Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон шоми дирӯз дар гуфтугӯе мустақим, ки тариқи Ютуб ва Фейсбук нашр шуд ба ҳукумат ва мардум муроҷиъат кард. Лаҳни раҳбари мухолифон, ки чанд соли охир рӯ ба тундӣ оварда буд, якбора мулоим шуд ва ҳатто аз мардум хост бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин чанд пешниҳоде ба ҳукумат ва мардум ба хотири камтар кардани таъсири манфии вируси коруно ва бӯҳрони иқтисодӣ ироа кард
Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон коруно ва бӯрони иқтисодии бархоста аз онро хеле ҷиддитар аз мардум ва ҳукумат гирифт. То ҳаде, ки бо фарқ аз ҳукумат, ки дар рӯзҳои мотами саросарии ҷаҳонӣ ба ҷашну рақс машғул буд, раҳбари мухолифин ҳатто аз табрики махсус ба Наврӯз худдорӣ кард ва табрикоташро зимни баромади вобаста ба коруно ва бӯҳрон дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ арза дошт.
Ӯ гуфт мавзӯъ то ҳаде ҷиддӣ аст, ки аз баҳси ҳукумату мухолифин фаротар рафтааст ва бояд ҳукумат, мухолифин ва мардум барои мубориза бо вирус ва камтар кардани паёмадҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии он канори ҳам биёянд.
Кабирӣ ҳатто аз мардум ва мухолифин даъват кард ба ахбори расмие, ки ҳукумат ироа мекунад бештар такя кунанд ва ончӣ ба мақомоти расмӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус мегӯянд, амал кунанд.
Раҳбари мухолифин гуфт набояд на на ҳукумат ва на мухолифин аз ин мусибат суистифода кунанд ва кӯшиш кунанд аз он холи сиёсӣ ба даст оваранд. Ӯ гуфт ситодеро, ки барои муқобила бо коруно таъсис шудааст, бояд худи раисҷумҳур раҳбарӣ кунад. “Зеро ҳаҷми масъала бузургтар аз он аст, ки аз дасти сарвазир чизе биёяд. Салоҳият ва ваколат ва имконоти сарвазир кофӣ нест, ки ҳам барои пешгирӣ аз шуюъи ин вирус талош кунад ва ҳам як омодагии лозим барои замони пас аз вирус бинад ва моро аз ин бӯҳрон бираҳонад”, — таъкид дошт Кабирӣ.
Ва аз раисҷумҳур даъват кард аз “мавқеъи пешвогӣ поёнтар фарояд” чун “раиси ҳукумат ҳам ҳаст ва барои ин аз мардум яке аз баландтарин моҳонаҳо дар ҷаҳонро мегирад” ва назди мардум аз кори ситод ҳисобот диҳад. “Ин ситод ҳар рӯз бояд ташкили ҷаласа намуда ва ба миллат гузориш бидиҳад, ки чӣ кор карда истодааст. Дигар, вақти гузоришгирӣ аз миллат нест, балки вақти гузориш додан ба миллат аст”, — гуфт ӯ.
Раҳбари Паймони миллӣ гуфт “бояд мо як силсила иқдомҳоеро дар назар бигирем, ки бори молиявиро аз дӯши мардум ва аз дӯши соҳибкорҳо сабук кунад. Агар соддатар карда бигӯям, имрӯз шаҳрвандон, соҳибкорон ва корхонаҳо ба ҳукумат андоз месупоранд, ин андозҳо ва пардохтҳо болои нарху наво ва болои гардиши мол таъсир мерасонад. Ҳукумат дар ин чораҳои фаврӣ, ки мегӯем, талош кунад он сангиниҳое, ки то имрӯз бар дӯши мардум буд аз лиҳози пулӣ ва молӣ, онҳоро аз байн бардорад ё лоақал сабук кунад, то мардум нафаси сабуктар бикашанд. Зеро дар ин сурат вақте вориди марҳилаи пасовирусӣ мешавем, дигар сангинии ин фишорҳои пулӣ ва молӣ бар дӯши мардум камтар аст, танҳо дар ин сурат ин корхонаҳо метавонанд худро ҷоннок кунанд ва аз шароити бӯҳрони берун биёянд.”
Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард “ин ситод дар аввалин иқдом, бояд низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқро бекор кунад. Зеро роҳи Душанбе-Чаноқ ҳар сол аз ҷайби мардум ба маблағи 60 то 100 милюн дулор касб мекунад. Ва агар ин низом бекор карда шавад, болои нарху наво таъсир мегузорад ва ҳаддиақал пешгирӣ мекунад аз боло рафтани нарху наво.”
Муҳиддин Кабирӣ даъват кард тамоми пардохтҳо мисли пули барқу обу газ, аз сари қишри камбизоат бардошта шавад. “Ва ҳамчунин пешниҳоди дигар ин аст, ки ҳама гуна тафтишҳо, ба ҷуз марказҳои санитарӣ, феълан озод карда шаванд” — изҳор дошт ӯ.
Раҳбари мухолифин ҳамчунин пешниҳод кард заминҳои кишт дар ихтиёри муҳоҷирине, ки бинобар баста шудани марзҳо дар ватан монданд гузошта шавад, то битавонанд эҳтиёҷоти хонаводаи худро таъмин кунанд.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард истироҳатгоҳҳои мақомдорон барои карантини аз хориҷ омадагон истифода карда шавад. “Ҳамаи онҳо бо пули миллат сохта шудаанд, чун моҳонаи шумо ҳатто ба таъмини хонаводаатон намерасад” — гуфт раиси ҲНИТ дар хитоб ба мақомдорони кишвар.
Кабирӣ таъкид кард бояд маблағҳои дуздидаи мақомдорон мусодира ва барои мубориза бо коруно ва паёмадҳои бӯҳрон истифода шаванд.
Ҳамчунин раҳбари ПМТ бо истинод ба манобеъаш маблағҳои дар офшорбудаи хонаводаи раисҷумҳурро эълон кард: аз 7 то 10 миллиард доллар.
Кабирӣ аз расонаҳои оппозитсиюнӣ даъвар кард аз паҳни маълумот оиди ин вирус худдорӣ кунанд ва ба маълумоти расмӣ ва расонаҳои фаъол дар дохили кишвар мисли Радиои Озодӣ ва Азия-плюс эътимод намоянд.
Ӯ ҳамчунин аз мардум даъвар кард дар ҳолати мушоҳидаи қонуншиканӣ ё бепарвоии мақомот дар мубориза бо коруно онро наворбардорӣ ва расонаӣ кунанд. Ва гуфт “мисли ин ки навори вазъияти бади карантина дар кишвар таъсир гузошт, ҳамчунин, вақте мардум худаш дар фурудгоҳи Маскав садо баланд карданд ва навор гирифтанд, коре ки ҳукумати Тоҷикистон маҷбур кард, иқдом кунад”.
Навори суханронии раҳбари Паймони миллии Тоҷикитсонро метавонед инҷо тамошо кунед: