Рубрики Хабарҳо

Нилуфар Раҷабова аз духтари раисҷумҳур кӯмак хост

Нилуфар Раҷабова, ки аз тарафи сарҳанги пулис Машраф Истамзода таҳқир ва таҳдид ба таҷовуз шуда буд, бо номае ба раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикитон муроҷиъат кардааст.

Духтари зиндонии сиёсӣ Раҳмаутллоҳи Раҷаб ва хоҳари рӯзноманигори маъруф Шӯҳрати Раҳматулло дар номааш, ки нусхаи онро сойти Ахбор нашр кардааст, аз Озода Раҳмон хостааст, то дар расидан баадолат ба ӯ кӯмак кунад.

Нилуфар навиштааст ба Озода Раҳмон на чун ба раиси Дастгоҳи раисҷумҳур, балки чун ба як зан-модар муроҷиъат мекунад.

Матни номаи Нилуфар Раҷабова ба шакли зер аст:

Мухтарам Озода Рахмон, ба Шумо ман, Нилуфари Раҷаб, як модари ҷафокашида ва озордида муроҷиат мекунам. Ин муроҷиатам на ба роҳбари дастгоҳ, балки ба як зан модар аз ҷониби модари дигарест.
Чорае надорам ва танҳо фикр мекунам, ки чора ба шумо муроҷиат кардан аст, ки шояд худатон аз ин таҳқиру фишори бар сари зани тоҷик овардаи шахсони алоҳидаи мақомоти қудратӣ хабар надошта бошед, шояд аз серкорӣ надонед, ки имрӯз дар кишвар чӣ мегузарад ва чӣ балоеро дар сохторҳои қудратӣ ба сари зани муштипари тоҷик меоранд.
Оре, шояд шумо надонед. Шояд раиси Кумитаи занҳо, ниҳоде, ки бояд барои ҳифзи занону модарон кор кунад ва пайваста аз ҳоли ҳар модари тоҷик бохабар бошад, медонад, ки имрӯз зани тоҷик чӣ мушкил доранд, аммо барои шумо вазъро дигар хел тавзех медиҳад.
Дар ҳакикат, ман намедонам дар долонҳои ҳукуматӣ чӣ мегузарад ва Шумо аз модари тоҷик чи гуна дифоъ мекунед. Фақат чун як шаҳрвандии одди кишвар ҳаминашро медонам ва мешунавам, ки занҳои одди дар маъракаҳо аз Шумо васф мекунанд ва мегӯянд, ки Озодаи Раҳмон ба мушкили ман расидагӣ кард. Пас ман ҳам мушкиламро ба Шумо мегӯям.
Як моҳ аст, ки ман, модари се фарзандро, ки дутояш маъюб мебошанд, аз як ниҳоди ҳуқуқӣ ба дигараш мекашанд. Ва он ҳам ба хотири он ки ман зани мазҳаби хастам ва нагузоштам, ки руймоли сарамро кашида гиранд. Ва ҳар вақте ки маро ба яке аз ин ниҳодҳо фарёд мекунанд, ё бо зурӣ мебаранд, дар дилам оташаки умеде аланга мезад, ки шояд имрӯз нафаре пайдо мешаваду аз ман дифоъ мекунад, аммо афсус. Дирӯз бо даъват ба прокуратураи ноҳияи Сино охирин умедам аз даст рафт. Дар ҳама ниходҳо бо ҳам забон як кардаанд, то ҷинояткореро, ки дар либоси ҳомии ҳуқуқ аст, сафед кунанд. Магар шумо нашунидед, ки бо ман дар ватани худам чи карданд ва чиҳо мехостанд, ки кунанд? Агар чунин ҷиноят дар дигар кишвар рух медод садҳо ё ҳазорон нафар бонувон ба хиёбонҳо мерехтанд то аз ҳаққи ҳамҷинси худ дифоъ кунанд. Шумо аз мани хонашин бештар иттилоъ доред, чунки таҳсилдидаву ҷахонгаштаед, аммо ман аз шунидаҳоям мегуям. Ва дар филмҳои ҳинди ҳам дидам, ки чи гуна занон аз ҳам дифоъ мекунанд. Ва шунидаму дидам дар интернет, ки дар Афгонистони ҷангзада занҳо чӣ гуна бори номуси Фархундаи ғурамаргро кашиданд.Боз бармегардам ба қазияи худам. Чанд ҳафта боз дар гирдоби моҷароям. Моҷарое, ки аз он ними дунё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф шуд ва худи шумо ҳам шунидагистед, агар инро ҳам аз шумо пинҳон надошта бошанд! Шунидед, ки як корманди полис, ҳамон ниҳоде, ки бояд ҳар як сокини кишварро ҳимоя кунад, ба номуси ман дастдарозӣ кардани буд ва ин корро бо ин мақсад кардани буд, ки гӯё ман фарханги бегонаро дар Тоҷикистон тарғиб мекунаму чунин супорише аз ҷониби шумо сурат гирифтааст, ки ҳар нафаре, ки имрӯз сатр дорад бояд боздошту муҷозот шавад.
Ин супоришро кӣ додааст, ки занҳои русаридорро баранду таҷовуз, таҳқиру таҳвин кунанд? Магар бо ин амали зишт обрӯи кишвар ва шуморо дар арсаи байналмилалӣ намерезанд? Кӣ Кумитаи занонро вазифадор кардааст, ки бо занҳое мисли ман ба чунин шева рафтор кунанд? Ман акнун дарк кардам, ки чаро худкушӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудаст.
Аммо ман худкушӣ намекунам ва аз ҳуқуқи худ ва фарзандҳои бемори худам дифоъ хоҳам кард! Ва муроҷиати мани модар ба шумои модар ҳам маҳз ба он хотир буд, ки шумо воқиф бошед ва пеши роҳи ин ҷинояткоронро гиред. Медонам, ки фақат шумо метавонед, ки маро ҳимоят кунед, агар воқеан бихоҳед. Дигарон руирост ба ман гуфтанд, мо метарсем, ки аз ҳуқуқи шумо дифоъ кунем. Истамзодаҳо дасти дароз доранд.
Додгоҳ ҳам бе иштироки ман гузашт. Фақат ба дастам баргаеро доданду гуфтанд, рав ҷаримаро ба маблағи 550 сомонӣ пардохт кун, дар ҳоле ки ман барои ду фарзанди маълумам ҳамагӣ 500 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Бо ин панҷсад сомонӣ ман барояшон дору ва хурокиву пушок мехарам. Бо марг ва зиндагии фарзандонам ҳамеша дар набардам. Ман ба шумо аз он шиква намекунам, ки барои як фарзандам бояд ҳудуди 800 сомонӣ нафақа гирам. Оре, инро намегуям. Намегуям, ки дар сохторҳои ҳуқуматӣ аз маъюбон ҳам медузданд. Ба 500 сомонии додагияшон шукрона мекунам.Ҳатто ҳамин нафақаро ҳам вақте таъин карданд, шарт гузоштанд, ки нимашро мегиранд. Ва чӣ ҳам мегуфтам. То имрӯз сабр кардам. Баъде, ки мани бегуноҳро гунахкор баровардану гуфтанд, ки ҷаримаро пардозам, фикр кардам, ки бошад фарзандонамро як моҳ аз нони даҳонашон бенасиб мемонаму ҷаримаро мепардозам. Аммо, баъдан ба хулосае омадам, чаро ман бояд дар сатҳи инҳо бошам, дар сатҳи онҳое, ки қонунро вайрон кардану ҳуқуқи инсонеро зери пой гузоштанд! Бо пардохти ин ҷарима ман гунохеро, ки накардам ба гардан мегирам. Ин аст, ки ин ҷаримаро намепардозам ва аз Шумо фақат ягона хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду Модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд в ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳукуки тифле е зане аз ҷониби бадгуҳаре поймол шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *