Ба муносибати солгарди шаҳодати ҳоҷӣ Қаландари Садриддин
Имрӯз як сол аз даргузашти яке аз муассисони ҲНИТ марҳум ҳоҷӣ Қаландари Садриддин сипарӣ мешавад. Шахсияте, ки ҷаласаи нахустини муассисони «Созмони ҷавонони исломии Тоҷикистон» дар манзили ӯ баргузор гардида буд. Он ҳам замоне, ки марҳум 22-сол син доштанд. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар маросими дафни марҳум аз ин ҳодиса ёдовари карда чунин гуфта буд: «Ҳоҷӣ Қаландар манзил ва пулу молашро дар ихтиёри Наҳзат гузошта буд. Ба мисли саҳобаи Расули Худо Равам ибни Абиарқам ва имрӯз дар ҳиҷрат аз дунё гузашт. Хонаи эшон барои мардуми тоҷик ба мисли хонаи Арқам ибни Арқам аст.»
Марҳум моҳи сентябри соли 2017 баъди фишорҳои зиёд аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ба Лаҳистон паноҳанда шуда, то рӯзи реҳлаташон дар ҳолати беморӣ ва зери муроқабати табибон ба сар бурданд.
Марҳум дар тӯли зиндагиашон барои ҲНИТ хидматҳои арзандаро анҷом додаанд, ки шогирдону пайравони эшон дар мақолаҳо ва китобҳояшон аз онҳо ба таври васеъ ёдовар шудаанд. Яке аз намунаҳои онро аз забони Раиси ҲНИТ инҷо зикр кардем.
Барои мо насли имрӯзаи ҲНИТ ва муҳоҷирони Лаҳистонӣ, хусусан банда, ки дар замони дар Лаҳистон будани марҳум масъулияти Намояндагии ҲНИТ дар ин кишварро ба дӯш доштам, марҳилаи ҳиҷрати марҳум ба Лаҳистон ва муддати зиндагии ӯ дар инҷо, ибрат ва дарси бузурге аз зиндагӣ, мубориза ва як наҳзатӣ будани воқеъӣ буд. Ончӣ мо бояд бештар дар мавриди он андеша кунем, сабаби рӯ ба ҳиҷрат овардани марҳум аст он ҳам дар сини пиронсолӣ ва дар замоне, ки аз беморӣ ранҷ мебурд ва хуб медонист, дигар аз умраш он қадар намондааст, ки дунболи зиндагии роҳат ва ҷову макони осуда бигардад.
Маълум буд ӯро дар дохили кишвар ва бар асоси гуфтани наздиконаш зуд зуд мақомот даъват карда азияту озор медоданд ва ҳамеша зери фишор қарор доштааст, аммо ман ба ин андешаам, ки сабаби асосӣ ҳиҷрати марҳум болотар аз ҳамаи инҳост. Чун гузаштаи марҳум ва замони вуҷудаш дар Лаҳистон баёнгари он аст, метавонист дар муқобили ин ҳама фишорҳои мақомот истодагарӣ намояд.
Пас марҳум бо ҳиҷрати худ дар ин сину сол ва бо бадани бемор барои насли имрӯзаи наҳзат чиро мехост бифаҳмонад?
Инҷо мехоҳам бардошти худамро дар ин маврид хидмати ҷавон ироа намоям.
Аз ҳама аввал марҳум мехостанд дар ҳиҷрат ба мулоқоти парвардигораш бираванд.
Наҳзат барои мардум фарзандеро мемонд, ки боре ҳам дар тӯли зиндагиашон аз худ ҷудо накарда буд, ин ҷудоии чанд лаҳзаина барояш бисёр сахт буд, инҷо буд, ки дубора худро ба сафи шогирдон ва муборизони бирасонад ва барои онҳо нерӯи рӯҳӣ ва маънавӣ бахшад.
Шояд ҳам марҳум аз муносибати ваҳшиёна мақомоти Тоҷикистон нисбати худаш пай бурда буд, ки ин номардон омодаи ҳар амали пасте ҳастанд ва агар лозим шавад даст ба ҳар кори ғайри инсоние мезананд. Бинобар ин салоҳ диданд худро аз гирифтор шудан ба фитнае дур бигиранд, то мабодо Худое нохоста ҳарфи баде нисбати ҳаракате, ки дар манзили худаш поярезӣ шудааст аз забонаш берун шавад ва насли имрӯзаи наҳзатро заррае ҳам бошад озурда ва мутараддид намояд. Агарчӣ нахзатиён дар чунин шароит ин иҷозатро барояш дода буданд, вале қалби ӯ ҳеҷгоҳ розӣ ба ин рафтор нисбати ҳамсафонаш, ки дар ин роҳ аз дунё гузаштанд ва низ ононе, ки ҳоло доранд мубориза мебаранд, набуд ва наметавонист қабул кунад. Ин буд ҳиҷратро тарҷеҳ бар будан дар ватан донист.
Агарчӣ марҳум бемор буданд ва медонистанд ҷисман наметавонад кӯмаке ба муборизон намояд, вале вуҷуди худро дар миёни онҳо барои боло бурдани маънавиёташон зарур медонист, яъне инро вазифаи падарии худ нисбати наҳзатиён меҳисобид.
Марҳум ба насли имрӯзаи наҳзат, наҳзатӣ будан, то охирон нафас дар ин роҳ устуворӣ нишон додан ва пойбандӣ ба аҳдоф ва ормонро дарс доданд. Дар воқеъ намунаи як роҳбарӣ воқеъии ба намоиш гузоштанд, ки чӣ ҳад ба роҳи ихтиёр намудааш имон дорад, чӣ андоза онро эҳтиром ва ба он арҷ мегузорад ва пойбанд ба арзишҳои он аст.
Худованд ҳоҷа Қаландари Садриддинро мавриди раҳмату мағфирати худ қарор дода бошад ва ҷаннатулфирдавсро макони охиратро қарор бидиҳад.
Исломҷон Саидов