Рубрики Хабарҳо

11 созмони байналмиллалӣ аз Белорус хостанд Фарҳод Одинаевро озод кунад

Созмонҳои байналмиллаӣ бо нашри баёнияе аз мақомоти Белорус хостанд аз истирдоди Фарҳод Одинаев ба Тоҷикистон худдорӣ кунад. “Ба журналисти мустақил ва фаъоли ҳизби сиёсӣ дар сурати истирдодаш аз Белорус ба Тоҷикистон хатари шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати хашин таҳдид мекунад” – омадааст дар баёния.

11 созмони маъруфи байналмиллалӣ гуфтаанд ҳукумати Белорус набояд фаъоли сиёсӣ Фарҳод Одинаевро ба Тоҷикистон супоранд ё истирдод кунанд ва ё бо ҳар роҳи дигаре ба бозгашти маҷбурии ӯ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд. Ин созмонҳо иборатанд аз  Freedom House, Freedom Now, Human Constanta, Авфи байналмилал, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани ҳуқуқи муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ, Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ, Маркази ҳуқуқи инсон Viasna, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Хелсинки ва Хабарнигорони бидуни марз.

“Ҳукумати Тоҷикистон бо таъқиботи байналмиллалиаш, ки берун аз хоки кишвараш муҳоҷирони осоиштаро таҳдид ва дастгир мекунад маъруф аст – гуфт Стив Сверддлов, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Осиёи Марказӣ. – Белорус масъулиятҳое дар нафиристодани Одинаев, ки дар онҷо меатавонад бо шиканҷа ё дигар намудҳои муносиботи хашин рӯбарӯ шавад, дорад ва бояд ин масъулиятҳоро риоя кунад”.

Тибқи иттилоъи созмони Human Constanta, ба Додситонии кулли Белорус ҳуҷҷатҳо дар бораи дархости истирдоди Фарҳод Одинаев расидаанд, ки дар он мақомоти Тоҷикистон Одинаевро дар қатори дигар ҷиноятҳо ба “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” (моддаи 307(1)-и КҶ ҶТ) ва “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” (моддаи 307(2)-и КҶ ҶТ) низ гунаҳкор медонанд.

“Мақомоти Белорус бояд билофосила ва бидуни қайду шарт Одинаевро озод намоянд ва ба ӯ иҷоза диҳанд ба кишвари бехатари севвум биравад – гуфт Мариус Фассум, намояндаи минтақавии Кумитаи норвежии Хелсинки дар Осиёи Марказӣ. Иёлоти муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамаи шарикони байналмиллалии Белорус бояд пофишорӣ намоянд, то Минск Одинаевро надиҳад ва бояд барои маҳдудкунии озодиҳо дар Тоҷикистон нигаронии амиқ  намоянд” .

Дар байния гуфта мешавад “Тоҷикистон озодии динро маҳдуд кардааст, фаъолиятҳои динӣ, аз ҷумла либосу таълимро танзим мекунад, ва бо иттиҳомоти шубҳаовари ифротгароии динӣ нафарони зиёдеро ба зиндон меандозад. Мақомоти Тоҷикистон таълимоти исломиро манъ кардаанд, мавъизаҳо дар масҷидро назора мекунанд ва масоҷиди расмии зиёдеро бастаанд. Бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои динии зиёдеро мамнӯъ кардааст”.

11 созмони байналмилал ҳамчунин гуфтаанд “Шиканҷа дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шудааст, аммо зиёд ба кор гирифта мешавад. Пулис ва муфаттишон барои маҷбур кардан ба эътироф боздоштшудагон, аз ҷумла тарафдорони гурӯҳҳои мухолиф мисли ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 аз шиканҷа кор мегиранд”.

Дар ин баёния ҳамчунин аз шиканҷа шудани муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит ёд шудааст. 

Фарҳод Одинаев фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва раҳбари собиқи телевизиони “Сафо”, дирӯз 25 сентябр зимни убури марзи Белорус бо Литва аз тарафи мақомоти Белорус боздошт гардид. Ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Гроднои Беларус нигоҳдорӣ мешавад. 

Одинаеви 42-сола бо ибтикори мақомоти Тоҷикистон дар листи ҷустуҷӯи дохилии ИДМ қарор доштааст, аммо гуфта мешавад шаҳрвандии Русияро дорад. Одинаев барои суханрони дар нишасти САҲА ба Варшава мерафт ва қарор буд аз номи созмони “Муколамаи АвруОсиё” суханронӣ кунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *