Рубрики Хабарҳо

Мисриҳо боз ба қиём даъват мекунанд

Мисриҳои хашмгин хостори тазоҳуроти эътирозомез алайҳи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии раисҷумҳури ин кишвар шуданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алолам, корбарони Тветтер, ки аз сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури ин кишвар ба хашм омадаанд бо роҳандозии ҳештаги ба хиёбон меоем ва наметарсем, ба Сисӣ ва ҳукумати вай эълом карданд, ки миллати Миср дигар наметавонад зулму ситам ва беадолатиро таҳаммул кунад.

 Корбарон, Сисӣ ва ҳукуматҳои золимро ҳукуматҳои фосид ва вирусҳои қарн тавсиф карданд.

Бархе дигар низ муддаӣ шудаанд, ки Сисӣ мисриҳоро ташвиқ ба барқарории иртибот бо яҳудиён мекунад ва дастури сохти як маъбади яҳудиро бо хароҷоти ҳудуди 186 миллион доллар дар пойтахти идории нави ин кишвар содир кардааст.

 Генерал Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар июни 2014дар натиҷаи кудато  ба курсии раисҷумҳури Миср нишаст ва дар интихоботи раёсатҷумҳури Миср дар соли 2018 низ бо касби қабакии 97 дарсад овозҳо дар ҷойгоҳи раёсатҷумҳури Миср боқӣ монд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *