Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Белорус «Tut.By»-ро аз иҷозатнома маҳрум кард

Вазорати иттилооти Белорус хабар дод, ки нашрияи онлайнии «Tut.By» аз 1-уми октябри имсол ба муҳлати се моҳ аз унвони воситаи ахбори ом маҳрум карда шуд.

Фармонро вазири иттилооти Белорус Игор Лутской имзо кардааст. Дар «Tut.By» гуфтанд, ки мисли пеш ҳамчун расонаи онлайнӣ фаъолият хоҳанд кард.

Масъулони сабти номи сомонаи интернетӣ дар Белорус ҳамчун нашрияи онлайнӣ хусусияти ихтиёрӣ дошта, ба расона чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, кормандони он қонунӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, вазъияти фавқулода, чорабиниҳои оммавӣ ва маконҳои дигари таҷаммӯи одамон ҳозир шуда, аз онҷо хабар диҳанд.

Tut.By ҳамчун воситаи ахбори ом дар Белорус танҳо моҳи январи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он аз замони таъсисаш дар соли 2000 то ин дам бидуни ин мақом фаъолият мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *