Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ таъкид кард, ки ҳамкорӣ байни кишварҳои таҳти таҳрими Амрико онҳоро қавитар мекунад.
Раисӣ дар ин мулоқот, ки дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Узбакистон анҷом шуд, хитоб ба раисҷумҳурии Русия гуфт: “равобит байни кишварҳое монанди Эрон, Русия ё дигар кишварҳо, ки таҳти таҳримҳои Амрико ҳастанд, метавонад ба онҳо кумак кунад, то бар бисёре аз мушкилот ғалаба кунанд ва қавитар шаванд.”
Вай афзуд: “амрикоиҳо агар фикр мекунанд бо ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи бархе кишварҳо метавонанд онҳо аз ҳаракат боздоранд, дар иштибоҳ ҳастанд.”
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дар ин дидор бар азми ҷиддии кишвараш барои тавсеаи равобити роҳбурдии дуҷониба бо Русия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ҳавонавардӣ таъкид кард.
Ин дувумин дидори раисҳои ҷумҳурии ду кишвари Эрон ва Русия тайи ду моҳи гузашта аст. Владимир Путин рӯзи 19 июли гузашта барои ширкат дар нишасти сеҷониба бо сарони Эрон ва Туркия бар сари масоили ҷорӣ дар Сурия ба Теҳрон сафар карда буд.
Путин низ, ки дар Самарқанд, маҳалли барпоии нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай ҳузур ёфта, дар ҷараёни дидор бо ҳамтои эронии худ таъкид кард: ҳамкориҳои мо ба таври дуҷониба ба шакле мусбат дар ҳоли тавсеа аст.
Путин: созишномаи ҳамкории роҳбурдии Эрон ва Русия ниҳоӣ шуда
Вай афзуд, ки кор бар рӯйи як созишномаи роҳбурдии ҷадид миёни Русия ва Эрон тақрибан комил шуда ва як ҳайати тиҷории бузурги муташаккил аз 80 ширкати бузург аз ҷониби кишвараш ҳафтаи оянда барои фароҳам кардани заминаи иҷроӣ кардани он ба Эрон сафар хоҳад кард.
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо ҳамтои эронии худ зимни ёдоварии ин нукта, ки мавозеъи ду кишвар дар бисёре аз масоил наздик ё яксон аст, гуфт: мо ҳар кореро, ки лозим аст анҷом медиҳем то Эрон ба узвияти комили Созмони ҳамкории Шанхай дарояд.
Эрон аз соли 2005 узви нозири ин эътилофи минтақаӣ ба шумор мерафт. Ин узвият дар иҷлоси соли гузаштаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба Эрон эъто шуд.
Эрон беш аз 10 сол интизор кашид то ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай дарояд зеро чандин узви ин Созмон моил набуданд кишвареро, ки ба далели барномаи ҳастаияш таҳти таҳрими Иёлоти муттаҳида ва Созмони милал қарор гирифта, дар сафи авфи худ бипазиранд.
Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ин хусус таъкид кардааст, ки узвияти кишвараш дар Созмони ҳамкории Шанхай ва равобит бо кишварҳои узв метавонад ба тавсеаи иқтисодии Эрон ва минтақа кумаки зиёде кунад.
Си Тсинпин, раисҷумҳури Чин ҳам, ки барои нахустин бор пас аз ҳамагирии Ковид ба хориҷ сафар карда, ба таври ҷудогона бо Путин дидор кард. Мақомоти Кремл баҳс ва табодули назар дар мавриди Укроин ва Тайванро аз меҳварҳои аслии дидори Путин бо ҳамтои чиниаш унвон кардаанд.
Эрон, ки интизор меравад табдил ба яке аз аъзои доими Созмони ҳамкории Шанхай шавад, субҳи панҷшанбе ёддошти тафоҳуми созишномаҳои марбутаро имзо кард. Вазири хориҷаи Эрон бо эъломи ин хабар дар сафҳаи инстаграми худ гуфта, ки кишвараш аз ин пас вориди марҳалаи навине аз ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои гуногуни иқтисодӣ, бозаргонӣ, ҳамлу нақл ва энержӣ шудааст.
Ҳашт кишвар Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоли ҳозир узви доими ин Созмон ҳастанд ва Эрон, Беларус, Муғулистон ва Афғонистон то кунун аъзои нозири онро ташкил медоданд. Аз ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳам ба унвони шарикони гуфтугӯии созмон ёд мешавад.
Нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар таърихи 15 то 16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст.