Рубрики Хабарҳо

Таркиш дар қалён-қаҳвахона дар Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз таркиши балони газ дар як қаҳвахонаи пойтахт хабар дод.

Субҳи имрӯз, 7-уми марти соли 2023, соати 06:30 дар қаҳвахонаи «Шелби», воқеъ дар кӯчаи Борбад,1 таркиши балони газ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа қисмати шишагии қаҳвахона осеб дида, вале ба ягон нафар зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

Гуфта мешавад ин каҳвахона асосан макони қалёнкашӣ будааст. 

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гаштааст, дида мешавад, ки шишаҳои ошёнаи савуми бино пурра фурӯ рехтаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *