеҳ мебошанд. Ин аст хулосаи муҳаққиқон агар гӯем, ки ҳодисаи Исро ва Меъроҷ баъди сафари Тоиф рух додааст. Вале агар онро пеш аз сафари Тоиф рухдода донем, ишколе намемонад.
Баъд аз ин ҳама, чизе, ки аз ин ҳодиса ба мо тааллуқ дорад, ин аст, ки шахси мусулмон бояд бовар кунад, ки ҷинҳо ҳастанду онҳо низ мисли мо аз тарафи Худо ба адои воҷиботи бандагӣ мукаллаф шудаанд. Агарчи мо онҳоро намебинем ва эҳсосу дарк намекунем. Чунки Худованд вуҷуди онҳоро берун аз имконе қарор дод, ки ба қувваи биниши мо додааст. Мусаллам аст, ки чашмони мо навъҳои муайяни мавҷудотро ба андозаи муайян тибқи шарти муайян мебинад.
Азбаски будани чунин махлуқ бо хабарҳои яқинӣ ва мутавотире, ки ба мо тариқи Китобу Суннат омадааст, собит шудааст ва масъалаи он аз ҷумлаи умури зарурияи динӣ мебошад, ба иттифоқи мусулмонон инкори ҷин ва ё шубҳа кардан ба будани он ба муртаддӣ ва хориҷ шудан аз дин оварда мерасонад. Зеро инкор кардани он инкори чизе ҳисобида мешавад, ки он аз заруриёт ва бадеҳиёти дин аст. Илова бар он, ки чунин инкор мазмуни бовар накардан ба хабари ростеро дорад, ки тариқи мутавотир аз Худо ва Паёмбар (с) ба мо расидааст.
Набояд шахси оқилу доно ба чунин ғафлату ҷаҳли сахт гирифтор шавад, ки ба гумонаш танҳо ба чизҳое имон меорад, ки тариқи илм исбот шуда бошад. Бинобар ин гумонаш, бо даҳони пур даъво мекунад, ки ӯ ба будани ҷинҳо бовар надорад. Чун ки ӯ онро надида, буданашро эҳсос ҳам накардааст. Бадеҳист, ки бар асоси чунин ҷаҳл мешавад бештари мавҷудоти яқиниро ба нестӣ баровард, чун онҳоро имкони дидан нест. Қоидаи илмии машҳур бошад чунин мегӯяд: Дарк карда натавонистан маънои набуданро надорад. Яъне, надидани чизе, ки онро мекобед, маънои онро надорад, ки он чиз нест ва ё гум шудааст.
- Ҳама он чӣ Паёмбар (с) дар сафарашон ба Тоиф дучор шуданд чӣ аҳамият дошт? Ҳама он чӣ аз сар гузарониданд, ба худашон чӣ таъсире кард? Ҷавоб ба саволҳо дар гапи ба Зайд ибни Ҳориса гуфтаашон равшан аст. Вақте Зайд бо тааҷҷуб аз Он ҳазрат (с) савол мекунад, ки “Эй Расули Худо, онҳо-ку шуморо бароварданд. Акнун боз чӣ хел медароед?” Паёмбар (с) бо боварии тому итмиънони комил чунин мегӯянд: “Эй Зайд, бешак, Худо ба он чӣ ту дида истодаӣ, кушоиш медиҳад ва динашро пирӯз хоҳад карду паёмбарашро даст боло”.
Аз ин мебарояд, ки баъди он сахтиву машаққате, ки дар Макка дучор шуда буданд, ҳама он чӣ дар Тоиф диданд, ба бовариву эътимоди Он ҳазрат (с) ба Худо ва ба қувваи ҳиммати фаъоле, ки дар вуҷудашон буд, таъсире накард.
Ба Худо, ин ҳиммати инсоне нест, ки дар ниҳодаш таҳаммули беҳад ва иродаи қавии беназир дорад. Балки он яқини нубувват буд, ки дар дилашон устувор барқарор буд. Он ҳазрат (с) хуб медонистанд, ки фармони Худоро иҷро карда истодаанду дар роҳе қарор доранд, ки Худо дар он буданро амр намудааст. Наздашон яқин буд, ки Худованд кори худро буд мекунад ва Ӯ барои ҳар чиз меъёри муайян қарор додааст.
Бояд аз ин чиз мо ибрат гирем, ки гирифториву сахтиҳое, ки дар роҳи даъвати исломӣ дучор мешавем, моро аз паймудани он роҳ бознамедорад, дар вуҷуди инсон рӯҳияи нишастамондагиву танбалиро намедамад, модоме ки мо тибқи нишондоди имонамон ба Худову тавфиқи Ӯ ҳаракат мекунем. Зеро ҳар кӣ аз Худо қувват мегирад, нашояд, ки дар ӯ ноумедиву танбалӣ дида шавад. Чун модоме, ки Худо соҳиби амр аст, бидуни шак соҳиби нусрат низ худи Ӯ мебошад.
Бояд донист, ки нишастамондагиву танбалӣ ва ноумедӣ зебандаи нафароне мебошад, ки роҳу идеяҳое, ки Худо ба он нафармудааст, ихтиёр мекунанду баъд дар он ба сахтиву гирифториҳо дучор мешаванд. Чунки ин гуна ашхос дар чунин ҳолатҳо ба қуввати худии хеш такя мекунанду бо ғайрати хоссаи худ талош меварзанд. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин дар доираи муайяни башарӣ маҳдуд аст. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи тӯл кашидани гирифториву ранҷу азоб он ҳама қуввату ғайрат ва тасмиму тадбир ба яъсу дилмондагӣ мубаддал мегардад, зеро дараҷаи қуввати инсонӣ маҳдуд мебошад.
Барои маълумоти бештар оид ба ҳодисаи мазкур ба Сирати Ибни Ҳишом ҷ.с.420 нигаред.
Сураи Аҳқоф 29 ва сураи Ҷин ояти 1.
Табақоти Ибни Саъд ва Сирати Ибни Ҳишом
Вожаи “Мусобара” аз решаи “сабр” гирифта шуда, ба маънои сабру таҳаммули бештар ва истодагарӣ далолат мекунад.
Мустафо Содиқ Рофеӣ (1880 1937) адиби маъруфи араб, ки ӯро аҳмчун “мӯъҷизаи адабиёти араб” мешинохтанд.
Ваҳйулқалам яке аз асамрҳои маъруфи Мустафо Содиқ Рофеӣ. Ҷ. 2 с. 30.