Рубрики Хабарҳо

Трамп ба бемористон интиқол ёфт

Гуфта мешавад, Доналд Трамп, ки субҳи дирӯз ташхисаш аз корнуо мусбат эълон гардид, ба бемористони низомии Бетзда, дар шимоли Вашингтон интиқол ёфтааст.

Гирифтории Трамп ба коруно, ки Кохи сафед субҳи ҷумъаи 2 октябр расман дар бораи бемории ӯ ва ҳамсараш Мелания эълом дошт, ҳама нақшаҳои пеш аз интихоботии ӯро лағв кард.

Доналд Трамп замоне гирифтори коруно шуд, ки ҳамагӣ як моҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА боқӣ мондааст.

Вай шоми ҷумъа баъд аз он ки Кохи сафед ҳоли ӯро хуб эълон кард, ба бемористони низомии Волтер Рид дар канори пойтахт интиқол дода шуд ва раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Майк Маддо изҳор дошт, ки Трамп ва ҳамсараш нишонаҳои сабуки коруноро доранд, аммо барои эҳтиёт ба бемористон интиқол дода шуданд. 

Твиттери Трамп шоми ҷумъа видеои кӯтоҳи ӯро нашр кард, ки зоҳиран чанд дақиқа пеш аз савор шудан ба чархбол барои интиқол ба беморхона гирифта шудааст.

Дар навори видео раисҷумҳури ИМА аз дастгирӣ ва паёмҳои пурмеҳри дар тӯли чанд соати охир ба ӯ фиристода ташаккур карда ва мегӯяд, ки ӯ хуб аст, аммо ба беморхона меравад, то боварӣ ҳосил кунад, ки Мелания Трамп, хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида, “хеле хуб” аст.

Нигаронӣ дар бораи вазъи саломатии Трамп ва бемории корнуноии ӯ замоне сар шуд, ки рӯзи чоршанбе эълон шуд ташхиси мушовири аршадаш Ҳоуп Ҳикс мусбат баромадааст.

Хонум Ҳикс, ки се рӯзи охир бо Трамп таблиғ мекард, соатҳои зиёдеро бо раисҷумҳур ва бонуи аввал Мелания Трамп гузаронидааст.

Дафтари раёсатҷумҳурӣ дар як изҳорот бори дигар таъкид кард, ки вазъи умумии Трамп хуб аст ва гуфт, ки “барои эҳтиёт, раисҷумҳур дар чанд рӯзи оянда аз дафтари кории худ дар беморхонаи Волтер Рид ба умури кишвар мепардозад.”

Беморхонаи низомии Волтер Рид, ки дар шаҳри Бетездаи Мэриленд, дар масофаи чанд мил аз Кохи сафед ҷойгир аст, яке аз муосиртарин беморхонаҳои низомии ИМА ба шумор меравад ва раисҷумҳурҳо аксар вақт барои табобат ва муоина ба он ҷо меоянд.

Доктор Шон Конли, пизишки вижаи раисиҷумҳур, дар баёнияе, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 2 октябр пахш шуд, гуфт: «Ба  ҷаноби Трамп бо эҳтиёт доруи 8-граммӣ аз омехтаи антителои барқароркунии поликлонал барои паст кардани сатҳи вирус ва суръат бахшидани табобат таъин шудааст. Ин дору дар раванди барқарорсозӣ кӯмак мекунад.»

Доктор Конли инчунин гуфт, ки ба раисҷумҳури ИМА витаминҳои D, руҳ, фамотидин, аспирин ва мелотонин таъин кардааст.

«Ӯ имрӯз табъи хуб дошт, гарчанде ки худро каме хаста ва куфта эҳсос мекунад.»

Духтури раисҷусҳур инчунин дар бораи вазъи Мелания Трамп, ҳамсари президент гуфт, «вай каме сулфа ва дарди сар дорад, аммо вазъи умумии ӯ хуб аст.»

Доналд Трамп 74 сол дорад ва инчунин ба иллати вазни зиёдатӣ ба ӯ бемории ишемияи дил таҳдид мекунад.

Рақиби ӯ Ҷо Байден 77 сол дорад. Бо вуҷуди ин, дафтари  Байден баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа эълон кард, ки Ҷо Байден ва ҳамсараш ҳарду аз ташхиси коруно мегузаранд.

Байден, ки рӯзи сешанбеи гузашта дар тӯли 90 дақиқа бо Доналд Трамп баҳс кард, дар бораи бемории ӯ изҳорот дод.

Ӯ орзӯи шифо ёфтани рақибашро кард ва гуфт, ки барои саломатии ӯ дуо мегӯяд.

“Ман умедворам, ки ин ҳодиса (гирифтории Трамп) барои ҳама панде ҷиддӣ аст, ки ҳам ниқоб пӯшанд ва ҳам масофаи ҷисмониро нигоҳ доранд ва дастҳои худро мунтазам бишӯянд” — гуфт Байден.

Дар ҳоле, ки ҳама маъракаҳои Трамп лағв шудаанд, дафтари Ҷо Байден эълом дошт, ки ӯ ба Мичиган сафар хоҳад кард, тавре ки дар якчанд тазоҳурот ҳозир хоҳад шуд.

Аммо, расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, ки дафтари Ҷо Байден амр додааст, ки паҳн кардани таблиғоти манфӣ дар бораи Трамп дар ҳоли ҳозир қатъ карда шавад.

Паҳнкунии таблиғоти манфӣ, ки одатан дар моҳи охирини маъракаи интихобот ба анҷом мерасад, яке аз муҳимтарин абзори харобиовари номзадҳо алайҳи якдигар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом дошт, ки ҳисобҳои корбаронеро, ки ба Трамп ҳоли бадтар ва ҳатто марг таманно мекунанд, масдуд хоҳад кард.

Чӣ мешавад, агар Трамп ба ICU интиқол дода шавад?

Аз субҳи рӯзи ҷумъа, вақте ки хабари озмоиши корнуоии раисҷумҳури ИМА нашр шуд, бисёриҳо дар ин кишвар ба ҷустуҷӯи тағйироти 25-уми конститутсионӣ дар Google шурӯъ карданд. Тағйирот ба иерархияи қудрат дар ҳолате дахл мекунад, ки президент бинобар бемории вазнин наметавонад роҳбарӣ кунад.

Тибқи моддаҳои 3 ва 4-и ин тағйирот, ноиби президент аввалин шахсе мебошад, ки раёсати ҷумҳурро ба уҳда мегирад.

Масалан, агар ҷаноби Трамп дар рӯзҳои наздик ба иллати гипоксия ё мушкилоти нафаскашӣ ба ICU интиқол дода шавад ва ё табибон тасмим гиранд, ки ӯро ба системаи нафас пайваст кунанд, Кохи Сафед вазъро расман ба Конгресс эълом хоҳад кард, ки раёсати кишварро Майк Пенс ба зимма мегирад.

Аммо агар Майк Пенс бинобар бемории вазнин номзадии худро пешбарӣ карда натавонад, раиси палатаи намояндагон дар зинаи сеюм қарор мегирад. Ин Нэнси Пелоси, қудратмандтарин узви ҳизби демократ дар ҳукумат аст. Албатта, бархе аз коршиносони қонуни асосӣ мегӯянд, ки ихтилофи назар дар мавриди он ки оё хонум Пелосӣ акнун ваколати қонунӣ дорад, ки идораро ба дасти худаш бигирад вуҷуд дорад. Агар ин ихтилоф сурат гирад, ҳизби ҳоким ва демократҳо метавонанд ин масъаларо ба Додгоҳи Олӣ расонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *