Рубрики Хабарҳо

Тазоҳуроти аҳолии Лондон алайҳи сиёсати Ҳинд дар Ҷому ва Кашмир

Ҳазорон нафар аз аҳолии Лондон дар эътироз ба тасмими давлати Ҳинд барои лағви мавқеияти вижаи Иёлоти Ҷому ва Кашмир муқобили сохтмони Комиссиюни Олии ин кишвар тазоҳурот карданд. 

Онҳо плакатҳое бо навиштаҳои “Кашмири озод”, “Кашмир месӯзад”, “Артиши Ҳинд аз Кашмир хориҷ шав” ва “Мудӣ ҷанг накун, чой дуруст кун” дар даст доштанд. 

Мӯътаризон ҳамчунин бо ҳамли парчами Покистон ва Кашмир, шиорҳое дар мухолифат бо тасмими ахири давлати Ҳинд сар доданд. 

Гурӯҳе аз тарафдорони давлати Ҳинд низ бо таҷаммӯъ дар он наздикӣ тазоҳурот карданд. Полис барои ҷилавгирӣ аз даргири миёни тарафайни тадобири лозимро иттихоз кард. 

Гуфтанист намояндагони маҷлиси қонунгузории парлумони Ҳинд дар шашуми август лоиҳаи тақсими Иёлоти Ҷому ва Кашмир ба ду сарзамин иттиҳодияи ҷудогонаро тасвиб карданд. 

Ин лоиҳа як рӯз пеш низ дар Маҷлиси аълои парлумони Ҳинд ба ройгирӣ гузошта шуда ва бо 125 мусбат дар муқобили 61 раъйи манфӣ ба тасвиби намояндагони ин маҷлис расида буд. 

Аз сӯи дигар, тарҳи пешниҳодӣ барои лағви модаи 370 қонуни асосии Ҳинд низ, ки мавқеияти вижае ба минтақаи Ҷому ва Кашмир эъто мекунад, дар маҷлиси қонунгузорӣ бо 351 раъйи “бале”, 72 раъйи “на” ва як раъйи “бетараф” тасвиб шуда буд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *