11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Номи наҷотдиҳандаи духтари худро ба дарё партофта маълум шуд

Донишҷӯдухтареро, ки худро дар Хуҷанд ба дарё партофта буд, Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд наҷот додааст. Дирӯз Паём дар бораи ба дарё паридани ин духтар хабар дода буд.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба шоҳидони ҳодиса хабар медиҳад.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

«Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, — иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 — солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 — солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

Мӯсо Диноршоев даргузашт

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *