Рубрики Хабарҳо

Нетаняҳу: Ҳамлаи пешакӣ алайҳи Эрон истисно намешавад

Сарвазири Исроил Эронро ба кӯшиши мустақар кардани сарбозон дар марзҳои шимолии он айбдор кард. Вай афзуд, ки аз ҳимояти кишвараш даст мекашад ва ҳеҷ имконе, аз ҷумла амалиёти пешгирикунандаи низомиро низ рад намекунад.

Дар ҳошияи суханронӣ бахшида ба солгарди ҷанги 20-рӯза бо арабҳо, Бенямин Нетаняҳу таъкид кард, ки Исроил иҷоза нахоҳад дод, ки нерӯҳои эронӣ дар марзҳои шимолии он мустақар шаванд. “Ҳамлаи пешакӣ душвор аст, аммо агар Эрон мехоҳад ба мо наздик шавад, мо ба чунин ҳамла омодаем” гуфт ӯ. “Ин як дарси мустақимест, ки мо аз ҷанги Ём Киппур омӯхтем.” 

Нетаняҳу афзуд, ки барои дифоъ аз мавҷудияти Исроил ҳар кореро анҷом хоҳад дод ва ҳеҷ имконеро истисно накард.

“Қувваи Исроил дар қудрати низомии он аст, — иқтибос овард Иерусалим Пост аз Нетаняҳу.  — Қудрате, ки бо Урдун, Миср сулҳ овард, созишнома бо АМА ва Баҳрайн. Ин қудратест, ки бо дигар кишварҳо сулҳ мекунад. Ин қудрат ва идомаи он ба мо имкон медиҳад, ки бӯҳрони Коруноро низ идора кунем.”

Нетаняҳу худи ҳамон паёмро дар твиттер такрор карда, навиштааст: “Ҷанги Ём Киппур ҳамеша муҳимияти қудратро ба мо хотиррасон мекунад. Қудрат тарафи дигарро маҷбур кард, ки оташбасро талаб кунад. Қудрати имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки худро муҳофизат кунем.”

Вай пешгирии тамаркузи нерӯҳо ва муқовимат бо онҳоро “дарс”-и ҷанги Ём Кипур номид.

Сарвазири Исроил қаблан гуфта буд, ки талошҳои Эрон ва гурӯҳҳои боэътимоди он дар Ғазза ва Лубнон барои ҷилавгирӣ аз раванди сулҳ ноком хоҳад шуд. “Мо ҳар нафареро, ки ба мо ҳамла мекунад, мезанем” гуфт ӯ.

Ҷанги Арабу Исроил (Ём Киппур) 6 октябри соли 1973, пас аз ҳамлаи ногаҳонии нерӯҳои Миср ва Сурия ба мавқеъҳои Исроил дар шарқи канали Суэц ва баландиҳои Голан оғоз ёфт. Ин минтақаҳоро Исроил дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ишғол карда буд ва ҳамла дар соатҳои охирини Ём Киппур, рӯзи муқаддаси яҳудӣ сурат гирифт ва бист рӯз идома кард.

Дар ин муддат, ҳарду ҷониб ба пешрафт ва ҳамлаҳои ҷавобӣ даст ёфтанд, ки бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид 25 октябр дар бораи оташбас розӣ шуданд. Нетаняҳу дар суханронии худ ба ҳамлаи ногаҳонии Миср ва Сурия ба кишвараш гуфт: “Чунин сенария набояд фаромӯш ё такрор шавад.”

Изҳороти Нетаняҳу дар бораи қудрати ҳукумат дар коруно дар ҳоле садо дод, ки мардуми Исроил ҳафтаҳо ба нишони эътироз аз нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва шадидтар кардани маҳдудиятҳои пандемия намоишҳои зиддиҳукуматӣ барпо карданд. Эътирозгарон сарвазирро ба он айбдор мекунанд, ки бӯҳрони коруноро барои пешгирӣ аз гирдиҳамоиҳои сиёсӣ ва дар ҳошия мондани парвандаи фасоди ӯ истифода мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *