Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин поёни фурӯпошии императории Русия аст

Ҷанги Русия ва Украина натиҷаи комилан табиии фурӯпошии императории Русия буд, ки соли 1917, ё каме пештар шурӯъ шуд. Ва ин ҷанг бо фурӯпошии Русия ё бо коҳиши қаламрави он то ҳаде, ки ба як кишвари унитарӣ табдил шавад, поён хоҳад ёфт. Ҳоло Русия давлати унитарӣ нест, ҳатто дар сатҳи ИМА нест: ҳамин Чеченистон аз назари шеваи зиндагӣ, зеҳният ва умуман дар ҳама чиз бо бақияи Русия тафовут дорад — бештар аз иёлатҳои Амрико аз якдигар. 

Ва демокросии воқеӣ дар Русия, ба назари ман, танҳо замоне мумкин хоҳад шуд, ки императорӣ аз байн биравад. Зеро императориҳо дар робита бо сарзаминҳои тобеъ (мустаъмарот) наметавонанд аз демокросӣ кор гиранд. Императориҳо бо худии худ сохторе аз ҷамъи кишварҳои зиёдеанд, ки бо ҳам муштаракоти камтаре доранд. Барои он ки кулли ин сохтор дар канори ҳам бимонад, саркӯби пайвастаи ҷунбишҳои озодибахши миллӣ ва террори ҳамешагӣ лозим аст, ки бо ҳуқуқ, озодиҳо ва демокрасии воқеӣ дар тазод аст. Ҳуқуқ, озодиҳо ва демокрасӣ танҳо замоне имконпазир аст, ки императорӣ фурӯ пошад ё ба шиддат тазъиф шавад (охирин намунаи он дар даҳаи 90 буд). 

Убури кӯчаке дар таърих ва назарияи давлат ва қонун 

Агар истилоҳоти мубҳамро канор бигзорем, як императорӣ бо тасхири бархе аз мардум (ва илҳоқи иҷбории сарзаминҳои онҳо) тавассути мардумони дигар ташкил мешавад. Ҳар чӣ қаламравҳо ва мардумони тасхиршуда бештар бошанд, манобеъи бештаре барои нигоҳ доштани онҳо зери султа лозим аст. Тасхир ҳанӯз ба маънои ҳифз нест. Ғолибан фотеҳ манобеъи кофӣ барои нигаҳдории қаламрави ғасбкардааш надорад. Бинобар ин, барои ба даст овардани манобеъ ва нигаҳдории қаламравҳои забткардааш бояд манотиқи ҷадидеро тасарруф кунад. Ў барои ҳифзи императорӣ дар ҳамон шакле, ки ҳаст, ба манобеъи зиёде ниёз дорад. 

Ин як ҷараёни муштарак барои ҳама императориҳо дар ин ё он шакл аст. Русия низ аз ин қоида истисно нест. Замоне давраи фатҳҳои бузург ба поён мерасад зеро императорӣ беш аз ҳад бузург мешавад, то ҷое, ки наметавон онро дар чунин маҳдудае нигоҳ дошт. Вуҷуди императории бузурге мисли Русия барои як давраи таърихии нисбатан тӯлонӣ ба парокандагии ҷамъияташ дар қаламрави васеъ бастагӣ дорад. Яъне ҳаҷм хеле бузург аст, аммо дар асл барои ҳифзи он кофист, ки чанд шаҳри бузург контрол шавад.  

Илова бар ин, бахши қобили таваҷҷуҳе аз қаламрави Русия он қадар минтақаи барои зиндагӣ нолоиқ аст, (масалан Шимоли Дур), ки ба касе лозим нест ва касе махсус барои таҷовузи он камар намебандад. Бар илова, бахши бузурге аз марзҳо ба таври табиӣ тавассути баҳру уқёнус муҳофизат мешавад. 

Зиндагӣ дар императорӣ 

Зиндагӣ дар императориро ҷавҳар ва сохтори он таъйин мекунад. Дар умум  ҳамеша тасаллути марказ ба мустаъмарот аст, ки пайваста шарбати онҳоро меҷаффад. Нигоҳи марказ ба мустаъмарот дар аксар ҳолат ба устонҳои худаш сироят мекунад ва муносибат бо онҳо низ истеъморӣ мешавад. 

Дар императории Рум худи Рум ҳамеша бештарин шукуфоиро соҳиб буд, аммо зиндагии бақия ба омад кардани бахташону фармондоронашон бастагӣ дошт. Дар императории Бизанс — Қустантания, дар Бритониё — Ландан. Марказҳои устонҳо ё мустаъмарот рушди чандоне надоштанд. Дар императории Утриш-Венгрия, Вена ҳамеша муқаддам буд, аммо ҷунбиши озодибахши миллии Венгрия пайваста саркӯб мегашт. Ҳаққи давлатдорӣ барои онҳо муддати тӯлонӣ эътироф намешуд ва раҳбарони ин ҷунбиш ба шиддат таҳти таъқиб қарор мегирифтанд. 

Бояд гуфт онҳое, ки дар императорӣ шӯриш карда ва дар натиҷа ба мавҷудияти он таҳдид кардаанд, ҳамеша золимона мавриди саркӯбӣ озору азият қарор мегирифтанд. Дар Рум ба салиб мекашиданд, дар императории Бритониё мепарронданд. Дар Утриш-Венгрия полиси махфӣ на танҳо инқилобчиёни венгерро террор мекард, балки хонаводаҳои онҳоро низ таъқиб менамуд. Аз ин дидгоҳ он чи дар Украина мегузарад, як амри табиӣ аст. Аз дидгоҳи императорӣ, Украина дар соли 2014 шурӯъ ба касби ҳокимияти воқеӣ кард. Ва ҷанг барои истиқлоли воқеии он оғоз шуд. Албатта ҳеҷ императорӣ наметавонад ин иҷозаро бидиҳад, зеро хурӯҷи як мустаъмар таҳдиди фурӯпошӣ ва нобудии кулли императорист. 

Тафовути ҷанги Русияву Украина бо ҷангҳои дигар 

Уникалӣ будани ҷанги Русияву Украина дар ин аст, ки то ин замон ҳеҷ императорие ба таври расмӣ дар сатҳи байналмилал ақлаш ба ин нарасидааст, ки ба мустаъмараи худ истиқлол бидиҳад, онро дар теъдоде аз созишномаҳо ба расмият бишносад ва пас аз он хашмгин шавад, ки ин кишвар ва ҳақиқат шурӯъ ба мустақил будан кард. Масалан вассалҳои тарафдори Русияро аз ҳукумат дур кард, тасмимҳое гирифт, ки ба императорӣ писанд нест ва шурӯъ ба дуршавӣ аз он намуд.  

Дар дунёи императориҳои мантиқитар, мустаъмарот аввал барои истиқлоли худ меҷангиданд ва сипас ба расмият шинохта мешуданд. Аммо вақте билохира мустақил мешуданд, императорӣ дер ё зуд онро қабул ва шурӯъ ба барқарории равобит бо онҳо мисли кишварҳои мустақил мекард. Аммо Русия тасмим гирифтааст дар инҷо ҳам «масири вижа»-еро тай кунад. Русия дарк накардааст, ки ҳамаи ин созишномаҳои байналмиллалӣ дар бораи ба расмият шинохтан танҳо тавофуқот дар сатҳи «амакиҳои ҷиддӣ тасмим гирифтаанд, онҳо метавонанд дубора тасмимашонро иваз кунанд, аммо мо воқеан ҳама чизро медонем» нест, балки чунин созишномаҳои воқеӣ бо чунин паёмадҳои воқеъӣ аст. 

Дар ин росто, дидгоҳ дар мавриди вазъияти воқеии Русияву онҳое, ки аз он ҳимоят мекунанд ва ҷаҳони мутамаддин комилан мутафовит аст. Русия ба дарки ин созишномаҳо намеравад. Барои русҳо муҳимтар созишномаҳоест, ки “по поняткам” бар сари он тавофуқ шудааст, қарордодҳо коғазе беш нестанд ва қонун як афсона аст. Ҳама императориҳо, то замоне, ки императориҳои воқеӣ ҳастанду аз байн нарфтаанд, ё ба чизи дигаре табдил нашудаанд (мисли Бритониёи кабир), бар асоси ҳамеша ҳақ будани қудрат сохта шудаанд. Созишномаҳо замоне барои онҳо аҳамият дорад, ки ҳақи қудратро қабул кунанд. Аммо худи созишномаҳо назди императориҳо қудрате надоранд. 

Дунёи мутамаддин воқеиятҳои дигаре дорад. Дар онҷо аз ин марҳалаи бемориҳои императорӣ кайҳо убур кардаанд. Илова бар ин, ҷаҳони мутамаддин эҳсос мекунад, ки Русия фиребаш додааст, зеро ҳамеша мегуфт, ки вай ҳам бар он бемориҳо ғалаба кардааст. Демокрасибозӣ мекард худашро худӣ нишон медод, то созишномаҳо бибандаду муносиботашро беҳтар намояд. Дар асл ҳеҷ демокрасие вуҷуд надошт. 

Чаро мардум наметавонанд дар як императорӣ хуб зиндагӣ кунанд? 

Императориҳо дар бештари мавридҳо аз кишварҳои мухталифе ташкил шудаанд. Ва онҳо метавонанд ё ҷазб шаванду ба мардуми воҳиде табдил гарданд, ё дер ё зуд, ба далели тафовут дар шеваи зиндагӣ, аз ҳам бипошанд. Барои ҷазб шудан аз як тараф замон ва аз таарфи дигар фурсатҳо барои саркӯби муқовамат лозим аст. Одатан ин идғом ё ҷазбшавӣ дар императорӣ тибқи як сенориё пеш меравад: мардуми фотеҳ қавонини худ, забони худ, фарҳанги худро таҳмил мекунанд ва ҳамаи инҳоро дар мардумони тасхиршуда нобуд мекунанд. Далелаш ҳам бисёр содда аст: вуҷуди забони худашон ва тафовутҳои дигар ба ҷунбишҳои озодибахши миллӣ нерӯ мебахшад. 

Илова бар ин, мардуми фотеҳ мехоҳанд аз имтиёзот бархӯрдор шаванд. Фотеҳ намехоҳад забонҳои зиёд ёд бигирад, бигузор забони ӯро ёд бигиранд! Ӯ намехоҳад дар одоб ва русуми дигарон фурӯ равад, аз қавонини дигарон пайравӣ кунад. Бозӣ бояд бар асос қавонини ӯ ва дар майдони ӯ бошад. 

Дар ҳамин ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, ки фарҳанги қудрат ва фарҳанги хушунат дар императорӣ рушд мекунад, чунин ташаккулҳо тақрибан ҳамеша мардсолорона ҳастанд, бо бидъатҳои зиёд, бо мавқеъи вижаи мақомоти қудратӣ, артиш, мансабдорон ва афроди наздик ба ҳоким, новобаста аз он, ки ӯ чӣ номида мешавад — император ё раисҷумҳур. Ва дар ҳамин ҳол касоне, ки дар қудрат ҳастанд ҳамеша ба мардум бо нафрат нигоҳ хоҳанд кард. Зеро ҳеҷ эҳтироми мутақобиле байни мардум ва раҳбарияти кишвар дар императорӣ вуҷуд надорад. Раҳбарияти кишвар мардумро саркӯб мекунад, ҳамеша аз қиём, инқилоб ва ғайра тарс дорад. Ҳарчӣ бештар метарсад ҳамон қадар бештар саркӯб мекунад. 

Мардум ё аз мақомот мутанаффиранд ё сархамона таҳаммул мекунанд ва ё ҳардуро бо ҳам ҷамъ мекунанд. Ҳамчунин бархе ба тақдирашон розӣ мешаванд императориро шарре медонанд, ки роҳи наҷот аз он вуҷуд надорад. Мисли як офати табиӣ. 

Ишқи хоси мардум ба «подшоҳ» бо давраҳои шукуфоӣ (ки дар императорӣ ағлаб ба далели ғорати манобеъи мустаъмарот рух медиҳад) ё бо давраҳои ҷанг ҳамроҳ аст. Фақат ҷангҳо бояд муваффақ ва пирӯз бошанд. Дар сурати ҷангҳои пирӯзмандона, мардум ба эътиёди императорӣ ҳамроҳ мешаванд ва эҳсос мекунанд бахше аз як «императории қудратманду шикастнопазиру бузург» ҳастанд ва аз ончи мегузарад маст мешаванд. Дуруст аст, ин мастӣ маъмулан то шурӯъи мушкилоти ҷиддӣ идома мекунад. 

Мушкили аслӣ ин аст, ки давлат наметавонад ба мардуми императорӣ иҷоза диҳад, то хуб зиндагӣ кунанд. Императорӣ бе ин ҳам сохтори бисёр печидае аст, ки асосан аз кишварҳои мухталиф ва мардумоне бо мазоҳиб, миллатҳо, забонҳо, зеҳниятҳо ва гоҳе ҳатто сохторҳои иқтисодии мухталиф ташкил шудааст. Рушд корро печидатар мекунад, ба зуҳури бахшҳои бештаре аз мардум мерасонад (на нухбагону мардуми қашшоқу ваҳшатзада, балки табақаи миёна, равшанфикр, донишмандон, санъатгарон ва дигарон). 

Ин печидагӣ, мудирияти императориро душвор мекунад ва равандро бисёр мураккаб ва нокоромад месозад. Контроли маҳаллиро заиф мекунад. Гирифтани тасмимоте, ки ба таври муассир дар ҳама ҷо иҷро шаванд, душвор мешавад. Харобкорӣ мумкин аст афзоиш ёбад. Ҳар қадар бахшҳои воқеан қудратманди ҷамъият бештар бошад, ҳамон қадар манофеъи бештаре бояд дар назар гирифта шавад, ки дар натиҷа танзим кардан низ душвортар мешавад.

(Идома дорад)

Макс Карр

Тарчумаи Паём

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *