Рубрики Хабарҳо

ГРЕНАДА

Гренада  кишвари на он қадар бузург буда, дар баҳри Кариб воқеъ шудааст. Аз як ҷазираи калон ва чандин ҷазираҳои хурд ташкил ёфта, аввалин бор тавассути Христофер Коллумб дар асри 14 кашф шуда буд. Давлати мустақили Гренада низ дар қатори даҳ давлати хурдтарину тараққикардаи дунёст. Аз тарафи ғарб савоҳилаш бо баҳри Кариб ва аз самти шарқ бо уқёнуси Атлантика шуста мешавад. Ин кишвари вулқонҳои бузург ва соҳилҳои зиёди истироҳатӣ (пляж) , шаршараҳои афсонавӣ, ҷангалзорҳои анбӯҳи касногузар, ки дар бархе мавзеъҳояш, ҳатто қадами одам нарасидааст.  

Пойтахти давлат шаҳри  буда, воҳиди пули миллиаш доллари карибист.

Барои шаҳрвандони давлати Русия, ки барои саёҳат мераванд ва барои сайёҳони дигар мамолики дунё, тариқи раводид  мераванд. Ҳамроҳи худ овардан, ё бурдани пули миллии давлатҳои дигар низ манъ карда нашудааст. Инчунин доштани 200 дона тамоку, ё нӯшокии спиртӣ иҷоза дода шудааст, аммо силоҳ, маводи мухаддир, меваю сабзавот ва маҳсулоти гӯштӣ тамоман мумкин нест.  Ҳарорати миёнаи ҳаво 25 то 28 дараҷа гарм аст. Моҳҳои ноябр, декабр, январ ва феврал субҳидам каме хунуктар мешавад. Аз моҳи январ то май ҳаво хушк аст. Боқимонда моҳҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва пайдарпай табиати сарсабзи ин ҷазираҳоро таровати тозае мебахшад. 

Реҷаи кории мардуми ин ҷо ва коргоҳу муассисаҳояш низ каме фарқ мекунад. Дар як ҳафта 4 рӯз, рӯзи корӣ аст.  Бонкҳо низ аз душанбе то панҷшанбе кор мекунанд. Асъори пулии хориҷиро метавонед дар бонкҳо, нуқтаҳои ивази асъор, меҳмонхонаҳо ва ҳатто тарабхонаҳо иваз кунед. Аммо аз ҳама қурби дурусту муфид дар бонкҳост. Дӯкону мағозаҳо ҳам аз рӯзи душанбе то панҷшанбе ва аз соати 8 то 16 кор мекунанд. Фурӯшгоҳҳои ҳунармандӣ ва мағозаи тӯҳфаҳо одатан ҳар рӯзи ҳафта кор мекунанд. Инчунин дар манотиқи бандару фурудгоҳҳо савдои озод мавҷуд аст. 

Ҳунармандони ин давлати хурдакак бо маҳсулотии дастии кандакорӣ, бофандагӣ ва дигар намуд ороишоти гуногун (бижутерияҳо) хеле ҳам шӯҳратёранд. 

Инчунин ин ҷо интихоб дар самти гӯшти моҳӣ хеле васе буда, дар баҳри атрофи ҷазираҳоро иҳотакарда то сангпуштҳои обӣ, даҳҳо намуд наҳанг-акулаҳо, кит ва делфинҳо мавҷуданд. Оби дар кӯлҳои ин ҷазираҳо вуҷуддошта шаффофтарин дар дунёст. Бисёре аз аҳолии Гренада дар  Британияи Кабир, ИМА ва дигар давлатҳо муҳоҷиранд. 

Дини мардуми Гренада 45% насронии шохаи католикӣ, 44% протестантҳо ва 11% англиканҳоянд. Забони расмии давлатиашон англисист. Саршумори аҳолӣ 108 ҳазору 587 нафар то имрӯз ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 50% занону 50% мардонанд. Шояд ин аввалин давлатест, ки дар барномаи “Сайёра” маълумоташро ҷамъ кардем ва шумораи мардону занонашро баробар дидем. Коди телефони давлат +1473 мебошад.

Шаҳрҳои калонтаринаш  Гренвил, Грочу, Виктория, Гоуяве ва ғайра.

Акнун андаке маълумотҳо аҷибашро ҳам пешкашатон мекунем. Дар минтақаҳои наздисоҳилии Гренада истироҳатгоҳҳои зериобӣ ҳам вуҷуд доранд. Ҳатто дар зери об намоиши муҷассамаҳо ҳам баргузор мешавад. Дар парчами ин давлат расми чормаҳзи мускат, яъне дар бархе минтақаҳо онро ҷавзи ҳиндӣ мегӯянд, тасвир шудааст. Як номи дигари давлати Гренада ҷазираи шириниҳои хушбӯй аст. Масоҳати хушкии ин минтақа камтар аз 350 километри мураббаъ аст. Новобаста аз он ки хеле вақт давлат зердасти испаниҳо буд, аммо забони давлати англисӣ мондааст. Инчунин фурсати хеле бисёр дар шумули Британия буд. Қуллаи баландтарини дар ин кишвар вуҷуддошта Сент-Катерин ном дорад ва баландиаш 840 метр мебошад. Якумин китобхонаро дар ин давлат соли 1853 ташкил карда буданд. Ин давлат артиши миллӣ надорад. Фақат пулисҳо ва панҷсад нафар сарҳадбонон дар соҳилҳо  фаъоланд. Доштани маълумоти миёнаи пурра барои ҳар шаҳрванди Гренада ҳатмист. Новобаста аз сатҳи нисбатан баланди таваллудшавӣ, аҳолии кишвар хеле суст зиёд мешавад, зеро бештари мардум баъди муҳоҷират пеш гирифтан барнамегарданд.

Иқтисодиёт. Соли гузашта, яъне 2018-ум маҷмӯи маҳсулоти дохилаи Гренада 1,13 миллиард долларро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 15,1 ҳазор долларӣ рост меояд. 

Аз ҳисоби беҳтарин маводи содиротии кишвар, ки инҳо  маҳсуб меёбанд: Ҷавзи ҳиндӣ (мускатний орех) ба маблағи 10 миллион доллар, моҳӣ 6, 39 миллион доллар, орди гандум ва ҷавдор 2, 4 миллион доллар, какао 2,31 миллион доллар, меваҳои гуногун 1,62 миллион доллар, гӯшти паранда 9,7 миллион, автомобилҳо 9,7 миллион, нӯшока ва шарбатҳо 5,9 миллион доллар даромад ба хазинаи давлат ворид шуда. Самтҳои асосии содироти маводи истеҳсолии кишвар: Ба  ИМА ба миқдорӣ 11,5 миллион, Олмон 3,45 миллион, Ҳолланд 2,06 миллион, Сент Винсент 1,84 миллион, Гайана 1,8 миллион доллар мавод фурӯхта мешавад. Инчунин воридот аз давлатҳои хориҷи ба ин давлат чунинанд Аз ИМА ба миқдори 65,5 миллион доллар, Бритониё ба миқдори 12, 8 миллион доллар, Хитой 10,5 Миллион доллар,, 10,3 миллион ва  8,41 миллион доллар. Маълум, ки импорт, яъне воридот аз содирот бештар суръат мегирифтааст. 

Аммо муҳим иқтисоди пешрафтаву истеҳсолоти замонавии дуруст роҳандозишуда дорад ва мардум ҳам зиндаги хушу гуворое ба сар мебаранд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *