Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон метавонад гузаргоҳи транзитӣ барои Тоҷикистон шавад

Нархи гарони билети тайёра ва инҳисори бозори ҳавопаймоӣ боис шудааст ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик мавқеъашонро дар ин бозор аз даст диҳанд.   

Бинобар муҳоҷирати густарда, 95 дарсади парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия сурат мегирад. Нархи гарони билетҳо боис шудаанд, ки муҳоҷирони шимоли Тоҷикистон ба Русия тавассути вилояти Баткену Ош ва сокинони Бадахшон тавассути Оши Қирғизистон сафарро ихтиёр кунанд.

Баъди баимзорасии режими бидуни виза, барои шаҳрвандони Тоҷикистон осмони Ӯзбекистон ҳам боз шуд. Шаҳрҳои бузурги Ӯзбекистон, ки фурӯдгоҳҳои байналмиллалӣ доранд — Тошканд, Намангон, ва Самарқанд дар масофаи дастрас ба шимоли Тоҷикистон қарор доранд.

Барои мисол нархи билети Самарқанд — Истамбул — Самарқанд, ки Turkish Аirlines павоз мекунад 600 доллар аст, дар ҳоле, ки  Душанбе — Истамбул — Душанбе 700 доллар. Дар ҳамин ҳол барои сокинони шимоли Тоҷикистон рафтан ба Самарқанд аз рафтан ба Душанбе осонтар аст.

Ба шаҳрҳои Русия ҳам нарх фарқ мекунад Масалан ба Маскав аз Душанбе 270 доллар аст, аз Хуҷанд 240. Аммо аз Тошканду Самарқанд мутаносибан 220 ва 200 доллар.

Ба Санкт Петербург аз Душанбе мешавад ба 270 доллар парвоз кард, аз Хуҷанд 240, Тошканду Самарқанд 215.

Дар ҳамин ҳол нархи билет аз Ош ба Пулково 170 доллар ва ба Маскав 180 доллар аст.    

Албатта фарқи нархи парвозҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Русия ба ҳаде нест, ки мусофирони зиёд аз ин кишвар парвоз кунанд. Вале Ӯзбекистон қасд дорад дар ояндаи наздик нархи билети ҳавопайморо поин оварад. Қаблан раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев эътироз карда буд, ки ширкати ҳавопаймоии миллӣ барои оптимизатсияи нархҳо, кушодани хатсайрҳои нав, васеъ кардани ҷуғрофиёи парвозҳо ва имкониятҳои мусофиркашонии транзитӣ кӯшиш намекунад.

Вобаста ба ин назди “Ӯзбекистон хаво йӯллари” як қатор вазифаҳо гузошта шудааст.

Дар ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон фанновариҳои модерни бозорёбӣ (современные маркетинговые технологии) ҷорӣ шуда, имкониятҳои хариди билет тавассути системаҳои вуҷуддошта дар ширктаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва васоити алоқаи пешрафта ҷорӣ карда мешавад.  

Дар он нишаст таъкид шуд, ки баъди аз байн бурдани виза бо чанд кишвари ҷаҳон, ҳамаи билетҳои байни Исроил ва Ӯзбекистон то моҳи июн харида шудаанд.

Аз ин рӯ, шумори хатсайрҳо бо кишварҳое, ки режими бидуни виза ҷорӣ шудааст, бештар карда шуда, хатсайрҳои мустақим ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Урганҷ, Навои ва Қаршӣ  роҳандозӣ хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *