11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Наҷоти духтаре дар Хуҷанд, ки худро ба Сирдарё андохт (Навор)

Духтари ҷавоне, ки худро ба дарёи Сир андохт, бо кӯмаки қаиқронҳо наҷот дода шуд. Вуҷуди шоҳидҳо зимни паридани духтар ба об ва доду фарёди онҳо боис шудааст қаиқрон духтарро дида ба наҷоташ шитобад.

Навори шинои духтар дар об ва наҷоташ аз ҷониби қаиқронро “Парвиз ТВ” нашр кардааст.

Манзура Маҳкамова, мудри гурӯҳи Хуҷандро дӯст медорам менависад, ки писараш аз машқ бармегашт ва духтаре, ки ҳамагӣ 4 метр аз ӯ дуртар қарор дошт, якбора ба об парид. Чанд мошин ва мусофирбарҳо низ ҳодисаро дида таваққуф мекунанд ва сарнишинон ба самти қаиқрон фарёд мезананд, ки духтарро наҷот диҳад.

Маҳкамова навиштааст боди сахт боис шудааст қаиқрон чанд муддат садои одамонро нашунавад. 

Мӯсо Диноршоев даргузашт

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *