Раисҷумҳури Туркия аз Иттиҳодияи Аврупо хост дар муноқишаи газӣ миёни Анқара ва Афина аз ҷонибдорӣ аз Юнон худдорӣ кунад. Туркия ва Юнон, ки ҳар ду узви НАТО ҳастанд бар сари иктишофи газ дар шарқи Мидитарона то марзи рӯёрӯии низомӣ пеш рафтаанд.
Бинобар гузоришҳо раисҷумҳури Туркия ва раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи гузашта, якшанбе, шашуми сентябр дар як тамоси телефонӣ дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла танишҳо дар минтақаи шарқи Мидитарона гуфтугӯ карданд.
Раҷаб Тайииб Урдуғон дар ин гуфтугӯ аз Шарл Мишел хост Иттиҳодияи Аврупо дар муноқиша миёни Туркия ва Юнон “масъулона ва бетарафона” амал кунад.
Хабаргузории Анотули ба нақл аз маркази иртибототи ниҳоди риёсатҷумҳурӣ дар Анқара гузориш дод Урдуғон мавзеъи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи масоили шарқи Мидитаронаро “озмуни садоқат аз назари ҳуқуқи байналмилал ва сулҳи минтақаӣ” хондааст.
Анотулӣ мегӯяд Урдуғон ба Шарл Мишел гуфтааст: “Иттиҳодияи Аврупо бояд ба масъулиятҳояш дар бораи ҷилавгирӣ аз иқдомоти танишзоии Юнон ва бархе аз кишварҳои ин Иттиҳодия дар Мидитаронаи шарқӣ ва дарёи Ижа дар чорчуби ҳаққоният амал кунад.”
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба ин изҳороти Урдуғон аз ӯ хоста дар масири танишзудоӣ талош кунад ва ҳар иқдоме, ки таниш бо Юнонро афзоиш медиҳад, мутаваққиф кунад.
Пас аз иктишофи як майдони газӣ дар шарқи Мидитарона ихтилоф бар сари ҳақи баҳрабардорӣ аз ин манобеъи байни Туркия, Юнон ва Ќибрис боло гирифтааст.
Киштии иктишофии “Фатҳ”-и Туркия чанде пеш аз ёфтани як майдони газии азим дар минтақа хабар дод, ки зарфияти захоири он 230 миллиард метри мукъаб баровард шудааст.
Гуфта мешавад киштии фатҳ дар Мидитарона як майдони газӣ бо зарфияти 230 миллиард метри мукъаб кашф кардааст
Нерӯи дарёии артиши Туркия аз рӯзи якшанбе размоишеро дар обҳои шимоли Қибрис оғоз кард. Ҷазираи Қибрис аз замони ҳамлаи низомии Туркия дар соли 1974 ба ду бахш шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим шудааст. “Ҷумҳури Ќибриси шимолӣ”, ки бо кумаки Туркия шакл гирифта фақат аз сӯи Анқара ба расмият шинохта мешавад.
Туркия пас аз ишғоли шимоли Қибрис нерӯҳои низомии худро дар ин минтақа мустақар карда аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷмӯаи ҷазираи Қибрисро ба унвони кишвари якпорча ва мустақил ба расмият мешиносад. Қибрис аз соли 2014 узви иттиҳодияи Аврупост.
Пуштибонии иттиҳодияи Аврупо аз Юнон ва Қибрис
Дар ҷараёни муноқишаҳои газӣ дар шарқи Мидитарона ва дарёи Ижа кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҷониби Юнон ва Қибрисро гирифтаанд ва иддаои Туркия мабнӣ бар қарор гирифтани майдони газӣ кашф шуда дар ҳарими дарёии ҷазоири ин кишварро ба расмият намешиносанд.
Ихтилоф миёни Анқара ва Афина бар сари иктишофи газ дар шарқи Мидитарона аз соли гузашта оғоз шуд ва дар ҳафтаҳои гузашта шиддат гирифтааст. Дар ин миён Юнон низ нерӯи дарёии худ дар минтақаро ба ҳолати омода бош даровардааст.
Ҳайко Маас, вазири хориҷаи Олмон барои миёнҷигарӣ миёни Туркия ва Юнон ба Афина ва Анқара сафар кард. Ў пеш аз ин сафар гуфта буд акнун ниёз аст, ки ду тараф ба суръат ва қотеъона омодагии худ барои танишзудоӣ ва гуфтугӯ барои рафъи муноқишаро нишон диҳанд.
Туркия ва Юнон ҳар ду узви паймони дифоъи Атлонтики шимолӣ (НАТО) ҳастанд. Таниши низомӣ миёни аъзои НАТО ҳамвора бо ҳассосияти зиёде думбол мешавад ва метавонад кишварҳои ҳампаймонро дар вазъияти буғранҷӣ қарор диҳад.
Ҳушдори Олмон ба Туркия ва Юнон
Ба гузориши хабаргузории Олмон, Ҳайко Маас вазъияти буҳронии шарқи Мидитаронаро ба “бозӣ бо оташ” ташбеҳ кард ва ҳушдор дод, ки кӯчактарин ҷариқа ҳам метавонад ба як фоҷиа мунҷар шавад.
Вазири хориҷаи Олмон дар дидор аз Афина ду тарафро ба хештандорӣ даъват карда ва гуфта буд Туркия ва Юнон бояд дар бораи масоили мавриди муноқиша ба роҳи ҳали мусоламатомез ва илзомовар даст ёбанд. Ў афзуд Афина ва Анқара бояд аз тариқи гуфтугӯҳои “ҷиддӣ ва маътуф ба ҳали буҳрон” ба ин роҳи ҳал бирасанд.
Туркия барои таъмини энергии худ ба шиддат вобаста ба воридот аст. Урдуғон моҳи гузашта гуфта буд бо кашфи майдони газӣ дар Мидитарона ва оғози баҳрабардорӣ аз он Туркия то се соли дигар метавонад ба содиркунандаи газ табдил шавад.