Арманистон рӯзи чаҳоршанбе 14 сентябр дар бораи хатари табдил шудани даргирӣ миёни ин кишвар ва Озарбойҷон ба як ҷанги тамомаёр ҳушдор дод ва аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, ки ба вазъияти вахиме, ки метавонад ба як ҷанги бузурги дигар байни кишварҳои Шӯравии собиқ табдил шавад, таваҷҷуҳ кунанд.
Нахуствазири Арманистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки теъдоди сарбозони кушташудаи арманӣ ҳадди ақал 105 нафар аст. Никол Пашинян дар парлумони Арманистон гуфт: “бар асоси иттилооти дарёфтшуда, то ба имрӯз кушта шудани 105 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон таъйид шудааст.” Арзёбии қаблии артиши Арманистон аз охирин талафоти ҷонии низомиёни ин кишвар 49 нафар буд.
Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе ба Арманистон пешниҳод дод то ҷасади 100 сарбози арманиро, ки дар даргириҳои рӯзҳои гузашта кушта шудаанд, таҳвил диҳад. Комиссиюни давлатии асирони ҷангии Озарбойҷон дар баёнияе эълом кард: “Озарбойҷон Арманистонро ба оташбас фаро мехонад ва омодаи таҳвили ҷасади 100 сарбози артиши арманӣ аст.”
Пашинян: Озарбойҷон дар панҷ моҳи ахир 50 километри мурабаъ аз заминҳои Арманистонро “ишғол” кардааст
Ҳамзамон, Никол Пошинён дар ҳамин рӯз гуфт, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 километр мурабаъ аз заминҳои Арманистонро дар ҷараёни даргириҳои марзӣ рӯзи сешанбе ишғол кардаанд.
Пошинён, ки дар парлумон дар Ереван, пойтахт, сухан мегуфт афзуд, ки “душман 40 километри мурабаъ аз заминҳои Арманистонро дар моҳи май ва 10 километри мурабаъи дигарро дар ҷараёни даргириҳои ахир ишғол кард”. Вай ҳамчунин гуфт, ки “онҳо бояд сарзаминҳои моро тарк кунанд”.
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон телефонӣ гуфтугӯ карданд
Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён ба думболи даргирии ахир миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар гуфтугӯии телефонӣ бо Ҷайҳун Байрамов, вазири хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон ба вай гуфт, ки Теҳрон марзи Эрон ва Арманистонро як “роҳи иртиботи таърихӣ” медонад, ки бояд бидуни тағйир ҳифз шавад.
Ба гузориши ИРНО, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин тамоси телефонӣ аз шурӯъи даври тозаи даргириҳо миёни Боку ва Ереван ибрози нигаронии шадид карда ва гуфтааст, ки Эрон омодаи кумак ба ҳалу фасли муноқишаи ду кишвари ҳамсоя дар Қафқоз ба “сурати мусаламатомез ва аз тариқи сиёсӣ” аст.
Амир Абдоллоҳиён дар ин тамоси телефонӣ ҳамчунин ба Байрамов гуфтааст, ки “минтақа таҳаммули ҷанги ҷадидеро надорад” ва Теҳрон хоҳони “ҳифзи тамомияти арзии кишварҳо аз ҷумла Озарбойҷон ва Арманистон” аст.
Ба навиштаи ИРНО, Ҷайҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи Озарбойҷон низ ба ҳамтои эронии худ гуфтааст, ки “кишвараш ба думболи боло бурдани сатҳи равобит бо ҳамсоягони худ аст ва ҷумҳурии Озарбойҷон чашмдоште ба хоки ҳеҷ кишваре надорад”.
Урдуғон ва Путин дар Самарқанд бар сари буҳрони Арманистон ва Озарбойҷон гуфтугӯ мекунанд
Ба гуфтаи яке аз мақомҳои аршади Туркия, Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Владимир Путин раисҷумҳури Русия қарор аст тайи дидоре дар Самарқанд роҷеъ ба даргирӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон бо ҳам гуфтугӯ кунанд.
Ин мақоми Туркия мегӯяд: “мавзӯъи ин даргирӣ дар гуфтугӯ бо Путин матраҳ хоҳад шуд. Зеро нақши Русия ва Туркия дар поён додан ба ин ҷанг ошкор аст. Туркия ҳамчунин бо ҳадафи миёнҷигарӣ ва поён додан ба ин даргириҳо тамосҳоеро бо ду кишвар барқарор кардааст.”
Дидори Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узв ва меҳмони СҲШ баргузор мешавад.
Олмон ҳам аз Боку ва Ереван хост ба даргириҳо поён диҳанд
Дар охирин вокунишҳо ба ин даргириҳо давлати Олмон низ ҳамчун Фаронса ва Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо баёни ин, ки даргирии амнияти кулли минтақаро таҳдид мекунад аз Арманистон ва Озарбойҷон хост, ки ба даргириҳо поён диҳанд.
Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар як нишасти хабарӣ гуфт: “мо аз Озарбойҷон ва Арманистон мехоҳем, ки фавран ба ҳар гуна иқдоме, ки амнияти ду кишвар ва ҳамчунин минтақаро ба хатар меандозд, поён диҳанд ва аз ҳар ду кишвар мехоҳем ба ҳар қимате, ки шуда ба гуфтугӯ идома диҳанд. Мо пешниҳод медиҳем, ки парлумони Аврупо ба унвони миёнҷӣ амал кунад.”
Хонум Бербок ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз кашида шудани даргириҳо ба манотиқи ғайринизомӣ афзуд: “давлати Олмон амиқан аз гузоришҳо дар бораи даргириҳо дар хати марзи Арманистон ва Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамалот ба зерсохтҳо ва иқоматгоҳҳои ғайринизомӣ нигарон аст.”
Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе, дуруст як рӯз пас аз шадидтарин даргирии байни ду кишвар аз соли 2020 якдигарро ба ҳамла ба марзҳои муштарак муттаҳам карданд. Ин ҳамалот дар ҳоле анҷом мегирад, ки Русия даргири таҳоҷуми низомӣ дар Укроин аст. Маскав дар соли 2020 ва дар даври пешини ин даргириҳо ба унвони миёнҷӣ амал кард.
Арманистон ва Озарбойҷон, ду ҷумҳурии Шӯравии собиқ дар минтақаи Қафқоз дар се даҳаи гузашта дубор бар сари контроли минтақаи куҳистони Қарабоғ бо ҳам даргир шудаанд.