Дирӯз 30 август дар Душанбе иди каду, харбуза ва тарбуз баргузор гардид. Тибқи иттилоъи расонаҳои давлатӣ, ин ид ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар Маҷмааи савдои “Меҳргон”-и пойтахт бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Аз рӯйхати ҳузурёфтагону суханроникардаҳо ва барномаҳои роҳандозишуда дар он бармеояд, ки ид дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Дар иди каду, харбуза ва тарбуз намояндагони ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ, шаҳрдории Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд.
Намоишгоҳро муовини сарвазир Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ифтитоҳ намудааст. Ягона нафаре, ки дар ин ид намерасид, Эмомалӣ Раҳмон бо қайчияш буд. Зоҳиран сабаби ҳузур пайдо накардани ҷанобашон шояд ин бошад, ки идро намешавад бо буридани лента ифтитоҳ кард. Аммо аз тарафи дигар ҳузури раисҷумҳур дар ин гуна идҳо борҳо мушоҳида шудааст. Охирини он ҳам ширкати ӯ дар иди картошка дар Хуҷанд буд, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, устондори Суғд баргузор гардид.
Ҳоло муҳим нест худи Раҳмон дар ин ҷашн ширкат кардааст ё на. Муҳим ин аст, ки бештари ин идҳо, аз ҷумла худи иди каду ба ибтикори шахси раисҷумҳур таъсис шудааст. Бо сиёсати иддӯстдориву рақсу бозии ӯ Тоҷикистон ба кишвари идҳо табдил шудааст. Албатта ид бад нест, агар бо ифтихоре тавъам бошад. Кадуву картошка, тарбузу ангур наметавонанд ифтихор бошанд. Ҳади ақал камтарин далеле мабнӣ бар ин ки яке аз ин сабзавот ё мева аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар паҳн шудааст вуҷуд надорад, ки ҳамин сабаби ифтихор бошад.
Қаблан фикр мекардам идҳои меваву сабзавот бинобар набудани ҳеҷ ифтихори дигар ҷашн гирифта мешаванд. То ба мардум ҳамин меваву сабзавотро, ки бештари мансабдорон пуррӯёна меваҳои биҳиштӣ мехонанд, ифтихор пайдо кунанд. Вале баъди меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон дар хонаводаи ду деҳқон ба ин натиҷа расидам, ки сабаб танҳо набудани ифтихори дигаре нест.
Ҳузури раисҷумҳур сари дастархон ва ба қавли тарафдоронаш “сӯҳбати озод бо аҳли хонавода” нишон дод, ки барои ин нафар хӯроку дастархон ва хӯрдану нӯшидан аз муқаддасот аст. Агар ин навор бо ин тасаввур, ки ӯ раисҷумҳур ва миллиардер нест дида шавад, ин тасаввур ҳосил хоҳад шуд, ки паси экран нафаре бешармона “мечарад”-у аз хӯрок ҳарф мезанад, ки ҳаргиз шикамсерӣ хӯрок нахӯрдааст.
Шумо метавонед инро таҷриба кунед. Нафареро пайдо кунед, ки намедонад Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳур аст, масалан як эронӣ ё афғонро, ва ба ӯ ин наворро намоиш диҳед.
Бо он шавқу завқ ва эҳсосе, ки Раҳмон аз қурутобу шакароб ҳарф мезад, метавон бо итминон гуфт, ки моро дар пеш иди ин ду таъом ҳам интизор аст. Ду таъоме, ки бархе таърихнигорон онро ба артиши муғул рабт медиҳанд. Нону қурути хушкро аскарони Чингизхон бо худ мегардонанд ва ҳар ҷое хӯроки дигаре пайдо накарданду ба хӯрдан ниёз пайдо намуданд, онро дар об тар карда истеъмол мекарданд.
Ҳоло бо итминон метавон гуфт, каду, ки аз камистеъмолтарин сабзавот дар ратсиони мардуми тоҷик аст, танҳо ба он хотир соҳиби ид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон онро дӯст медоштааст. Ангур низ инчунин. Маслиҳати “ангурро бо чаппотӣ хӯред, бисёр бомазза мешавад”-ро ба хотир оред. Бо чӣ эҳсоси гарме мегуфт.
Албатта ошиқи хӯрдан будану ҳамеша аз хӯрдану нӯшидан ҳарф задан айби бузурге нест. Мардумони зиёде дар ҷаҳон, бахусус кишварҳои пешрафта гирифтори ин ишқанд ва ҳамеша аз он мегӯянд. Барномаҳои пӯхтупаз ҳам сербинандатарин барномаҳо ҳастанд. Аммо барои як раисҷумҳур ин на танҳо айб, балки гуноҳи нобахшиданист. Чунин раҳбари давлат на танҳо кишварашро хароб мекунад, балки онро мехӯрад. Бо маънии томи ин калима. Ҳақиқате, ки мо, мардуми Тоҷикистон дар ин сӣ сол шоҳид будем.
Раҳбари давлат бори аввал дар 28 соли ҳукуматаш ба хонаи яке аз шаҳрвандони ба гуфтаи расонаҳои давлатӣ оддии кишвараш ба меҳмонӣ меравад (ҳарчанд оддӣ будани онҳо ҷои баҳс аст). Ва ҷои он ки аз мушкилоти хонавода, маҳалла, деҳа, шаҳр ва билохира кишвар сӯҳбат кунад ва бо онҳо расидагӣ кунад, ба кадбонуҳои хона меомӯзонад, ки чӣ гуна бояд нон пӯхту угро буриду равған ба шакароб рехт. “Буғаш бояд чаҳор метр боло равад”.
Ӯ беҳтарин таъомҳои дунёро тановул мекунад, шояд барои дастархони рӯзонааш на камтар аз 1000 доллар масраф мешавад, вале дар орзуи лағмони ӯйғӯрӣ аст. Шахсан пазандаи ин таъморо ҷустуҷӯ мекунад, то барояш дар қасри раёсатҷумҳурӣ лағмони уйғӯрӣ пазад.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва ҳоло “рақиб”-и Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар як мусоҳибааш бо рӯзноманигор Абдуқайюми Қаюмзод зарбулмасали олие гуфта буд: гадо агар подшоҳ ҳам шавад, 40 сол бӯи гадоӣ аз димоғаш намеравад. Ҳоло маълум мешавад ин нафар яке аз беҳтарин мушоҳидаҳо дар таърихи навини Тоҷикистонро доштааст. Ман агар дар Тоҷикистон мебудам, ҳатман ба ин мард овоз медодам. Ӯ ҳади ақал воқеъбин будааст.
Қаблан фикр мекардам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамон як совхози роҳбарикардаашро ҳам харобу муфлис карда буд, дар ҳеҷ ҷое кор намедиҳад. Фикр мекардам ӯ ҳунаре ҷуз дуздидани моли мардум ва ғорати кивараш надорад. Аммо ҳоло мутмаъин шудаам ӯ як ҳунар доштааст.
Ӯро метавон ровии як барномаи телевизионии хӯрокпазӣ монд. Бо он шӯру шавқ ва оби даҳоне, ки ин нафар дар бораи хӯрданиҳо ҳарф мезанад, ин барнома пурбинандатарин барнома дар кишвар хоҳад буд.