Рубрики Хабарҳо

Аксарияти маҷлиси Амрико ба тарҳи бозпурсии Трамп раъйи мувофиқ дод

Аксарияти аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико ду иттиҳоми Доналд Трамп дар парвандаи Украинаро  ворид донистанд. Бо мусаввабаи маҷлиси Намояндагон, тарҳи бозпурсии Трамп барои баррасии ниҳоӣ ба маҷлиси Сенат супурда мешавад. 

Ба рағми вокунишҳои хашмолуд ва номаи шаш сафҳаии пархошҷуёнаи Доналд Трамп, нишасти Маҷлиси намояндагони Амрико барои баҳс ва раъйгирӣ дар бораи тарҳи бозпурсии раисҷумҳур мутобиқи барнома, чаҳоршанбе 18 декабр баргузор шуд. 

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки аксарияти курсиҳои Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри аъзо ва вобастагон ба ҳизби демократ аст, ҳамон тавр, ки пешбинӣ мешуд 230 намоянда дар бораи иттиҳоми аввал, яъне суъиистфода аз қудрат алайҳи Доналд Трамп раъй доданд. 197 намоянда ин иттиҳом алайҳи Трампро ворид надонистанд. 

Дар мавриди иттиҳоми дувум яъне коршиканӣ дар кори Кунгира, 229 нафар раъйи мувофиқ ва 198 нафар раъйи мухолиф доданд. 

Маҷлиси намояндагон аз 435 намояндаи дорои ҳаққи раъй аз 50 Иёлоти Амрико ва шаш намояндаи нозир ва бидуни ҳаққи раъй ташкил мешавад. Ҳар фраксиюн барои дар даст гирифтани аксарият бояд дасти кам 218 курсиро дар ихтиёр дошта бошад, ки демократҳо дар интихоботи соле пеш муваффақ ба ин кор шуданд. 

Нишасти рӯзи чаҳоршанбе барои баррасии ду иттиҳоми матраҳ шуда алайҳи Доналд Трамп мабнӣ бар суъиситфода аз қудрат ва ҷилавгирӣ аз таҳқиқоти Кунгира дар парвандаи Украина баргузор шуд. 

Сухангӯи Трамп, Стефони Гришом натиҷаи раъйгирӣ дар Маҷлиси намояндагонро “нуқтаи атфе дар яке аз шармбортарин эпизодҳои таърих”-и Амрико донист. 

Ба гуфтаи Кохи сафед, Трамп мутмаъин аст дар Сенат баръакси Маҷлиси намояндагон ҷаласае мунсифона баргузор ва ӯ комилан табраа хоҳад шуд. 

Ҷумҳурихоҳон дар маҷлиси Сенат аксариятро доранд ва ин маҷлис низ бояд дар бораи бозпурсӣ раъйгирӣ кунад. 

Трамп муттаҳам шуда, ки Веладимир Зеленский, раисҷумҳури Украинаро барои анҷоми таҳқиқот дар мавриди Ҷо Байден, рақиби эҳтимолии ӯ дар интихоботи риёсатҷумҳури оянда ва писарашро таҳти фишор қарор дода ва ба ин манзур пардохти кумакҳои низомии Вашингтон ба Киевро ба таъвиқ андохтааст. 

Сангандозӣ дар масири таҳқиқот ва тарс додани шоҳидон аз иттиҳомҳои дигар алайҳи Трамп аст. Ў ҳамчунин муттаҳам шуда, ки дар ҷараёни адои тавзеҳоти Мари Юнанович, сафири пешини Иёлоти муттаҳида дар Украина дар ҷаласаи таҳқиқоти бозпурсии Маҷлиси намояндагони 16 ноябр, чанд паёми твиттерӣ мунташир карда, ки ҳадафи он беэътибор кардан ва тарс додани шоҳиди ин парванда арзёбӣ шудааст. 

Адам Шеф, раиси демократи кумитаи иттилоотии Маҷлиси намояндагон, ки раёсати ҷаласаи таҳқиқоти бозпурсӣ бо ҳузури Мари Ювановичро бар ӯҳда дошт бо бозхони паёмҳои твиттерии  Доналд Трамп ӯро ба талош барои тарс додани шоҳидони парванда муттаҳам кард. 

Иттиҳоми кудато ба намояндагони демократ 

Трамп рӯзи сешанбе дар як номаи шашсафҳаӣ хитоб ба Ненси Паласӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои демократи ин маҷлис ба ҷараён андохтани раванди бозпурсии худро ғайриқонунӣ, ҷанг алайҳи демокрасии Амрико ва талош барои кудато хонд. 

У рӯзи чаҳоршанбе низ пеш аз оғози нишасти маҷлис дар як паёми твиттерӣ иддао кард, ки ҳеҷ кори хилофе анҷом надода ва таъкид кард, ки чунин иттифоқе набояд барои ҳеҷ раисҷумҳури дигаре дар Амрико такрор шавад. 

Трамп, ки зоҳиран пахши мустақими телевизионии нишасти Маҷлиси намояндагонро думбол мекард дар хилоли баҳсҳо аз тариқи твиттер ба масоили матраҳшуда аз сӯи намояндагон вокуниш нишон медод. Ў дар яке аз ин паёмҳо бори дигар демократҳоро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард ва навишт кори онҳо юриш ба Амрико ва ҳамла ба ҳизби ҷумҳурихоҳ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *