Рубрики Хабарҳо

Номаи дод: Ҳеҷ табиб дигар ба кор барнамегардад

Ба дасти мо номае расид, ки бори дигар собит мекунад мақомот ҳамин фоҷеъаи бузурги миллиро ҳам ба бизнеси шахсии худ табдил додаанд. Дар натиҷа ҳазорҳо табиб гирифтори коруно шуда, бахши аъзами онҳо дар фикри тарки касб аст.

Матни нома бо забони русӣ буд ва мо тарҷумаи онро бидуни таҳрир нашр мекунем.

Рӯз ба хайр! Метавонед ин мактуби маро бидуни зикри ном нашр кунед?

Домоди ман дар табобатгоҳи Мансуров — гастроэнтерология, кор мекунад. 14 рӯз дар хидмати беморон буд. Дар 14 рӯз ба онҳо 4 ниқоб доданд ва 4 маротиба либосҳои муҳофизатиашонро иваз карданд. Табиист, ки ҳамаи табибон мубтало шуданд, аз ҷумла домоди ман. 

Баъди ин худи онҳо бояд дар ҳамон беморхона карантин мешуданд, чун бештарашон табъи баланд ва дигар нишонаҳоро доштанд. Вале баъди 4 рӯз аз онҳо талаб карданд, ки катҳоро барои беморони нав холӣ созанд ва дар ҷои дигар худкарантинӣ кунанд.

Хулоса, маҷбур шуданд чанднафарӣ пул партофта хонаеро аз ҳисоби худ барои чилланишинӣ иҷора гиранд, то хонаводаҳояшонро сироят накунанд. 

Моҳонаи ваъдашударо онҳо то ҳол нагирифтаанд, гӯё дар система халал ворид шудааст. Баъди 14 рӯзи карантин онҳо бояд ба ҷои кори худ баргарданд. Акнун, баъди ин қадрношиносӣ ҳеҷ як аз ин табибон намехоҳад ба ҷои кораш баргардад. Ва домоди ман ягона табибе нест, ки ин қадар ноодилона бо ӯ рафтор кардаанд.  

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *