Нақшаи аз Сурия ба ватан овардани занону кӯдакони тоҷик, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал вазъи онҳоро “ваҳшатнок” тасвир карда буд, омода шудааст. Дар ин бора манобеъ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ба расонаҳои тоҷикӣ хабар дода гуфтаанд, вале ҳозир нашудаанд, ҷузъиёти нақшаро ошкор кунанд.
Дар гузашта мақомот гуфта буданд, азбаски Тоҷикистон дар Сурия намояндагии расмӣ надорад ва инчунин баъзе аз шаҳрвандон дар минтақаҳои зери назорати давлат ва бархеи дигар дар дасти гурӯҳҳои курд ҳастанд, корро мушкил мегардонад. Дар чанд паноҳгоҳи Сурия беш аз ним ҳазор зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” сабт шудаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар баёнияи расмӣ гуфта, ки фиристодаи кишвар бо баъзе аз мақомҳои Сурия мулоқот ва “масъалаи шахсият ва шумораи шаҳрвандон, роҳҳои баргардондани онҳо ба ватан ва мубориза бо терроризму экстремизм”-ро баррасӣ намудааст.
То ин дам чанде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистону Қазоқистон чандин шаҳрванди худро аз ин кишвар берун овардаанд. Тоҷикистон таҷрубаи берун овардани кӯдакони ҷангҷӯёнро аз Ироқ дорад.
Аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистиву кӯмак ба террористон” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.