Рубрики Хабарҳо

Талаби $20 млн аз Тоҷик Эйр

Skyroad Leasing, як ширкати литвонӣ  ба додгоҳи федералии ҳавзаи Колумбияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъво бурдааст, то аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр” беш аз 20 миллион доллар қарзашро бирӯёнад. Ин қарз аз ҳисоби ду ҳавопаймои «Боинг” аст, ки «Тоҷик Эйр” тавассути ин ширкати Литва тариқи лизинг ба даст оварда буд. Моҳи апрели соли 2018 арбитражи Вилнюс ин баҳси тиҷориро ба фоидаи ширкати литвонии Skyroad Leasing ҳал карда, қарор баровард, ки «Тоҷик Эйр” бояд ба ин ширкат дар маҷмӯъ беш аз 20 миллион доллар пардохт кунад. «Тоҷик Эйр” аз ин ҳукм шикоят бурд, вале муваффақ нашуд. 

Тавре Рапсинюз хабар медиҳад,  ширкати литвонии Skyroad Leasing ба додгоҳи федералии ҳавзаи Колумбияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муроҷиат кардааст, то ҳукми қаблии арбитражи Вилнюсро иҷро карда, дар амри иҷрои ин ҳукм ва рӯёндани беш аз 20 миллион доллар қарзаш аз ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — «Тоҷик Эйр» мусоидат кунад.

Бино ба маводи додгоҳӣ, сабаби даъво 149 ҳазор пардохтҳои моҳона барои иҷораи лизингии ду ҳавопаймои Boeing шудааст, ки «Тоҷик Эйр” ин ҳавопаймоҳоро тавассути ширкати литвонии Skyroad Leasing ба даст оварда буд.

Моҳи сентябри соли 2017 Skyroad Leasing «Тоҷик Эйр»-ро ба додгоҳи арбитражи тиҷоратии Вилнюс супурд. Ин арбитраж моҳи апрели соли 2018 қазияро пурра ба фоидаи Skyroad Leasing ҳал кард. 

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон талош кард, ки ин ҳукми арбитражи Вилнюс бекор шавад, вале додгоҳи таҷдиди назар дар моҳи июли соли 2018 даъвои «Тоҷик Эйр”-ро рад карда, ҳукми арбитражро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Тавре РАПСИНЮЗ аз даъвои ширкати литвонӣ ба додгоҳи федералии ҳавзаи Колумбия иқтибос кардааст, ҳукми арбитражи Вилнюс то ҳол иҷро нашудааст ва «Тоҷик Эйр» 20 миллион қарзашро ба Skyroad Leasing то ҳол пардохт накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *