Вазорати умури хориҷаи Русия аз пайдо шудани қароргоҳҳои низомии гурӯҳи террористии ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ кардааст.
Дар ин бора хабар додааст.
Артем Кожин, муовини котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, дар гузориши матбуотӣ гуфтааст, ки пайдо шудани қароргоҳҳои низомии гурӯҳи ДОИШ ва омӯзишҳои низомии онҳо дар Афғонистон, ки дар мазеъҳои наздик ба сарҳади Тоҷикистон аст, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
“Аъзои ДОИШ, ки аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд, дар ин қароргоҳҳо омӯзишҳои низомӣ ва равонӣ мегиранд ва дар як муддати кӯтоҳ ба таҳдиди бузурги амниятии минтақа мубаддал мешаванд. Ин дар ҳоле аст, ки авзои амниятии Афғонистон нигаронкунанда буда, гурӯҳи Толибон наздик ба ниме аз қаламрави ин кишварро, дар ишғоли худ дорад”,- гуфтааст Кожин.
Артем Кожин афзудааст, сабаби дигари нигаронкунанда, ҷиҳати амнияти Афғонистон, нуфӯзи гурӯҳи террористии ДОИШ аст, ки ба тадриҷ минтақаҳои шимолии ин кишварро зери тасарруфи худ медарорад. Гурӯҳи ДОИШ акнун бо ташкили қароргоҳҳои низомии худ дар шимоли Афғонистон, талош мекунад, ки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро барои истифода дар барномаҳои худ ҷалб кунад.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯзи охир мақомоти мухталифи Русия бо ибрози нигаронӣ аз авзои амниятии Афғонистон ва густариши нуфузи гурӯҳи террористии ДОИШ дар шимоли ин кишвар ва дар наздикии марзҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҳушдор додаанд.