Categories Хабарҳо

Атамбоев: пойгоҳи ҳарбии Русия дар Қирғизистон баста хоҳад шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атамбоев зимни нишасти матбуотии бахшида ба ҷамъбасти сол гуфт, пойгоҳи ҳарбии Русия дар ин кишвар баъди анҷоми мӯҳлати шартнома баста хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress иттило додааст.
Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст қарори бастани пойгоҳи ҳарбии амрикоии “Ганси”, ки дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Бишкек ҷойгир буд, дуруст будааст. “Минбаъд Қирғизистон бояд ба қувваи худаш умед бандад ва такя кунад. Ин ба пойгоҳи ҳарбии Русия ҳам таъаллуқ дорад” — қайд кардааст Атамбоев.
Ӯ гуфтааст, тибқи шартномаи соли 2009, мӯҳлати аввалияи истиқрори пойгоҳ бояд соли 2016 ба анҷом мерасид ва барои 49 соли дигар боқӣ мемонду ҳар 25 сол дароз карда мешуд. “Мо танҳо барои 15 сол гузоштем. Ин барои аъсоби ман мушкилофар буд, ин ба бисёре аз вазирони рус писанд набуд, вале ман бо В. Путин ба созиш расидам”.
Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои 49 сол мустақар шудааст ва тибқи иттилоҳои расида, қарор аст боз 1000 сарбози русӣ ва тайёраву чархболҳои ҷангии он соли оянда вориди Тоҷикистон шаванд. Айни ҳол тибқи маълумотҳои мухталиф аз 7 то 10 ҳазор сарбозону афсарони рус дар хоки Тоҷикистон қарор доранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *