Анъанаи боло рафтани қимати маҳсулоти хӯрокровӣ қабл аз моҳи рамазон ва ду иди динӣ — Рамазону Қурбон аз нангинтарин анъанаҳоест, ки ба ҷуз Тоҷикистон дар ҳеқ куҷои дунё вуҷуд надорад. Дар тамоми дунё, ҳатто кишварҳое, ки шумори мусалмонон бисёр кам аст, бо оғози моҳи муборак тахфифҳои зиёде ба мардуми рӯзадор дода мешавад.
Ҳарчанд мақомот чанд соли охир ба қазия таваҷҷӯҳ мекунанд, таърихи анъана тӯлонист ва дар гумон аст, ки дар чанд соли оянда ҳатто бо дахолати давлат аз байн биравад. Ҳоло дахолати давлат нӯгизабонист — баробари боло рафтани қиматҳо мехоҳанд бо ду-се амру фамрон ва ба бозоррафтанҳову фишор болои фурӯшандаҳо мекӯшанд нархи маҳсулотро поён баранд, ё ҳади ақал чунин вонамуд мекунанд. Ин кор ҳамагӣ 4-5 рӯз идома мекунад, ва баъдан ҳам мардум ва ҳам масъулин онро фаромӯш мекунанд .Мардум ба қимати боло одат мекунад ва гӯши масъулин ҳам тинҷ мешавад.
Анъанае, ки аз бозор падид омада
Таърихи ин бадтарин анъана тӯлонӣ аст ва ба авоили даврони истиқлолият меравад. Аз ҳамон замон мардум аз камбуди ғизо ранҷ мебурданд ва танҳо дар моҳи рамазон ба худ иҷоза медоданд маҳсулоти серғизо ва гаронқимат истифода кунанд. Коршиносон ҳам мутмаъинанд, ки сабаби аслии болоравии қимати маводи хӯрокворӣ дар моҳи рамазон бештар шудани талабот аст.
Аюб Эгамов, коршиноси тоҷик мегӯяд “дар моҳи рамазон мардум ба истеъмоли наздик ва меъёр оғоз мекунад. Фурӯшандаҳо ҳам қимати маҳсулотро боло мебаранд, чун медонанд, ки мардум ҳатман мехарад. Дар кишварҳое, ки қашшоқ нестанд, талабот тақрибан иваз намешавад ва мардум гӯшту шириниро танҳо дар идҳо истеъмол намекунанд”.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси дигар ҳам ба ҳамин назар аст: “Аз як тараф мардум ба хотири осонтар шудани рӯзадорӣ ба хариди маҳсулоти серғизо рағбат кунанд, аз тарафи дигар ифторҳои дастаҷамъӣ, ки дар ҳар маҳалла ҳар шаб баргузор мегардад, боиси афзоиши талабот ба маҳсулоти асосии истеъмолӣ, гӯшт ва дигар маҳсулоти серғизову гаронбаҳо аз қабили бодому писта, мағзу мавиз ва инчунин меваву шириниҳо мегардад. Ин аст, ки дар рамазон камбуди шадиди гӯшт эҳсос мешавад, чун фурӯшандаҳо имкони таъмини талаботи чанд баробар афзоишёфтаро надоранд”.
Кӣ нафъ мебарад?
Эътирофи худи савдогарони бозорҳо, ки мегӯянд ҳамин моҳи рамазон ва ду ид аст, ки мо пули дуруст кор мекунем, борҳо расонаӣ шудааст.
Аммо агар қаблан нархро талабот ва бозор муайян мекард, ҳоло ин анъана ба бизнеси бузурги ду гурӯҳ табдил шудааст. Гурӯҳи аввал монополистҳо, ки воридоти аксари маводи хӯроквориро монополия кардаанд ва қимати маҳсулотро онҳо муайян мекунанд.
Коршинос Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён менависад “кишвар аз ҳисоби воридот зиндагӣ мекунад. Муҳоҷирон ҳар сол ҳудуди 2,5 милиард доллар исрол мекунанд ва тақрибан ба ҳамин миқдор аз хориҷ мол мехарем. Шакар, орд, равғани растанӣ, биринҷ, гӯшту сурху сафед ва ҳатто макаронро аз хориҷ меорем. Ҳудуди 25 000 тон, агар ба омор бовар кунем… Намеорем, меоранд. Ҳудуди 15 сол гурӯҳи муайяни одамон ва ширкатҳо аз як оила. Инро ҳама медонанд. Пас “дасти саввуми чаҳорум” инҷо ҳеҷ рабте надоранд. Чун болоқиматии онҳо ҳамон аст, ки буд”.
Шарофиддин Гадоев, ки чанд сол бо наздикони раисҷумҳур ҳамкорӣ кардааст ва манобеъи худро аз ширкатҳои онҳо дорад, мегӯяд воридоти ҳамаи маҳсулоти хӯроквории талаботи аввал аз тарафи домодҳои раисҷумҳур монополия шудаанд. Барои мисол воридоти орду шакарро Зоир Соҳибов, шавҳари Фирӯзаи Эмомалӣ дар даст дорад, равғани растанӣ ва гӯшти мурғро Зарифбек Давлатов, шавҳари Таҳминаи Эмомалӣ.
Ҳаминҳо ҳастанд, ки нархи маҳсулоти талаботи аваалиро муайян мекунанд. Онҳо як моҳ қабл аз рамазон фурӯшро камтар мекунанд ва дар остонаи моҳи муборак қиматро боло мебаранд.
Гурӯҳи дуввум тоҷироне ҳастанд, ки маҳсулоти истесоли дохилӣ, асосан меваву сабзавотро захира мекунанд. Онҳо, ки амборҳои бузург доранд, маҳсулотро замоне, ки камтарин нархро доранд харидорӣ мекунанд ва қабл аз моҳи рамазону ду иди исломӣ ба урӯш мебароранд. Солҳост, ки ин намуди савдо ба бизнеси асосии ин гурӯҳ табдил ёфтааст.
Аммо мавқеъи ин гурӯҳ ҳам торафт тангтар мешавад. Зоир, Зарифбек ва Шамсуллоҳ кайҳо ба ин бизнес чашм ало кардаанд ва дар паи бунёд ва ё харидории анборҳои нигоҳдорӣ ҳастанд.
Чора чист?
“Дахолати маъмурӣ ба нархи маҳсулот роҳи хурӯҷ нест, — мегӯяд Аюб Эгамов, — баръакс ин ба фишори бештар боои нарх оварда мерасонад. Давлат ҳақи дахолат ба қимати маҳсулотро танҳо дар ҳолате дорад, ки дар ҷараёни истеҳсоли он ширкат мекунад. Масалан агар ин ё он соҳаро бо сармоягузорӣ ва субсидияҳо дастгирӣ мекунад. Вале чун дар Тоҷикистон иҷтисоди бозорист, ҳама чизро бояд бо равишҳои бозор муқарра кард.”
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ба ин назар аст, ки чун 5 миллион тон маҳсулотро ба кишвар ҳамон гурӯҳи муайян ворид мекунад, бояд посухгӯи қимати маҳсулот ва умуман иқтисоди кишвар бошад.
“Таърихи чандҳазорсолаи инсоният собит кардааст, ки танҳо рақобат ва бозори озод метавонад нархи маҳсулотро поён оварад — мегӯяд Абдуманнон Шералиев. — Ҳар вақт бозор аз монополияи гурӯҳи муайян озод гардид, на ҳеҷ ҳоҷате ба дахолати давлат ба қимати маҳсулот мемонад ва на ҳар гуна захираҳо барои ду сол”.
Рақобат ҳаст, аммо дар дохили оила
Соли гузашта парлумони Тоҷикистон маҳсулоти ғизоиеро, ки Корхонаи навтаъсиси истеҳсол, захира ва фурӯши маҳсулоти ҳукумати шаҳри Душанбе аз хориҷ ворид хоҳад кард, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод кард.
Муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, ки ин пружаро дар парлумон муаррифӣ мекард, гуфт ин иқдом ба хотири таъмини амнияти маводи ғизоӣ дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Ҷонмаҳмадзода гуфт озодкунии маводи ғизоӣ ба мӯътадил нигоҳ доштани нархҳо ва “бо нархи арзон ба маҳсулоти хушсифат дастрасӣ пайдо кардани сокинони пойтахт” мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол онҳое, ки ба иқдомҳои “башардӯстона”-и ҳукумат аз ҷанбаи дигар нигоҳ мекунанд, гуфта буданд, ки ин иқдом бештар характери тиҷорӣ ва таблиғотӣ дорад. Онҳо танҳо ба Корхонаи истеҳсол, захира ва фурӯши маҳсулоти (КИЗФМ) ҳукумати шаҳри Душанбе дода шудани ин ҳақро шубҳанок номида пешбинӣ карданд, ки он метавонад ду ҳадаф дошта бошад:
- Рустами Эмомалӣ бо истифода аз мансабаш мехоҳад ба тиҷорати маводи ғизоӣ, ки хоҳаронаш инҳисорӣ кардаанд ворид шавад. Озодшавӣ аз пардохти ААИ ба ӯ имкон хоҳад дод, ки зуд ҷои рақибонашро дар бозор танг кунад.
- Дар сурати ҳатто ба ҳаҷми ними ААИ, яъне 10 дарсад арзон шудани маҳсулоте, ки КИЗФМ ворид мекунад, ин корхона на танҳо зуд ба монополисти ягона дар Душанбе табдил мешавад, балки 10 дарсад арзоншавии нархҳо таблиғоти хубе барои Рустами Эмомалӣ мешавад
Инак беш аз як соли фаъолияти ин корхона ва тағйир наёфтани қимати маҳсулот бо вуҷуди озодӣ аз андозу, боқӣ мондани анъанаи болорави нарх дар рамазон нишон дод, ки корхона ба хотири даромади шахсии як узви дигари оила таъсис шудааст.
Ин корхона воқеъан рақобатро дар бозори воридоти маҳсулот овард, аммо танҳо дар дохили оила. Рақобати онҳо чӣ гуна анҷом мешавад, танҳо онҳое медонанд, ки паси мизи ифтори оилавии хонаводаи Раҳмон ҷой доранд.