Рубрики Хабарҳо

ҲСДТ интихоботро таҳрим кард

ҲСДТ интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки баргузорияш санаи 11 октябр эълон шудааст, таҳрим кард.

Дар ин бора, Қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз 31 августи соли 2020 дар саҳифаи фейсбукии Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳисзб расонаӣ шуд.

Раҳматиллои Зоиров навишт, ки “31 августи соли 2020 Шӯрои сиёсии ҲСДТ вазъи сиесиву ҳуқуқӣ, қонунгӯзории ҶТ оид ба интихобот ва таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.

Оид ба масъалаи гузошта шуда, аз ҷумла ширкати ҲСДТ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров шунида шуда, ба баррасӣ гирифта шуд. Дар гузориш қайд гардид, ки интихоботи дар пеш истода бидуни риояи қавонини интихоботии Конститутсияи ҶТ сурат мегирад ва иштирок дар он ғайриимкон мебошад.

Дар қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ омадаааст, ки “таъини интихоботи президентӣ дар санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зиддӣ модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда аст;

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки “ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба президенти ҶТ, қи 250 ҳазор муқаррар карда шудааст, ғайриимкон аст, зеро 50 дар сади шаҳрвандони ҶТ дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд.

Дар қарор омадааст,  “қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ, ки таъсиси он бар асоси принсипи «бепартиявӣ» сурат гирифтааст, аслан аз аъзои ҳизби ҳоким ташкил шудааст. Аз ҷумлаи 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботӣ 25 ҳазорашон аъзои Ҳизби ҳалқӣ-демократӣ  мебошанд.

Дар қарори  Шӯрои сиёсии ҲСДТ талаб шудааст, ки Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиесӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисерҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якҳизби мубадал гардондааст.

Аз ҷумла таъкид шудааст, ки  Ҳаммаи комиссияҳои интихоботӣ ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти Тоҷикистон, ҳизбҳои сиесӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор боҷавонон соҳторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст.

Дар асоси далелҳои зайл ва вазъи феълӣ бо дарназардошти риояи меъёрҳои қонунгузории интихоботи демократи ва озодӯ шаффоф, манофеъи ҷомеъа ва давлатдории мутамаддин Шӯрои сиёсии ҲСДТ

Қарор кардааст, ки  ҲСДТ аз пешбарии номзад ба мансаби президенти ҶТ ҳамҷун намоянда аз ҲСДТ бо сабаби ғайриконститутсионӣ таъин шудани интихобот ва дигар сабабҳои зикргардида, худдорӣ мекунад;

ҲСДТ интихоботи президентии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2020-ро таҳрим мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *