Рубрики Хабарҳо

Майк Пампео аз раҳбарони ҷаҳон хост бо Муҳаммадҷавод Зариф дидор накунанд

Вазири умури хориҷаи Амрико лағви сафари Зариф ба Аврупоро иқдоме дуруст хонд ва аз раҳбарони кишварҳои демократик хост бо ӯ дидор накунанд. Пампео хостори озодии бародарони Афкорӣ ва ҳамчунин ҳамаи хориҷиёне шуд, ки ба таври ғайриқонуни зиндонӣ шудаанд. 

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико бо интишори ду пости твиттерӣ аз лағви сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард. Муҳаммадҷавод Зариф қарор буд ин ҳафта барои ширкат дар гуфтугӯҳои нозир бар тавофуқи ҳастаӣ аз ҷумла ба се кишвари аврупоӣ сафар кунад. 

Ба рағми он ки Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон муддаӣ шуда буд, ки лағви сафари Муҳаммадҷавод Зариф ба иллати “мушкилоти лоҷистикӣ” бархоста аз шуйӯъи коруно будааст, таҳлилгарон байналмилалӣ тасмими вазорати умури хориҷаро дар иртибот бо эътирозоти байналмилалӣ нисбат ба эъдоми Навид Афкорӣ медонанд. 

Вазири умури хориҷаи Амрико дар пости твиттерии худ бо ишора ба эъдоми Навид Афкорӣ навиштааст, ки ҳукумати Эрон аз эъдоми Навид Афкорӣ ҳадафи эҷоди рӯъб ва ваҳшат дар байни мӯътаризонро думбол мекунад ва бар он аст то садои эътирозот дар Эронро хомӯш кунад. 

Майк Пампео дар айни ҳол ба шиканҷаи хашини Навид Афкорӣ ва эъдоми ӯ ишора карда ва аз раҳбарони кишварҳои демократик дар саросари ҷаҳон дархост кардааст бо иттико ба тааҳҳудоти ахлоқии худ маҳкам дар баробари хушунати режими Эрон истода ва чунин чизеро рад кунанд. 

Вазири умури хориҷаи Амрико дар пости твиттерии дигари худ таъкид кардааст, ки таваҳҳуши режими Эрон бояд барои онҳо паёмад дошта бошад. 

Пампео дар ин пости твиттерӣ навиштааст: “Раҳбарони ҷаҳон нахустин гоми муҳимро бардоштанд ва сафари Зарифро лағв карданд. Қарори ин сафарҳо намебояд модоми он ки Эрон бародарони Навидро аз зиндон озод кунад ва имкони бозгашт ба ҳама хориҷиён бидиҳад, ки ба таври ғайриқонунӣ зиндонӣ шудаанд, таҷдид шаванд.” 

Гуфтугӯҳои ҳастаӣ 

Муҳаммадҷавод Зариф қарор буд ҳафтаи ҷорӣ дар иртибот бо дархости Амрико мабнӣ бар фаъол шудани механизми моша ва бозгашти таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ба се кишвар Олмон, Бритониё ва Фаронса сафар кунад. 

Ҳадаф аз ин сафар, ёфтани роҳкорӣ барои муқобила бо иқдоми Амрико дар шӯрои амнияти Созмони милал ва ҳамчунин ёфтани созукории муассир барои анҷоми бозаргонии хориҷӣ бо кишварҳои аврупоӣ буд. 

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон як рӯз пас аз интишори хабар эъдоми Навид Афкорӣ, аз лағви сафарҳои Муҳаммадҷавод Зариф хабар дода буд. 

Муфассирони рӯзномаҳо ва аз ҷумла муфассири рӯзномаи олмонӣ “Зуддуича” лағви сафари Зарифро дар иртибот бо эъдоми Навид Афкорӣ дониста буданд. Муфассири ин рӯзнома навишта буд, ки Зариф аз рӯ ба рӯ шудан бо пурсишҳои хабарнигорон ва ҳамчунин сиёсатмадорони аврупоӣ дар иртибот бо эъдоми ин варзишкор воҳима доштааст. 

Акнун Майк Пампео мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ сафари Зарифро лағв кардаанд ва аз онҳо хостааст то таҷдиди ин сафарҳоро машрут ба озодии бародарони Афкорӣ ва шаҳрвандони хориҷии зиндонӣ дар Эрон бикунанд

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *