Рубрики Хабарҳо

Бадахшон дар аввалин рӯз нақшаи даъват ба артишро иҷро кард

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 103 дар сад иҷро кардааст. 

Иҷрои нақшаи саду се дарсадии вилоят дар ҳолест, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят ва шаҳри Хоруғ аз мушкилоти асосӣ буд. 

Бино ба маълумоти ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳоло ноҳияи Дарвоз 100 дар сад, Мурғоб 112 дар сад, Роштқалъа 100 дар сад Рӯшон 100 дар сад, Хоруғ 100 дар сад, Шуғнон 106 дар сад, Ишкошим 110 дар сад ва ноҳияи Ванҷ 100 дар сади нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 103 дар садро дар бар гирифтааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *