Рубрики Хабарҳо

Шароити бознишастагӣ дар ОМ: Мубориза барои зинда мондан (инфографика)

Дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, дар умум 65 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 7 миллиону 800 ҳазор нафарашонро бознишастагон ё худ нафақахурон ташкил медиҳанд. Бо ин ҳисоб, бо истиснои Туркманистон, ҳар ҳаштум нафари аҳолии Осиёи Марказӣ нафақахур аст.

Дар ин матлаб мо дар бораи чигунагии вазъи зиндагии нафақахурон дар чор кишвари Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳарф хоҳем зад. Мутаассифона, маълумот дар бораи вазъи нафақа ба аҳоли Туркманистон дастрас нест.

Пас аз пардохти қарзи коммуналӣ дар кисаи як нафақахӯри  тоҷикистонӣ ба ҳисоби миёна панҷ доллар боқӣ мемонад, ки аз арзиши сабади истеъмолии як моҳа даҳ маротиба камтар аст. Бо панҷ доллар дар Тоҷикистон шумо метавонед як кило гӯшти гов ё дар давоми як моҳ, рӯз дар миён як нон харед.

Тавозуни софи нафақа дар Ӯзбекистон пас аз пардохти қарзҳои коммуналӣ (об, барқ, газ, …)  24% камтар аз ҳадди ақали сабади истеъмолии якмоҳа аст. Яъне нафақахӯрони ӯзбек маҷбуранд, ки ба хотири гурусна намондан аз харидани ашёҳои зарурии рузғор ва дигар хидматрасониҳо даст кашанд.

Дар Қирғизистон нафақахурон наздики се баробар зиёдтар аз тоҷикистониён нафақа мегиранд ва он ба ҳисоби миёна 115 доллар мебошад. Баъди супоридани қарзҳои  комуналӣ бо ҳисоби миёна дар ҷайби як нафақахури қирғизистонӣ 81 доллар боқӣ мемонад. Ҳадди ақали сабади истеъмолии моҳона танҳо барои хуроки гурусна намондан 69 доллар аст.  Яъне, 12 доллари дигар нафақахӯри қирғиз барои харидани дорувориҳо метавонад сарфа кунад. Масалан, доруҳои “Кардиагнагил” (150 мг), ки пайдоиши роҳбандии гардиши хунро дар рагҳо пешгирӣ мекунад, дар дорухонаҳои Бишкек тақрибан 5 доллар нарх доранд. Одатан, аз рӯи синну соли нафақа ҳамингуна доруҳо ба пиронсолон якчанд намуд таъин карда мешаванд.

Шароити аз ҳама беҳтар байни ин чор кишвари Осиёи марказӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамёни бознишастаи  қазоқистонӣ баъди супоридани ҳаққи хидматрасониҳои комуналӣ 116 доллар боқӣ мемонад. Бо дар назардошти нарху наво ба ниёзҳои дигари зиндагӣ  76 доллар сарфа мешавад.

Гуфтанист, новобаста ба шароити нигаронкунандаи бознигаштагон, дар баъзе ин кишварҳои Осиёи марказӣ тағйироти мусбат ҷой доранд. Масалан, дар Қирғизистон нафақа ҳар сол индексатсия, яъне бознигарӣ мешаванд ва андозаи онҳо аз  3,6 то 5 доллар меафзояд.

Дар Ӯзбекистон ҳамасола фармонҳо оид ба баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, бурсия барои донишҷӯён ва кӯмакпулиҳо ба имзо мерасанд.

Инчунин дар Қазоқистон   баланд бардоштани нафақа аз соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.  Биржан Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар   дар мусоҳибааш бо оҷонсии иттилоотии «Казинформ» қайд кард, ки пардохтҳои нафақа ҳамасола аз таваррум  2% боло рафта, аз соли 2020 зиёд кардани саҳми нафақа ба ҳамаи гурӯҳҳои нафақахӯрон ба нақша гирифта шудааст.

Мутаассифона, дар бораи баланд бардоштани нафақа дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон ягон хабар ё гузорише нест, ба ҷуз ин ки як сол пеш? дар соли 2018 хабаргузории Тоҷиктелеграф як гузориш дар бораи аз 15 то 30% зиёд кардани маоши кормандони давлатӣ, нафақа ва бурсия нашр карда буд.

Тарҷумма аз

Пенсии в Центральной Азии: Борьба за выживание (инфографика)

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *